Рӯзи 20 июл Покистон маъракаи эмкунӣ бар зидди фалаҷи атфолро аз сар гирифт. Маърака дар ҳоле шурӯъ мешавад, ки кишвар дар умқи бӯҳрони беҳдоштии коронавирус қарор дорад ва дар гузашта кормандони машғули эмкунӣ мавриди ҳамла қарор гирифтанд. Қарор аст маъракаи зидди фалаҷи атфол се рӯз идома кунад ва ба қавли мақомот, дар чаҳорчӯби он 800 ҳазор кӯдак воксинаи зидди бемориро дарёфт кунад. Мақомоти маҳаллӣ аз полис дархост карданд, ки амнияти кормандони беҳдоштро таъмин кунанд.
Раъно Муҳаммад Сафдар, масъули маъракаи зидди фалаҷи атфол гуфт, ки кормандон ба ҳангоми эмкунӣ бояд муқаррароти фосилагириро риоя кунанд. Фалаҷ бемориест, ки дар паи вируси фалаҷи атфол кӯдакро маъюб ва ба ҳаёташ таҳдид мекунад. Дар ҷаҳон се кишвар – Покистон, Афғонистон ва Нигерия аз шумори давлатҳое мебошанд, ки фалаҷи атфол хеле паҳншуда мебошад. Бархе волидон мухолифи эмкунии кӯдакон буда, сабабгори гирифтории фарзандонашон ба ин беморӣ мешаванд. Соли 2019 беш аз 100 ҳолати нави фалаҷи атфол ошкор шуд. Маъракаи эмкунӣ бисёр вақт аз ҷониби гурӯҳҳои мусаллаҳ ва шӯришӣ осеб мебинад ва гоҳо ҳолатҳои захмиву кушта шудани кормандони тиб ба қайд гирифта мешавад. Ҷангҷӯён иддао мекунанд, ки маъракаи эмкунӣ бо ҳадафи безурёт кардан ваё ҷамъоварии иттилоъ ба роҳ монда мешавад.