Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

КМИ-и Русия: шумориши 100% баргаҳо анҷом шуд. 78% ҷонибдори тағйири конститутсия


Мақомот гуфтанд, ки ба ҷонибдории тағйироти конститутсионӣ дар Русия 78% овоз доданд
Мақомот гуфтанд, ки ба ҷонибдории тағйироти конститутсионӣ дар Русия 78% овоз доданд

Комиссиюни марказии интихоботҳои Русия рӯзи 2 июл гуфт, баъди шумори 100% баргаҳо муайян шуд, ки 78 дарсади раъйдодаҳо тарафдори пешниҳоди президент Владимир Путин дар заминаи тағйироти конститутсионӣ будаанд. Каме бештар аз 21% гуфтанд, ки мухолифини тағйирот ҳастанд. Дар раъйпурӣ, ки бо сабаби пандемия ва роҳ надодан ба таҷаммӯи зиёди мардум аз 25 июн то 1 июл идома кард, 65% раъйдиҳандагон иштирок карданд.

Шумори бештарини тарафдорони тағйироти конститутсионӣ дар Чеченистон будаанд. Дар ин ҷумҳурии Қафқози Шимолӣ 98% ба тарафдорӣ овоз додаанд. Мақомот гуфтанд, ки дар дигар минтақаҳо ҳам аксари сокинон ба тарафдорӣ овоз додаанд.

Радио Свобода менависад, натиҷаҳои экзитполи бархе гурӯҳҳо баёнгари вазъи баръакс аст. Ташаббускорони маъракаи “НЕТ!”, ки мухолифи тағироти конститутсионӣ мебошанд, натиҷаҳои пурсишҳои ҳамзамони баъди овоздиҳии худро нашр карданд, ки мегӯяд, дар Маскав 55% пурсидашудаҳо гуфтаанд, ки мухолифи тағйирот овоз дода, 45% тарафдорӣ кардаанд. Дар Санкт-Петербург шумори мухолифони тағйирот 63% ва ҷонибдорон 37% будааст. Дар ин пурсиши “НЕТ!” беш аз 7 ҳазор нафар иштирок кардаанд.

Бар пояи назарпурсиҳои марказҳои дигар, ки рӯ ба ҳукумат ҳастанд, 71% шаҳрвандон ҷонибдори тағйироти конститутсионӣ будаанд.

Кремлин гуфт, тағйирот барои суботу амнияти кишвар зарур аст, дар ҳоле ки мунтақидон мегӯянд, Путини 67-сола тавассути ин тағйирот мехоҳад ҳузурашро дар қудрат якумрӣ кунад.

Ба овоздиҳандагон танҳо пешниҳод шуд, ки ба тарафдорӣ ва ё мухолифи тағйироти конститутсионӣ овоз диҳанд. Ҳукумат бисёр талош кард, ки дар ҷомеа ҷонибдорони ин тағйирот зиёд шаванд.

Аз миёни 200 тағйиру иловаҳо яке аз пурбаҳстаринаш он аст, ки собиқаи президентии Путин ба ҳеч баробар шуда, ба ӯ ҳақ медиҳад, ки баъд аз соли 2024 ду давраи дигари шашсола барои курсии президентӣ мубориза барад.

XS
SM
MD
LG