Мақомоти Тоҷикистон бахше аз маҳдудиятҳои вобаста ба коронавируси навро дар шаҳри Душанбе бекор карданд ва ба фаъолияти дубораи даҳҳо кошонаи ҳусну сартарошхона, нуқтаҳои фурӯши телефон ва бозорҳои либос иҷозаи фаъолият доданд. Кори ин бозору марказҳои хидматрасонӣ аз охири моҳи апрел ба далели паҳншавии бемории COVID-19 мутаваққиф шуда буд.
Мақомот мегӯянд, мизони гирифторшавии сокинон ба коронавирус дар ду ҳафтаи ахир кам шудааст. Қаблан намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ гуфта буд, ки ҳанӯз авҷи беморӣ паси сар нашудааст.
Ба иттилои шаҳрдории Душанбе рӯзи 15-уми июн ҳудуди 10 200 тоҷир дубора ба кори худ шуруъ карданд. Субҳи душанбе дар назди дарвозаҳои "Корвон", бузургтарин бозори либос дар пойтахт, чанд нафар аз масъулон ҳарорати бадани харидоронро санҷида, баъд аз поккории дастҳо бо маҳлули беҳдоштӣ иҷозаи вуруд медоданд.
Шарти дигари ҳатмӣ барои ворид шудан ба бозор доштани ниқоби тиббӣ ва риояи масофаи иҷтимоӣ миёни одамон буд.
Ҳалима Мавлонова, мудири бозори "Корвон"-и пойтахи Тоҷикистон, рӯзи 15-уми июн гуфт, шаҳрдории Душанбе танҳо дар сурати риояи меъёрҳои шадиди беҳдоштӣ азсаргирии кори бозорҳоро иҷоза додааст.
"Имрӯз қариб 80 дарсади фурӯшандаҳо ба кор баромаданд. Барои паҳн нашудани беморӣ ҳамаи чораҳоро андешида истодаем. Албатта, дар назди даромадгоҳҳои бозор муҳофизон ҳарорати савдогарон ва харидоронро месанҷанд", - афзуд ӯ.
Ҳалима Мавлонова гуфт, бо дарназардошти таътили иҷбории соҳибкорон тасмим гирифта шудааст, онҳо аз пардохти пули иҷора ва ҳаққи фаъолият дар давраи таътил озод карда шаванд. Ҳамчунин, маъмурияти бозор тасмим гирифтааст, тоҷиронро аз пардохти маблағи посбонон дар муддати таътили маҷбурӣ озод кунад.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Бо ин вуҷуд, дар рӯзи нахустини азсаргирии фаъолияти бозорҳо дар "Корвон" теъдоди харидорон чандон зиёд набуд. Ҳисорӣ Шукуров, яке аз тоҷирони бозори "Корвон", гуфт, "ҳоло мисли ҳарвақта серодам нест. Шояд бештаре аз одамон дар бораи боз шудани бозор огаҳӣ надоранд".
Тоҷирони бозори "Корвон" дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар тӯли якуним моҳи таътил талош мекарданд, тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва фармоишҳои телефонӣ тиҷорати худро қатъ насозанд. Тӯймурод Юнусов, тоҷири бозори "Корвон", мегӯяд, бе чунин тарзи тиҷорат пеш бурдани зиндагӣ барояш душвор буд.
"Агар моли мо дар гардиш набошад, ҳеч фоида аз соҳибкорӣ намемонад. Ба ин хотир, молҳоро дар назди манзил ё дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар фурӯш мегузоштем. Маъмурияти бозори "Корвон" иҷоза медод, ки аз дохили дӯконҳоямон бори заруриро барои фурӯш бигирем", - афзуд ӯ.
Тибқи дастури Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 фаъолияти ҳамаи бозорҳои фурӯши либос дар қаламрави Тоҷикистон аз имрӯз аз сар гирифта шуд. Тоҷирони бархе аз бозорҳо аз ғайриқонунӣ ситонидани маблағи иҷорапулӣ дар ин муддат шикоят мекунанд. Аз ҷумла, тоҷирони бозори "Варзоб"-и Душанбе дар номае ба Радиои Озодӣ навиштанд, аз онҳо 1100 сомонӣ иҷорапулӣ талаб карда шудааст, аммо ин иддаоро дар сӯҳбатҳои рӯбарӯ ҳам соҳибкорон ва ҳам маъмурияти бозор рад карданд.
Давлатмурод Ҳамидов, мудири бозори "Варзоб"-и Душанбе гуфт, "онҳо аз маблағи иҷора озоданд ва ҳатто аз пардохти иҷорапулӣ то охири моҳи ҷорӣ озод карда шудаанд".
Дар ҳамин ҳол, бо дастури Ситоди ҷумҳуриявии пешгирӣ аз паҳншавии бемории COVID-19 танҳо дар шаҳри Душанбе 123 сартарошхона ва 173 кошонаи ҳусн низ пас аз таътил ва ё карантини якуниммоҳа дубора ба кор оғоз карданд. Гуфта мешавад, дар ин муассисаҳо беш аз ҳазор кас фаъолият доранд ва тӯли якуним моҳ бекор монда буданд.
Дар дастури ситод гуфта шудааст, ки аз 15-уми июни имсол Тоҷикистон ба реҷаи фаъолияти муқаррарии худ бармегардад. Аммо то ҳол дар бораи боз шудани марзҳои заминиву фазоии кишвар гузориши расмӣ ба даст наомадааст ва рафтуои шаҳрвандон ба хориҷи Тоҷикистон ҳамоно мамнуъст.