Дар вилояти Хатлон татбиқи барномаи Оҷонсии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ (USAID) оид ба «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ба анҷом расид, ки дар муддати панҷ соли охир барои беҳбуди вазъи саломатӣ ва ғизои занону кӯдакон равона шудааст. Дар изҳороти хабарии сафорати ИМА дар Тоҷикистон омадааст, ки ин лоиҳа 13,1 миллион доллари ИМА арзиш дошта, имкон дод, ки вазъи саломатӣ ва ғизои занону кӯдакон дар 12 ноҳияи ҷанубу ғарбии Тоҷикистон беҳбуд ёбад ва он беш 1,5 миллион нафарро дар 700 деҳа, аз ҷумла 600 ҳазор кӯдакро дар бар гирифт. “Дар доираи ин барнома, 24 маркази захиравию омӯзишии ғизо таъсис дода шуд, ки дар он ҷо омӯзиши касбӣ оид ба масъалаҳои ғизо барои, тақрибан 9 900 иштирокчиён, ташкил карда шуд. Ба беш аз 105 000 занони ҳомиладор ва кӯдакони навзод, хизматрасониҳои тиббии босифат пешиҳод гардиданд. Дар натиҷа, шумораи таваллудҳои хонагӣ аз 2 163 ҳолат дар соли 2016 то 894 ҳолат дар соли 2019 коҳиш ёфт, ки он дар навбати худ ба коҳишёбии фавти модарон оварда расонид”, омадааст дар изҳороти сафорати ИМА рӯзи 28 июл. Яке аз дастовардҳои ин барнома, ба навиштаи муаллифонаш, аз 6,2 дарсади соли 2017 то 2,2 дарсад дар соли 2020 кам шудани шумори кӯдакони камвазни синни то панҷсола дар Хатлон будааст.