Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамлаи ДОИШ ба зиндони Ҷалолобод. Даҳҳо кас куштаву захмӣ шудаанд


Зиндони Ҷалолобод баъд аз ҳамлаи хунин
Зиндони Ҷалолобод баъд аз ҳамлаи хунин

Дар натиҷаи ҳамлаи террористии гурӯҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ дар шаҳри Ҷалолобод дар шарқи Афғонистон даҳҳо нафар куштаву захмӣ шудаанд. Ҳамла рӯзи 2-юми август дар вилояти Нангарҳор ба вуқуъ пайваст.

Ҷангҷӯён дар ин рӯз мошини бомбгузоришудаеро дар назди зиндон дар шаҳри Ҷалолобод тарконданд ва сипас бо маъмурони амниятӣ ҷангро оғоз карданд. Ҷанг чанд соат ва то шаби 3-юми август идома кардааст.

Атоуллоҳ Хугиёнӣ, сухангӯи ҳукумати вилояти Нангарҳор, гуфт, нерӯҳои давлатӣ се ҷангҷӯро нобуд кардаанд ва айни замон ҷустуҷӯйи ҷангҷӯёни боқимонда ва поксозии минтақа аз ҳузури онҳо идома дорад.

Ба гуфтаи сухангӯи ҳукумати вилоят, дар ин ҳамла 21 нафар кушта шудаанд ва 43 каси дигар захм бардоштаанд. Атоуллоҳ Хугиёнӣ дар хабарномае эълон кард, ки дар миёни қурбониён "афроди мулкӣ, нирӯҳои амниятӣ ва зиндониён ҳастанд".

Ба қавли мақомоти расмӣ, аз 50 то 100 нафар зиндониён гурехтаанд, вале бисёре аз онҳоро дастгир кардаанд.

Дар ин зиндон 1700 узви Толибон ва "Давлати исломӣ" ва дигар ҷинояткоронро нигаҳ медоранд. Гуруҳи ба ном "Давлати исломӣ" бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайти хабаргузориаш бо номи "Аъмоқ" масъулияти ҳамларо ба дӯш гирифт.

Ҳамла як рӯз баъд аз он сурат гирифт, ки маъмурони амниятии Афғонистон гуфтанд, яке аз раҳбарони ДОИШ дар Нангарҳорро куштанд. Толибон гуфтаанд, ки дар ин ҳамла даст надоранд.

Ҳамла дар рӯзи саввуми оташбас миёни Толибон ва ҳукумати Афғонистон сурат гирифт, ки қабл аз оғози Иди Қурбон эълон карданд. Раиси ҷумҳури Афғонистон Ашраф Ғанӣ ва Толибон аломат додаанд, ки мумкин аст, гуфтугӯҳои байнулафғонӣ барои хотима додан ба ҷанг дар Афғонистон баъд аз ид оғоз шавад.

Амрикову Толибон моҳи феврал созише ба имзо расонданд, ки ҳадафи он ҳамвор кардани роҳ барои музокироти мустақим байни Толибону ҳукумат буд. Яке аз монеаҳои аслӣ дар роҳи музокирот табодули асирони байни ду тараф ба ҳисоб меравад.

Рӯзи сеюми ид Ашраф Ғанӣ бо нишони ҳусни ният 500 зиндонии Толибро озод кард. То кунун дар умум аз миёни 5000 ҳазор зиндонии Толибон, ки ҳукумат ваъда дод, раҳо мекунад, 4500 нафари онҳо озод шудаанд. Толибон мегӯянд, ки бар асоси мувофиқа бо Амрико 1000 корманди давлатро, ки асир гирифта буданд, раҳо карданд ва талаб доранд, ки 400 зиндонии дигари ин гуруҳ озод карда шавад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG