Дар як ҳафтаи охир гирифторӣ ба бемории СOVID-19 дар миёни сокинони шаҳри Хуҷанд дубора рӯ ба афзоиш овардааст. Ин нуктаро 12-уми июл дар ҷаласаи Ситоди шаҳрӣ оид ба пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав баён карданд. Бино ба маълумоти ситод, агар пештар рӯзе 1-2 нафар бо нишонаҳои вируси нав ба бемористони вилоятӣ муроҷиат мекарданд, ҳафтаи ахир шумораи онҳо ба 8-9 нафар расидааст.
Фирӯза Нуруллозода, муовини раиси Хуҷанд, дар ҷаласаи ситоди зидди коронавирус паҳншавии онро дар рӯзҳои охир "ташвишовар" номида, сабабашро "риоя нашудани қоидаҳои беҳдоштӣ" номидааст. Зайнура Азимӣ, муовини раиси вилояти Суғд, бозорҳо ва макони баргузории маъракаҳоро "аз хатарноктарин мавзеъҳои паҳншавии вируси нав" ном бурд.
"То ҳол дар бозор ва тӯю маъракаҳо мардум бе риояи масофаи ҷисмонӣ ва бе ниқоб ҳозир шуда, хатари сирояти бемориро бештар мекунанд. Ҳолатҳое ба қайд гирифта шудааст, ки дар ин мавзеъҳои серодам як нафар то 15 нафарро гирифтор намудааст", -- шарҳ додааст ӯ.
Дар ин ҷаласа дар Хуҷанд бо ишора "ба эҳтимоли сар задани мавҷи дуюми бемории коронавирус" ба бештар кардани корҳои тарғиботӣ дар миёни мардум ва суръат бахшидан ба корҳои зиддиуфунӣ таъкид шудааст.
Сардухтурони Марказҳои саломатӣ ва Ёрии таъҷилӣ вазифадор шудаанд, "доруву таҷҳизоти заруриро захира намоянд" ва дар муносибат бо беморон "хайрхоҳ бошанд".
Ин дар ҳолест, ки дар Хуҷанд, маркази вилояти Суғд ва шаҳру ноҳияҳои дигари шимоли Тоҷикистон карантини нарм барои пешгирӣ аз густариши COVID-19 бекор шуда, тӯйхона ва бозору фурӯшгоҳҳо дигарбора боз гардидаанд. Айни замон дар Тоҷикистон иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ ба иҷро даромад, ки сокинонро муваззаф мекунад, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ бо ниқоби тиббӣ гарданд. Баъзе аз сокинон мегӯянд, барои дам ба дам иваз кардани ниқоб пули кофӣ надоранд.
Дар як шабонарӯзи гузашта дар Тоҷикистон 46 мавриди нави гирифторӣ ба COVID-19 сабт шудааст. Вазорати тандурустии Тоҷикистон дар хабарномаи расмӣ гуфт, то 12-уми уми июл шумори умумии беморон ба 6552 нафар расид.
То ин дам аз бемории ҳамагир 5228 кас ё тақрибан 80 дар сади беморон шифо ёфтаанд. Омори фавтидагон бетағйир аст. Ба иттилои расмӣ коронавирус дар Тоҷикистон боис ба марги 55 нафар шудааст.
Вазорати тандурустӣ мегӯяд, 190 нафари дигар зери назорати пизишкон ҳастанд. Аммо мутахассисон ба омори расмӣ шубҳа доранд ва мегӯянд, бинобар набудани ташхиси дурусту муносиби коронавируси нав, мумкин аст, теъдоди воқеии гирифтор ва талафот аз беморон ба маротиб зиёдтар бошад.
Тоҷикистон танҳо 30-юми апрел мавҷудияти коронавируси навро тасдиқ кард. То он замон афзоиши беморон дар шифохонаҳо ва марги пайиҳами чанде аз сокинонро ба “илтиҳоби шуш” рабт медоданд.