Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Барқи Тоҷик" мегӯяд, ҳанӯз дар Тоҷикистон лимити барқ ҷорӣ нашудааст


Бинои ширкати "Барқи Тоҷик" дар шаҳри Душанбе
Бинои ширкати "Барқи Тоҷик" дар шаҳри Душанбе

Ширкати "Барқи Тоҷик" мегӯяд, ҳанӯз дар Тоҷикистон маҳдудияти интиқоли нирӯи барқ расман ҷорӣ нашудааст. Мақомот бовар доранд, ки сатҳи об дар рӯдхонаву обанборҳо дубора боло меравад ва, мумкин аст, зарурате ба ҷорӣ кардани "лимит" намонад.

Қаблан ҳукумати Тоҷикистон дар муроҷиате ба мардум гуфта буд, ба сабаби шадидан кам шудани оби обанбори Норак маҷбур шудааст, дар фасли гармо маҳдудият ҷорӣ кунад, то дар тирамоҳу зимистон мушкил пеш наояд. Бархе аз сокинон ҳукуматро танқид кардаанд, ки дар 28 соли ахир натавонистааст мушкили бебарқиро пурра ҳал кунад.

Ҳарчанд аз соли 2017 лимити барқ расман бекор шудааст, сари чанд вақт сокинон аз қатъи интиқоли барқ ба хонаҳояшон шикоят мекунанд.

Нозирҷон Ёдгорӣ, сухангӯйи ширкати "Барқи Тоҷик", рӯзи 31-уми июл дар суҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ гуфт, "аз замони нашри муроҷиати ҳукумат се рӯз мегузарад, вале ҳеч лимит ҷорӣ нашудааст. Маҷрои об беҳбуд ёфта, мумкин зарурате ба ҷорӣ кардани маҳдудият намонад."

Ин дар ҳолест, ки корбаре бо номи Бобоҷон дар сомонаи Радиои Озодӣ навишт, "дар ноҳияи Деваштич қариб як моҳ боз лимит ҷорист. Телефонҳои боварии "Барқи Тоҷик" ҷавоб намедиҳанд. Дар тобистон кам шудани об баҳонае беш нест. Шояд дар таги коса нимкосае бошад?"

Аммо мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аллакай қарордодҳои содироти барқро ба Афғонистону Узбекистон тағйир дода, интиқоли барқ ба ду кишвари ҳамсояро ба таври чашмрас коҳиш доданд. Ба иттилои ширкати "Брешно"-и Афғонистон агар пештар Тоҷикистон ба Кобул 450 мегават барқ медод, ҳоло онро то 40 мегават поин овардааст.

Ҷониби Тоҷикистон сабаби чунин тасмими худро ба кам шудани оби дарёҳои Панҷу Вахш ва дастикам то 17 метр поин омадани сатҳи об дар обанбори Норак рабт додааст.

"Агар чунин вазъ идома ёбад, захираи об дар обанбор ниҳоят кам шуда, дар фасли зимистон барои бо барқ таъмин намудани аҳолӣ ва соҳаҳои иқтисоди миллӣ мушкилоти бисёр ҷиддӣ пеш меояд", -- гуфта шудааст дар муроҷиати ҳукумати Тоҷикистон ба мардум.

Як корбари дигар дар зери муроҷиатномаи ҳукумат ба мардум дар сомонаи Радиои Озодӣ навиштааст: "Чаро гузоштед, ки сатҳи об 17 метр кам шавад? Мутахассисону мутасаддиён ба куҷо нигоҳ карданд? Бо ин коратон зарари расондаатонро ҳисоб кунед! Ҳоло чандин корхонаву муассисаҳое, ки каму беш кор мекарданд, бо баҳонаи бебарқӣ истеҳсолотро паст ё қатъ мекунанд."

Соли 2017 мақомоти Тоҷикистон расман лимити барқро бекор карданд. Баъди ба кор даромадани ду чархаи нерӯгоҳи Роғун ва фаъол шудани Маркази барқу гармидиҳии Душанбе умеди сокинон ба дарёфти барқи бештар ва муназзам зиёд шуд, аммо ҳар дафъа қатъи нерӯи барқ бо баҳонаҳои "таъмир" ва "камии об" шикояти сокинонро ба вуҷуд меорад.

XS
SM
MD
LG