Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

АП: Дар Ҳисор марди гумонбар дар таҷовуз ба номуси духтари 12-сола боздошт шуд


Акс аз бойгонӣ: духтари қирғизе, ки қурбонии бадарфториҳои шаҳвонӣ шудааст
Акс аз бойгонӣ: духтари қирғизе, ки қурбонии бадарфториҳои шаҳвонӣ шудааст

Оҷонсии “Азия-Плюс” хабар дод, ки додситонии шаҳри Ҳисор марди 42-соларо бо иттиҳоми дастдарозӣ ба номуси ноболиғи 12-сола боздошт кард. Бо ин ки ҳодиса соли гузашта рух додааст, боздошти гумонбар дар дастдарозӣ ба номуси духтари хурдсол танҳо соли ҷорӣ ва зоҳиран баъди расонаӣ шудани он аз ҷониби Ҳизби сотсиал-демократӣ хабар дода шуд.

“Азия-Плюс” бо такя ба муовини раиси ҲСДТ Маҳмурод Одинаев рӯзи 2 июл навишт: “Мард боздошт шуда, айни замон дар ҳабс қарор дорад. Нисбат ба ӯ парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, ба ӯ то 25 соли маҳрумият аз озодӣ таҳидид мекунад”. Манбаъ мегӯяд, ки маълум нест парванда бар асоси кадом модда боз шудааст.

Одинаев гуфтааст, ки волидони духтарча аъзои ҲСДТ буда давоми як сол талош доштанд гумонбари ҷиноят нисбати фарзандашонро ба ҷавобгарӣ кашанд. “Ҷараёни тафтишот зери назорати раҳбарият ҳизб буда, дар сурати зарурат раиси ҳизб Раҳматилло Зойиров аз манфиатҳои духтари ноболиғ ҳимоя хоҳад кард”, - қайд кард Одинаев.

Зоиров рӯзи 17 июн дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод. Ӯ, аз ҷумла, гуфт: “Шаҳрванди 42-сола Ҳ.А. соли гузашта дар говхона ба номуси духтари 12-сола таҷовуз кард. Ӯ бо таҳдид ва истифода аз ҳолати нотавонии духтар ин корро чандин маротиба такрор кардааст. Ду моҳ пештар духтар кӯдак таваллуд карда, ҳозир дар Ҳисор болои духтар ва волидони ӯ фишор оварда мешавад, то ки қазия бо роҳи осоишта ва бидуни оқибат ҳал шавад".

Дар ВКД Тоҷикистон дар посух ба изҳороти Раҳматилло Зойиров гуфтаанд, ки “кормандони милитсия далели таҷовуз ба номусро ба қайд гирифта, айни замон прокуратураи шаҳри Ҳисор ба тафтиши ин далел машғул аст”. Ба гуфтаи волидони духтарча, онҳо қариб як сол пеш ба прокуратура ва шуъбаи корҳои дохилӣ ҷиҳати шикоят аз болои ҳамсояашон муроҷиат карда, лекин аризаашонро қабул накардаанд.

XS
SM
MD
LG