Дар ҳоле ки ин шабу рӯз садҳо шаҳрванди Тоҷикистон мехоҳанд, бо ҳар роҳе аз Русия ба ватан баргарданд, садҳо каси дигар нияти сафар аз Тоҷикистон ба Русияро доранд. Бархе аз онҳо аллакай шаҳрвандии Русияро гирифтаанд, баъзеи дигар дар орзуи ба даст овардани ин санад ҳастанд.
Ахиран Русия низ қонуни нави тақдими шаҳрвандиашро ба хориҷиҳо тасдиқ кард. Бино бар он муҳлати баррасии ариза барои қабули шаҳрвандии Русия аз шаш моҳи пешина то ба се моҳ кӯтоҳ карда шуд.
Ҳамчунин, минбаъд аз онҳое, ки шаҳрванди ин кишвар шуданӣ ҳастанд, маълумотнома дар бораи даромад ва ё гузоштани амонат дар бонк талаб карда намешавад.
Бисёриҳо дар сомонаи Радиои Озодӣ ба ин суол посух ҷустаанд, ки Русия бо ин кораш чӣ мехоҳад, ҳалли буҳрони демографӣ, ё тақвияти ҳузур дар кишварҳои пасошӯравӣ, аз ҷумла Тоҷикистон?
Хонандае бо номи "Шаҳноз" навиштааст, "дигар чӣ ҳадаф дошта метавонад? Дар оянда рӯшод ба масоили дохилии Тоҷикистон дахолат мекунад. Баҳона тайёр: шаҳрвандонам дар Тоҷикистон бисёранд".
Нафаре бе зикри номаш гуфтааст, Русия мехоҳад аз ҳисоби шаҳрвандони ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна мушкили демографиашро ҳал кунад. Вай айни замон бовар дорад, "ин ҳолат ба таври автоматӣ ҷумҳуриҳои Осиёи Миёнаро пойбанди сиёсати Кремл мегардонад".
Нигаронии бархе аз шаҳрнависон аз он аст, ки Русия бештар ба шахсони таҳсилдида ва мутахассисон ба осонӣ шаҳрвандӣ медиҳад ва ин ҳолат ба фирори ба истилоҳ "мағзҳо" аз Тоҷикистон сабаб мегардад.
Корбаре бо номи "Хуршед" дар сомонаи Радиои Озодӣ менависад, "ба Русия шахсони бесаводу даҳмарда даркор нест. Онҳоро гулчин карда, шаҳрвандии Русияро медиҳанд".
"Нозир" мегӯяд, агар Русия тақдими шаҳрвандиашро боз ҳам содатар кунад, тоҷикону узбекҳои синнашон аз 18 то 50-сола бештар ба Русия хоҳанд рафт ва кишвар қувваи асосӣ ва созандаро аз даст медиҳад. Вай гуфтааст, "баъди даҳ-понздаҳ сол дар Ватан асосан нафақахӯрон хоҳанд монд. Ин фоҷиа аст ва пеши роҳи онро бояд гирифт".
Иддае дигар аз назарнависон мегӯянд, мардум аз хурсандӣ кишварро тарк намекунанд, балки мехоҳанд ба ин васила ҳузури амни худро дар Русия таъмин кунанд ва ҳам аз имтиёзҳои он кишвар баҳра баранд. Ба қавли корбаре бо номи "Исфара ҳақиқат", "ба сабаби дар соҳаҳои тандурустӣ, бонк ва сохтмон қадр накардани мутахассисон, бисёре аз онҳо аз Тоҷикистон мераванд".
"Румӣ" ҳам гуфтааст, бо 200-300 сомонӣ чӣ тавр рӯз барем, ҳадди ақал аз як оила як ё ду кас шаҳрванди Русия бошад, дигаронро хӯронда метавонад. "Ҳазорҳо хатмкардаи донишгоҳҳо бекор мегарданд. Ба дари кадом идорае барои кор равӣ, маблағе мефармоянд, ки миёнро мешиканад, баъдан муваққатӣ ба кор мегирад",-мегӯяд ӯ.
Ин баҳсро нафаре бо номи "ЯғнобӣЙ хулоса карда ва гуфтааст, ҷойи ҳангома ва тарс нест. Вай навиштааст, "касе ва давлате бохт намекунад, фоидааш ба ҳарду давлат мерасад. Наздиконам солҳо шаҳрвандии Русияро доранд, тоҷик мондаанд, Тоҷикистонро дӯст медоранд ва Русияро ҳурмат мекунанд".
Мақомоти Тоҷикистон ҳамвора фирори ба истилоҳ мағзҳоро рад карда ва гуфтаанд, муҳоҷират мушкили танҳо ин кишвари Осиёи Марказӣ нест, балки мушкили ҷаҳонист.
Ин баҳс ҳанӯз идома дорад ва агар то ҳол назари худро нагуфтаед, ҳатман дар сомонаи Радиои Озодӣ нависед ва ё дар наворе сабт кардаву ба мо фиристед. Ба ҳар роҳе, ки хостед. Бо Имову Телерам ва ё Вотсапу Вайбер. То барномаи дигар, Худо нигаҳдор!
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!