Бар асари таркиши сахт дар Бейрут, пойтахти Лубнон, даҳҳо нафар кушта ва ҳазорон тани дигар захмӣ шудаанд. Ин таркиш баъд аз зуҳри рӯзи сешанбе руй додааст.
Ҳасан Ҳамад, вазири тандурустии Лубнон ва мақомҳои дигари ин кишвар гуфтаанд, ҳадди ақал 78 нафар дар пайи ин таркиш кушта шуда, наздик ба чаҳор ҳазор нафар захм бардоштаанд. Ҳасан Ҳамад афзудааст, омори талафот афзоиш хоҳад ёфт ва ин омори ибтидоӣ аст.
Ба гузориши хабаргузориҳо, садои таркиш ба андозае шадид будааст, ки дар ҳама гӯшаҳои шаҳр ва минтақаҳои атрофи он шунида шудааст. Шабакаҳои хабарӣ мегӯянд, шумори зиёде аз хонаҳо дар наздикии маҳали таркиш комилан вайрон шудаанд.
Генерал Аббос Иброҳим, мудири кулли Идораи амнияти умумии Лубнон дар бораи ин таркиш ба шабакаи телевизионии Ал-Ҷазира гуфтааст, "Ончи дар Бейрут рух дод, инфиҷори маводи таркандаи оташбозӣ ё тарфгарӣ (хлопушка) набуд, балки таркиш дар маҳали нигаҳдории маводи қобили таркиш буд, ки тайи солҳои ахир дар инҷо нигоҳ дошта мешуд".
Дар ҳамин ҳол, расонаҳо ва мақомҳои лубнонӣ мегӯянд, бори ду ҳазору 750 тоннаии нитрати аммоний, ки тайи шаш соли гузашта дар бандари Бейрут боз дошта шуда буд, боиси таркиши бузург дар пойтахти Лубнон шудааст. Генерал Аббос Иброҳим таъкид кард, ки бидуни анҷоми таҳқиқот наметавон иддао кард, ки таркиш як иқдоми террористӣ будааст.
Ин дар ҳоле буд, ки расонаҳои маҳаллӣ ба нақл аз Ҳамад Ҳасан, вазири тандурустии Лубнон навишта буданд, ки як киштии ҳомили миқдори зиёди маводи тарканда (оташбозӣ) дар бандари Бейрут таркидааст. Вазири тандурустии Лубнон ба хабаргузориҳо гуфтааст, талафот ва хисороти молии бисёре ворид шудааст.
Хабарҳое нашр шуд, ки гӯё таркиш дар анбори аслиҳаи "Ҳизбуллоҳ"-и Лубнон сурат гирифтааст. Вале ин фарзия дертар рад шуд. Як манбаъ дар хадамоти махсуси Исроил, ки "Ҳизбуллоҳ"-ро террористӣ эълом кардааст, гуфт, ҳеҷ зарбаеро ба Бейрут анҷом надодаанд. Вазири умури хориҷии Исроил Габӣ Ашкеназӣ низ айни суханҳоро ба телевизиони N12 гуфт.
Расонаҳо ба нақл аз шоҳидони айнӣ аз вуҷуди даҳҳо ҷасад дар наздикии маҳали таркиш хабар додаанд. Телевизиони "Ал-Маёдин" низ гузориш додааст, ки садҳо нафар дар ин таркиш захмӣ шудаанд. Ҳукумати Лубнон рӯзи чаҳоршанберо мотами умумӣ эълон кардааст.
Мақомоти амниятии Лубнон ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, ки ба таҳқиқи ҳодиса оғоз кардаанд. Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, Назор Наҷориён, дабири кулли "Ҳизб Ал-Катоиб Ал-Лубнония" дар ин таркиш ҷон бохтааст.
Ин таркиш дар ҳоле рух дод, ки додгоҳи террори Рафиқ Ҳарирӣ, нахуствазири пешини Лубнон қарор аст ҳукми худро рӯзи ҷумъа эълон кунад.
Понздаҳ сол пас аз террори Рафиқ Ҳарирӣ, ки боиси як бӯҳрони минтақавӣ шуд, додгоҳи мавриди ҳимояти СММ рӯзи ҷумъа ҳукми худ дар мавриди чаҳор узви гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ"-ро, ки ба иштирок дар ин террор муттаҳам ҳастанд, эълом хоҳад кард.
Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", муттаҳамон дар ин додгоҳ ба иттиҳоми тарҳрезӣ ва иҷрои бамбгузории соли 2005 дар ғайбашон муҳокима шудаанд.
Тарафдорони Рафиқ Ҳарирӣ, аз ҷумла писараш Саъд Ҳарирӣ, нахуствазири пешини Лубнон мегӯянд, дар пайи интиқом ё даргирӣ нестанд, вале ҳукми додгоҳ бояд эҳтиром шавад. Ӯ чанд рӯз пеш гуфт, "ҳафтуми август рӯзи ҳақиқат, адолат барои Лубнон ва рӯзи муҷозоти ҷинояткорон аст".
Ҳасан Диёб, нахуствазири феълии Лубнон, ки аз сӯи "Ҳизбуллоҳ" ва муттаҳидони он ҳимоят мешавад, мегӯяд, кишвар бояд аз рафтан ба сӯи бӯҳрон дар натиҷаи эълони ҳукми додгоҳ, худдорӣ кунад. Ӯ ҳафтаи гузашта гуфт, "муқобила бо низоъ ва кашмакаш аз авлавиятҳои кори мо аст".
Рӯзи 14-уми феврали соли 2005 бар асари таркиши 3 ҳазор килограм маводи тарканда, дар як мошин дар масири ҳаракати корвони ҳомили Рафиқ Ҳарирӣ гузошта шуда буд, ӯ ва 21 нафари дигар кушта шуданд. Дар ин ҳодиса чаҳор узви гурӯҳи "Ҳизбуллоҳ" муттаҳам шуданд. "Ҳизбуллоҳ" ин иттиҳомро ҳамеша рад кардааст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!