Дар ин барнома дар бораи як масъалаи бисёр ҷиддӣ ва он ҳам хешутаборбозӣ дар Тоҷикистон суҳбат мекунем.
Мақомоти Оҷонси мубориза бо коррупсия гуфтанд, ки дар ним соли гузашта 41 мавридеро ошкор кардаанд, ки мақомот ба ҷойи як нафари шоиста, писари амма, хола ва ё амаки худро ба кор гирифтаанд.
Гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора дар вебсайти Радиои Озодӣ ва Инстаграму Фейсбук баҳси зиёдеро барангехт. Аксарият гуфтаанд, ки ин зуҳуроти манфӣ дар бисёр ҷо дида мешавад.
Корбаре бо номи "Мансур сад 679" навиштааст, "бовариам намеояд, ки дар Тоҷикистон хешутаборбозӣ нест. Дар бонку вазорату дастгоҳ, хешони ман, ҳатто семичкафурӯшу фаррош ҳам хешутаборбозӣ мекунанд".
Корбаре бо номи "Ҷамол Хоҷамиров" гуфтааст, ки дар ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ба донишу ҳунар аҳамият намедиҳанд. Ӯ дар саҳифаи мо дар Инстаграмм навиштааст: "Дар ҳама вазорату, мақомот ва кумитаҳо ҳаст. Ман хатмкардаи 3 донишгоҳ мебошам, вале дар ягон ниҳоди давлатӣ ҷойи кор намедиҳанд".
Даҳҳо нафари дигар низ айни шарҳҳоро дар саҳифаи мо дар Инстаграмм гузоштаанд ва яке аз онҳо корбаре бо номи "Лайон оф Аллаҳ" аст, ки чунин мегӯяд: "Дар Тоҷикистон барои хондан тағо даркор. Ин қадар мардум мехонад, аз байнашон фақат тағодорон кор меёбанд. Бечораҳои бетағо ба муҳоҷирати корӣ мераванд".
Корбаре бо номи "Каротегин сифр ҳашт" шухӣ кардааст, ки ҳоло дар Тоҷикистон пеш аз онки бо шумо салом кунанд, мегӯянд, ки ман ҷияни фалонӣ ҳастам.
Як нафари дигар, ки дар саҳифаи Радиои Озодӣ дар Инстаграмм ба баҳси тулонӣ дар бораи қавмгароӣ дар ниҳодҳои давлатӣ дар Тоҷикистон ҳамроҳ шудааст, гуфтааст, ки ин зуҳурот дар тамоми сатҳҳои ҳукумат аён аст.
Аммо корбари дигаре гуфтааст, агар инсон донишу саводи хуб дошта бошад, дар ҳама ҷо роҳ меёбад ва қавмгароӣ ва ё хешутаборбозӣ ҳам наметавонад, пеши роҳашро бигирад. Ин корбар, ки худро "Саноҷон7" муаррифӣ кардааст, чунин мегуяд:
"Хандаовар аст, ки мегӯянд, хешу таборбозӣ дар хуни мардум аст. Намегӯянд, ки ақл ҳаст. Калларо аққалан 45 дар сад ба кор баред, дар ҳамаҷо метавонед. Аз ҳама зӯр донишу ақл аст, ки метавонӣ донишгоҳ дохил шавӣ ё кор ёбӣ".
Воқеан чунин ҳаст? Донишро муҳим мешуморанд ва ё боз ҳам писари холаву амаку ҷиянро? Шумо ҳам бинависед, дар видео сабт кунед ва ба мо бифиристед. Бо Телеграм, Вотсапп ва ё Вайберу Имо. Дар вебсайт низ ин корро карда метавонед.