Тобути панҷоҳ муҳоҷири тоҷикро, ки бо сабабҳои гуногун дар Русия фавтида буданд, барои дафн ба воситаи мошини махсус ба Тоҷикистон фиристоданд. Ҳомиёни ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия гуфтанд, ин кор бо кумаки баъзе аз афроди хайрхоҳ имконпазир шуд. Каримҷон Ёров дар Фейсбук навишт, ки хароҷоти интиқоли 50 тобутро ҳамватанон аз Новосибирск дода, вале нахостаанд, номашон фош шавад. Сафорати Тоҷикистон дар Маскав низ рӯзи 16-уми июн расман ба кумакрасонҳо изҳори сипос кард ва айни замон гуфт, санадҳои убур аз қаламрави кишварҳоро Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омода намудааст. Мошинҳо барои расидан ба Тоҷикистон аз сарҳади Русияву Қазоқистон ва Қирғизистон мегузаранд. Марзҳои ин кишварҳо ба сабаби пандемияи коронавируси нав бастааст. Қаблан тобути чанде аз муҳоҷиронро ба воситаи парвозҳои чартерии ҳавопаймоҳо аз Русия ба Тоҷикистон фиристода буданд. Дар Русия беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон кору зиндагӣ ва таҳсил мекунанд. Ҳар сол то ҳазор тобути муҳоҷирон ба ватан оварда мешавад. Сабаби марги онҳо куштор, беморӣ ва садамаву тасодуф дар сохтмон гуфта мешавад.