Додситонии кулли Тоҷикистон ҷузъиёти ҳодисаеро нашр кард, ки як ноболиғ ба гуфтаи мақомот модар ва ду бародари хурдсоларо кушта, онҳоро оташ задааст.
Дар иттилоияи Додситонии кулл гуфта мешавад, ки Воҳидов М, сокини ноболиғи шаҳри Ҳисор 12 декабри соли гузашта модараш Воҳидова М. ва ду бародари угаяшро кушта, барои пинҳон доштани изи ҷиноят манзилро оташ задааст.
Ба гуфта мақомот, Воҳидов ба он хотир ин корро кардааст, ки модараш бо ӯ муносибати дағал дошта, бародарони угаяшро бештар дӯстдорӣ мекардааст. Ноболиғи муттаҳам ба куштори модар дар оилаи падарандар зиндагӣ мекардааст.
"Дар давоми зиндагии якҷоя модараш Воҳидова М.Ҳ. нисбати ноболиғ Воҳидов М.А. муносибати дағалона дошта, ӯро бештар дар иҷро намудани корҳои хоҷагӣ истифода намуда, фарзандони хурдсолаш Атоев Ю.А. ва Атоев Ё.А.-ро нисбат ба ӯ бештар дустдорӣ карда, дар ин замина рашку хусумати ноболиғ Воҳидов М.А.-ро ба худ пайдо кардааст,"-менависад манбаъ.
Мақомот гуфтанд, Додгоҳи шаҳри Ҳисор ноболиғ Воҳидов М-ро бо иттиҳоми куштори беш аз ду нафар бо бераҳматии махсус гунаҳкор донистааст. Бар асоси қарори додгоҳ Воҳидов М, даҳ сол дар колонияи тарбиявии дороми низоми умумӣ адои ҷазо мекунад. Додситонии кулл мегӯяд, барои ноболиғ "ҷазои баландтарин" аст.
Дар Тоҷикистон ҳодисаҳои куштор тақрибан ҳар ҳафта рух медиҳанд. Аммо куштори модар ва ду бародар аз сӯи як ноболиғ ҳодисаи камсобиқа аст. Равоншиносон чунин ҷиноятҳои бо бераҳмии гӯшношунид содиршударо аломати бераҳмтар шудани ҷомеа меноманд.