Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар 6 моҳ 30 раҳбар дар Тоҷикистон барои напардохтаи маоши коргарон муҷозот шудаанд


Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.
Гулрӯ Ҷабборзода, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон.

Дар ним соли ахир беш аз 30 раҳбари корхонаву муассиса барои напардохтани маош ба кормандони худ муҷозот шудаанд. Гулрӯ Ҷабборзода, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон рӯзи 23-юми июл зимни нишасти хабарӣ гуфт, дар ин давра нисбати 38 раҳбар парвандаи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ боз шуда, онҳоро дар маҷмӯъ ба андозаи 49 ҳазору 176 сомонӣ ҷарима кардаанд. Ба гуфтаи вазир, шикоят дар мавриди напардохтани маош бештар аз корхонаҳои саноатӣ ворид шудааст.

Ҷаримаи беш аз 30 раҳбари корхонаву муассисаҳо дар ҳолест, ки дар давраи хуруҷи коронавирус дар кишвар шикоятҳо аз сари вақт нагирифтани маош ба Радиои Озодӣ ҳам зиёд мерасид. Аз ҷумла, кормандони чанде аз корхонаҳои бузург ва сохтмонҳои азим, бархе аз бахшҳои корхонаи "Талко" ва чанде аз ниҳодҳои сохтмони нерӯгоҳи "Роғун" аз нагирифтани музди кор шикоят намуданд. Масъулини ин ниҳодҳо вазъро шарҳ надодаанд.

Моҳи июни имсол ҳам омӯзгори мактабҳо дар бархе аз деҳоти шаҳри Кӯлоб аз он шикоят мекарданд, ки маоши думоҳаи худро нагирифтаанд ва бо қарз зиндагиро пеш мебаранд.

Ба иттилои Оҷонсии омори назди президенти Тоҷикистон қарзи маош дар Тоҷикистон то моҳи апрел назар ба ҳамин давраи соли гузашта 27 дарсад бештар шудааст. Масъулини ин ниҳод мегӯянд, қарзи маош дар кишвар ба беш аз 51 миллион сомонӣ баробар шудааст.

XS
SM
MD
LG