Баъди муноқишаи гурӯҳии муҳоҷирони тоҷику қирғиз дар шаҳри Екатеринбург, ки рӯзҳои 18 ва 19-уми июл сар зад, ҳоло вазъ ором аст ва раҳбарони ҷамъиятҳои миллӣ талош доранд пеши роҳи ҳама гуна ҳодисаҳоро бигиранд.
Ин аввалин муноқишаи байни намояндагони ҷамъиятҳои миллӣ дар Екатеринбург дар пасманзари пандемияи коронавирус мебошад. Вебсайти "Росбалт" мегӯяд, "замоне ки пулис ба ҷои ҳодиса ҳозир шуд, ҳама наврасон фирор карданд ва ҳеҷ касеро боздошт карда натавонистанд".
Фаррух Мирзоев, раҳбари ҷамъияти тоҷикон ва Гулшан Долонбаева, раиси ҷамъияти қирғизҳои Екатеринбург, ки баъди ин моҷаро дастбакор шудаанд, мегӯянд, вазъият ором аст ва ҳарду ҷониб ҳам тавонистанд муҳоҷиронро ором кунанд, то дигар муноқиша барнахезад.
Ба иттилои онҳо, моҷаро шоми шанбе дар ҳоле рух дод, ки ҷавонҳои 17 то 24-солаи тоҷику қирғиз барои бозии футболи маъмулӣ дар як варзишгоҳи канори Екатеринбург ҷамъ омаданд. Фаррух Мирзоев рӯзи 20-уми июл дар сӯҳбати телефонӣ бо Радиои Озодӣ аз шаҳри Екатеринбург гуфт, "вақти футбол рӯзи аввал гапашон гурехт, сари эҳсос... рӯзи дуюм омадам камтар занозанӣ карданд. Вақте одамҳо ҳар чиз мегӯянд, гурехта мераванд".
Ба иттилои ӯ, ҳеҷ нафаре дар ин ҳодисаҳо осеб надидааст. Муроҷиат ба беморхона дар паи ин муноқиша ба қайд гирифта нашудааст. Мирзоев гуфт, ки баъди ин ҳодиса мулоқоте бо ҳамватанон доир карданд ва ҳамаро ба оромиву риояи қонун даъват карданд.
"Ҳоло ҳама тинҷу оромист. Оқибаташ ба хайр шавад. Албатта, аз ин ҳолат метавонанд бархе миллатгароҳо истифода кунанд, байни тоҷикону қирғизҳо ҷанг андозанд, вале мо ҳоло бо мақомоти маҳаллӣ ва ҳам ҷамъияти қирғизҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем",- гуфт ӯ.
Гулшан Долонбаева, раиси ҷамъияти қирғизҳои Екатеринбург дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ ин моҷароро "маишӣ" номид ва бо моҷарои кӯдаконе монанд кард, ки "барои як тӯб дар рӯи ҳавлӣ даъво мехезонанд". Ӯ гуфт, мақомоти маҳаллӣ ҳалли ин ҳодисаро ба дӯши раҳбарони ҷамъиятҳои миллӣ вогузор кардаанд.
"Онҳо ҳеҷ таҳдиде накарданд. Мо бо онҳо дар ҳамкорӣ ҳастем ва шарикии мо идома меёбад. Онҳо ҳамеша ба мо имконият медиҳанд, ки моҷароҳои хурди маиширо бо нерӯи худ ҳал кунем. Мо аллакай ин корро ба роҳ мондем. Кӯҳансолон ҳам вохӯрданд, аз ин хотир, ин қазия набояд идома пайдо кунад" - гуфт Долонбаева.
Дар вилояти Свердловск ва марказаш шаҳри Екатеринбург тахминан 120 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон ва 50 ҳазор шаҳрванди Қирғизистон бо кору даромад машғул ҳастанд. Пандемияи коронавирус, ки ба ин минтақа ҳам осеб расонидааст, боиси маҳдуд шудани ҷои кору даромад барои муҳоҷирони Осиёи Марказӣ ҳам шуд.
Вале ба иттилои Долонбаева, ҳоло шароити кор барои муҳоҷирон, ки аксаран дар бахши сохтмон, тамизкорӣ, тиҷорат ва соҳаи ғизои ҷамъиятӣ кор мекунанд, фароҳам шудааст ва корхонаву муассисаҳо боз мешаванд. "Албатта, то андозае асабонияти марбут ба пандемияи коронавирус ва маҳдудиятҳои иҷтимоӣ метавонад дар болоравии асабонияти муҳоҷирон таъсиргузор бошад, вале ин чиз амиқ нест",-гуфт ӯ.
Екатеринбург як минтақаи муҳими иқтисодии Русия дар 1800-километрии шаҳри Маскав ҷойгир буда, муҳоҷирони зиёд аз Осиёи Марказӣ барои кор ба ин минтақа мераванд.
Фаррух Мирзоев мегӯяд, дар давоми пандемияи коронавирус дар ин минтақа кори сохтмон идома кард, вале бозор, ки макони муҳими кору даромади шаҳрвандони Тоҷикистон аст, як моҳ пеш тадриҷан боз шудан гирифт. Ӯ мегӯяд, ин ҳолат то андозае ба эҳсосоти муҳоҷирон таъсиргузор шуд.
Дар вилояти Свердловск то ҳол 18023 ҳолати олудагӣ ба коронавирус ва 195 ҳолати марг бар асари COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар миёни муҳоҷирони тоҷик ҳам бархе ба коронавирус олуда шуданд, вале шумори онҳо дақиқ нест.