Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пажӯҳиш: Чин дар пайи "маҷбуран нозо кардан"-и занони ӯйғур аст


Таҳқиқоти наве, ки рӯзи душанбеи 29 июн нашр шуд, мегӯяд, ниҳодҳои ҳукумати Чин ба ҳадафи пешгирӣ аз рушди аҳолии ӯйғурҳо дар минтақаи Шинҷон, занҳои ин ақалиятро ба таври маҷбурӣ ақим ё нозо мекунанд. Ин таҳқиқот бар асоси оморҳои давлатӣ дар минтақаи Шинҷон, санадҳои расмӣ оид ба иҷрои ин сиёсат ва мусоҳиба бо занони ақалияти ӯйғур, таҳия шудааст.

Гурӯҳе аз вакилони порлумонҳои кишварҳои мухталиф низ бо такя ба ин гузориш аз СММ хостаанд дар мавриди сиёсатҳои ҳукумати Чин дар Шинҷон таҳқиқ кунад. Ба гузориши хабаргузории "Рейтерз", Пекин ҳамеша нақзи ҳуқуқи ӯйғурҳоро рад карда, рӯзи душанбе натиҷаҳои ин таҳқиқро "беасос" хонд.

Чин дар гузашта низ муттаҳам шуда буд, ки ҳудуди як миллион нафар аз ақалиятҳои қавмӣ ва мазҳабиро, ки аксари онҳо мусалмон ҳастанд, дар боздоштгоҳҳо ба таври маҷбурӣ нигаҳдорӣ мекунад. Ҳукумати Чин иддао дорад, ки ин урдугоҳҳо марказҳои касбомӯзӣ ҳастанд ва ҳадафи онҳо дур кардани афрод аз терроризм ва ифротгароӣ аст.

Гузориши нав аз сӯи Адриян Зенз, як муҳаққиқи олмонӣ, ки дар гузашта низ сиёсатҳои Чин дар Шичҷонро ифшо кардааст, таҳия шудааст. Ин гузориш мегуяд, занони ӯйғур ва дигар ақалиятҳо дар ин боздоштгоҳҳо таҳдид шудаанд, ки агар ҳади муайяншуда барои доштани шумораи фарзандонро риоя накунанд ва бордор шаванду сақти ҳамл накунанд, зиндонӣ хоҳанд шуд.

Дар ин гузориш ҳамчунин гуфта мешавад, ки ҳатто дар бархе ҳолатҳо шуморе аз занон ба таври маҷбурӣ бо ҷарроҳӣ ақим ё нозо карда шудаанд.

Заноне, ки қаблан дар ин урдугоҳҳо дар боздошт будаанд, мегӯянд, ба онҳо доруҳое гузаронданд, ки одати моҳонаи онҳо қатъ шуда ё хунрезии ғайриоддӣ эҷод кардааст, ки маъмулан натиҷаи доруҳои пешгирӣ аз бордорӣ аст.

Санадҳои давлатие, ки Адриян Зенз онҳоро баррасӣ кардааст, нишон медиҳанд, ки занони ақалиятҳои қавмӣ дар минтақаҳои дурдаст низ аз тарафи бемористонҳои маҳаллӣ ба таври маҷбурӣ мавриди озмоишҳои махсуси занон ва зоймон қарор гирифта, ҳар ду моҳ як бор аз онҳо озмоиши бордорӣ гирифтаанд.

Ин пажӯҳиш мегӯяд, ки байни солҳои 2017 то 2018, яъне як сол пас аз сиёсати ақимсозӣ ё нозо кардан, шумораи таваллуд дар аксари минтақаҳои Шинҷон назар ба омори таваллуд дар минтақаҳои дигари Чин камтар шудааст.

Фаъолони ақалияти ӯйғур мегӯянд, ҳукумати Чин аз урдугоҳҳои бозомузӣ барои шустушӯи мағзии мардум ва нобуд кардани фарҳанги вижаи қавм ва ҳувияти исломии онҳо истифода мекунад.

Адриян Зенз, дар бахше аз гузориши худ менависад, "ба назар мерасад, ки ба таври маҷбурӣ безуриёт кардан бахше аз барномаи васеи ҳукумати Чин барои тасаллути қавмӣ-нажодӣ аст. Чунин амал тибқи меъёрҳои СММ мумкин аст наслкушии ҷамъиятӣ бошад".

Гурӯҳи порлумонии байналмилалӣ дар мавриди Чин, ки аз вакилони порлумонҳои Амрико, Австралия ва кишварҳои аврупоӣ иборат мебошад, рӯзи душанбе дар баёнияе гуфт, "талош хоҳад кард дар бораи эҳтимоли рух додани ҷиноят алайҳи башарият ва наслкушӣ дар Шинҷон таҳқиқоте анҷом диҳад".

Як мақоми баландпояи Вазорати умури хориҷии Бритониё низ дар ҷаласаи порлумонии ин кишвар гуфт, "ин гузориши нав нигарониҳои моро дар бораи вазъияти ҳуқуқи башар дар Шинҷон бештар кардааст ва мо онро бо диққат баррасӣ карда, мадди назар қарор хоҳем дод".

Сухангӯи Вазорати умури хориҷии Чин ин гузоришро "беасос" хонд ва гуфт, бо "ҳадафҳои пинҳонӣ" таҳия шудааст.

Конгресси ҷаҳонии ӯйғурҳо -- як гурӯҳи пуштибони ҳуқуқи ин ақалият гуфт, ин гузориши нав "унсурҳои наслкушӣ дар сиёсати Ҳизби коммунисти Чин"-ро ошкор мекунад ва хостори иқдомоти байналмилалӣ дар баробари сиёсатҳои Пекин шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG