Наздики 60 хонаи сокинони чор деҳа дар ҷамоати Ширинчашмаи ноҳияи Тоҷикобод дар заминларзаи нисфирӯзии 4-уми июл осеб дидааст.
Пажӯҳишгоҳҳои зилзилашиносии ҷаҳон хабар дода буданд, ки маркази заминларза 50 километр дуртар аз минтақаи Рашт буда, нирӯи он дар марказаш 5 ва дар шаҳри Душанбе 3 дараҷаи Рихтерро ташкил додааст.
Дар наворе, ки корбарони Радиои Озодӣ фиристоданд, лағжидани кӯҳпораҳо дида мешавад.
Мақомоти ноҳияи Рашт рӯзи 6-уми июл ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки ҳоло зарари расида аз заминларзаро ҳисоб доранд. Зарар бештар ба сокинони чор деҳаи ҷамоати Ширинчашмаи Тоҷикобод расидааст.
Мусо Мазоқов, раиси ҷамоати Ширинчашма дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки то ҳол 59 хонаеро ҳисоб кардаанд, ки аз заминларза зиён дидааст. Ба қавли ӯ, 10-12 хона бештар хароб шудааст, вале дигар манзилҳои зист қисман деворҳояшон рах пайдо кардаанд.
"Касе зарари ҷисмонӣ надидааст. Фақат деворҳои хонаҳо кафидаанд. Ҳоло ҳисоб дорем, чӣ қадар зарар расидааст",-гуфт ӯ.
Сокинони ҷамотаи Ширинчашма мегӯянд, шиддати заминларза ба ҳадде сахт буд, ки фикр карданд, ҳама ҷо чаппа мешавад.
Зафар, як сокини ин ҷамоат дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, ки сокинон бештар аз оне, ки мақомот мегӯянд, зарар дидаанд. Ба гуфтаи ин сокини Тоҷикобод, эҳтимол наздики 200 нафар аз заминларза осеб дида бошад.
"Хонаҳо дар ҳолати садамавӣ қарор доранд. Деворҳо кафидаанд ва ҳар лаҳза мумкин аст, ки чаппа шаванд. Дар ин хонаҳои садамавӣ зиндагӣ кардан хавфнок аст",-гуфт ин сокини Тоҷикобод.
Мақомот мегӯянд, пас аз ҳисоби пурраи зарар ба сокинон кӯмак расонида мешавад.
Тоҷикобод, дар минтақаи Рашт, дар шарқи Тоҷикистон ҷойгир аст. 71 соли пеш дар ин минтақа пурқубонитарин заминларза дар таърихи Тоҷикистон сабт шуда буд. 10-уми июли соли 1949 дар Ҳойит, ки феълан тобеи ноҳияи Рашт аст, заминларзаи сахт рух дод, ки ба ҳисобҳои гуногун беш аз 15 ҳазор сокин зери хок монда буд.
Тоҷикистон дар яке аз минтақаҳои зилзилахези қораи Осиё ҷойгир аст.