Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдунабӣ Сатторзода: "Дар кишвар ҳеч тоҷик дар фикри ҷанги шаҳрвандӣ набуд" САДО


Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик.
Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик.

"Ман гунаҳкорам,
Ман гунаҳкори гунаҳнокардаам,
Ман гунаҳкорам барои он ки тоҷик будаам..."

Ин шеър ин ҳафта моро ба суроғи Абдунабӣ Сатторзода, донишманди тоҷик, узви пешини Кумисюни оштии миллӣ ва муовини собиқи вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бурд. Сатторзода ҳафтаи гузашта дар наворе дар шабакаҳои иҷтимоӣ гуфт, шеърро худаш навиштааст, вале шарҳ надод, ки сабаби эҷоди он чӣ буд. Бисёриҳо пурсиданд, чӣ шуд, ки он навишта шуд ва оё баёнгари пушаймонист, талоши худсафедкунӣ ё умед ба оянда? Суҳбати мо бо Абдунабӣ Сатторзода низ аз ҳамин пурсиш оғоз ёфт.

Абдунабӣ Сатторзода: На, ин тавр нест. Ин навишта таърихе дорад. Соли 2001 баъд аз мутолиаи рисолаи хабарнигор ва муҳаққиқи тоҷик Қурбони Аламшоҳ дар бораи қаҳрамони халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур навишта шудааст. Ин шеъргуна аз номи худи Шириншоҳи Шоҳтемур навишта шудааст. Ин як руҷӯъ, монологи Шириншоҳ Шоҳтемур аст, ки ба рӯҳи поки худи Шириншоҳи Шоҳтемур ва ёронаш бахшида шудааст. Ин аз номи ман нест, ин як монологи Шириншоҳ Шоҳтемур аст. Ин як бардошт, таассуроте буд баъд аз хондани рисолаи Қурбони Аламшоҳ. Ин навиштаро ба худи Қурбони Аламшоҳ дода будам, ки дар ҷое паҳн накунад. Аммо бо гузашти тақрибан даҳ сол як китобаш дар бораи Шириншоҳ Шоҳтемур нашр шуд ва дар он ҷо бо маъзарати зиёде ин шеъргунаро чоп кард. Ахиран, Қурбони Аламшоҳ рӯзи таваллуд дошт ва ман ба хотири таъкиди заҳматҳояш ин шеъргунаро ба табрикоташ илова кардам. Бо ин навишта ман пузиши гуноҳ ё ҷуброни гуноҳ нахостаам, ин як руҷӯе аз номи Шириншоҳ Шоҳтемур аст.

Радиои Озодӣ: Шумо худро намояндаи насле мегиред, ки дар арафа ва оғози истиқлол бо ҳадафҳои муайяне ба майдон омад, орзу ва ормонҳои ин наслро чӣ гуна метавон шарҳу тафсир кард?

Абдунабӣ Сатторзода: Мо на дар арафаи касби истиқлол, балки барвақттар, охири солҳои 50-ум ба арсаи адабиёт ва илм ворид шудаем. Насле, ки ба адабиёт ҷон ва рӯҳи тоза ворид кард. Насли Мӯъминшоҳ Қаноат, Лоиқ, Бозор, Фазлиддин Муҳаммадиев ва дигарон аст. Барои ин насл як шароити мусоиди сиёсиву иҷтимоӣ низ пайдо шуда буд, ки ба "гармои хрушевӣ" марбут аст. Ин шароит фазои фарҳангиву адабии Шӯравиро тағйир дода буд. Баъд замони ошкорбаёниву бозсозии горбачевӣ низ фаро расид. Ин ду чиз як омили бисёр муҳим ва муассир дар тағйирёбии муҳити иҷтимоиву фарҳангии он замон шуда буд.

Ҳолномаи Абдунабӣ Сатторзода

Абдунабӣ Сатторзода 27 феврали соли 1941 дар деҳаи Варзикандаи Панҷакент таваллуд шудааст. Баъд аз хатми мактаби ҳаштсолаи деҳа аз соли 1954 то соли 1958 дар Омӯзишгоҳи омӯзгории Панҷакент дарс хондааст. Сипас ба ДДТ ворид гардид, онро соли 1963 ба анҷом мерасонад. Тӯли чанд сол дар ин донишгоҳ аз фанни адабиёти классикӣ дарс гуфта, нахуст рисолаи номзадӣ ва сипас доктори илмҳои филологиро дифоъ кардааст. Аз оғози солҳои 1990 ба ҳаракатҳои демократӣ пайваст. Дар Комиссияи оштии миллӣ фаъолият карда, муддате муовини вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон буд. Феълан дар Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон кор мекунад.


Радиои Озодӣ: Бубахшед, вақте Шуморо ба насли арафаи истиқлол рабт додам, манзурам насли озодихоҳон буд. Оё ин насл дар пайкори худ шикаст хӯрд ё пирӯз шуд? Ҳастанд онҳое, ки фикр мекунанд, ин насл сабабгори ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар шуд, ба ин чӣ мегӯед?

Абдунабӣ Сатторзода: Дар солҳои 80-уми асри гузашта дар тамоми қаламрави Иттиҳоди Шӯравӣ, аз ҷумла, дар Тоҷикистон низ ҳаракатҳои демократии озодихоҳӣ арзи ҳастӣ карданд. Онҳо мехостанд ҳамон орзуҳои қадимии худ, яъне мустақилӣ ва озодии кишвар, мақоми давлатӣ гирифтани забони модарии худро амалӣ созанд. Ба ҳамин хотир ҷунбишҳои мардумӣ ва сиёсӣ ба вуҷуд омаданд. Онҳо мехостанд бештар истиқлол дошта бошанд ва ҳеч вақт ҳадафи ҷанг карданро надоштанд. Шурӯи ҷангро интизор ҳам набуданд ва онро тақозо ҳам намекарданд. Сабаби оғози ҷанги, ба истилоҳ шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон, раиси ҷумҳурӣ, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон дуруст арзёбӣ кардаанд, ки таҳмилӣ буд. Ин ҷангро тоҷикон намехостанд. Дар дохили кишвар ҳеч тоҷик дар фикри ҷанги шаҳрвандӣ набуд. Ин ҷанг натиҷаи сиёсатҳои бузурги минтақавӣ ва ҷаҳонӣ буд. Ин ҷангро нирӯҳое ташкил карданд, ки мехостанд сохти собиқи Шӯравиро ҳифз кунанд. Воқеият ин аст, ки ҳамин нирӯҳо ҷанги таҳмилиро ба сари нирӯҳои демокративу озодихоҳи тоҷик бор карданд.

Радиои Озодӣ: Бахше аз рӯшангарон ва зиёиён дар давраи ҷанги шаҳрвандӣ бо мухолифони исломӣ ҳампаймон шуданд ва имрӯз ошкор ё пӯшида зери шубҳа гузошта мешаванд. Бархи дигарро айбдор мекунанд, ки дар бунёду таҳкими ҳукумати имрӯза саҳм гирифтанд ва сабабгори мушкилоти имрӯза ҳастанд. Шумо ба ин мавзеъгириҳо чӣ назар доред?

Абдунабӣ Сатторзода: Бояд эътироф кард, арзёбиву таҳлилҳои ҳодисаҳои он солҳо нуқсони зиёд доранд, якҷониба ҳастанд, аз рӯи инсоф ва мунсифона нестанд ин қазоватҳо. Барои дарёфти посухи дақиқи даст доштани нbрӯҳои демократӣ дар он ҳодисаҳо, бояд таҳлили ҳаматарафае анҷом дода шавад. Ба ин хотир, ман дар китоби "Арзишҳои ваҳдати миллӣ" муфассал сӯҳбатҳое ва пешниҳодҳое кардаам. Аз ҷумла, пешниҳод кардам, ки як маркази махсуси таҳқиқи он ҳодисаҳо таъсис ва таҷрибаи сулҳи тоҷикон омӯхта шавад, ҷараёнҳое, ки он солҳо фаъолият доштанд, баррасӣ шаванд. Танҳо баъд аз чунин омӯзиш мешавад ба хулосае расид. Арзёбиҳое, ки феълан анҷом дода мешаванд, ғаразнок ва ибнулвақтӣ, яъне ба хотири ҳадафе анҷом дода шудаанд. Замоне мерасад, ки ин кор карда мешавад. Зимнан, бояд бигӯям, ки дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон як маркази таҳқиқи таҷрибаи сулҳи тоҷикон таъсис шуда, дар он ҷо як ҳайати муайяни муҳаққиқон ба таҳқиқи ин мавзӯъ оғоз кардаанд.

Меҳмони Озодӣ: Гуфтугӯ бо Абдунабӣ Сатторзода
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:16:02 0:00
Линки мустақим

Радиои Озодӣ: Шумо дар гуфтушунидҳои сулҳ ва истиқрори оштии миллӣ ширкат доштед. Имрӯз гуфта мешавад, он як сулҳи дурӯғин буд, ки умеду ормонҳоро бароварда накард. Устод Муъмин Қаноат гуфта буд, ки пас аз имзои созишнома ҷанг ба шеваҳои дигар идома кард. Чунин ақидаро ҳимоят мекунед ё накуҳиш?

Абдунабӣ Сатторзода: Чунин бардошту арзёбиҳо моли касонест, ки аз ҷараёни воқеии музокироти сулҳи тоҷикон бехабаранд. Нафарони огаҳ медонанд, ки сулҳи тоҷикон дастоварди бузурги сиёсӣ ва дипломатияи Тоҷикистон буд. Ман дар ин бора борҳо гуфтаам ва профессор Иброҳим Усмонов низ аз ин мавқеи ман пуштибонӣ мекунад. Сулҳи мо дастоварди бузург аст ва ҳанӯз ҳам вуҷуд дорад. Онҳое, ки аз раванди музокироти сулҳи тоҷикон интиқод мекунанд, бояд бигӯям, ки қазоваташон дуруст ҳам нест ва беасос низ намебошад. Албатта, дар ҷараёни татбиқи созишномаи истиқрори сулҳ баъзе мушкилиҳо ва монеаҳо буданд. Аммо, дар ниҳоят ҳадафи асосӣ аз ин созишнома бароварда шуд. Шояд, шумо саволе диҳед, ки чаро ин тавр шуд? Ин мавзӯи дигаре аст, ки марбут ба музокироти сулҳ ҳам нест. Омилҳои ҳодисаҳои даҳ соли ахир тамоман дигар чиз аст.

Радиои Озодӣ: Устод, ба унвони саволи ахир, ба нақши рӯшанфикрону зиёиён, шоиру нависандагон дар ҳаёти имрӯза чӣ баҳо медиҳед?

Абдунабӣ Сатторзода: Ин афрод бояд нақши муассире дошта бошанд, аммо мутаассифона ин тавр нест. Ҳодисаҳои солҳои 90-ум нишон доданд, ки мо қишри равшангӯи зиёии рисолатӣ, мутаассифона, надоштаем. Чанд нафари муайяне ҳастанд, ки сазовори арзандаи номи зиёӣ ҳастанд. Вале аксарияташон, ки худро шоиру фарҳангӣ ва зиёӣ мегуфтанд, ё хомӯширо ихтиёр карданд ё паноҳ бурданд. Ёдам ҳаст, замоне Абдумаҷид Достиев, шахсияти маъруфи сиёсӣ ва нафаре, ки дар музокироти сулҳ ширкат доштанд, ин афродро бетараф номида буданд. Раҳматӣ Лоиқ низ дар шеъраш ин гуна шахсонро "бетарафу бешараф" номида буд. Ин нафарон баъд аз ором шудани вазъият аз кунҷу канор ва ғорҳои пинҳоншудаи худ берун омада, даст ба сина мезаданд, ки мо ин кор кардему он кор кардаем. Вале, ин тавр набуд. Мутаассифона, имрӯз ҳам мо қишри зиёии ба маънии томаш ташаккулёфта надорем. Теъдоди чунин нафарон хеле кам аст.

Радиои Озодӣ: Агар аз ин масъалаҳо гузарем, ҳоло дар аҳди коронавируси нав чӣ кор мекунед?

Абдунабӣ Сатторзода: Як моҳ пеш раёсати Академияи илмҳои Тоҷикистон бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавируси нав бештаре аз кормандони синнашон аз 60-сола болоро ба рухсатӣ фиристод. Ман ба шаҳри Панҷакент омадам ва дар ин ҷо бо истифода аз фурсат машғули гирдоварии мақолаҳо ва рисолаҳои нашршудаи худ ҳастам. Мехоҳам онҳоро ҷамъоварӣ карда, ба хонандаҳо пешниҳод намоям, то ҳангоми ҷустуҷӯи онҳо дар оянда сарсон нашаванд.

Радиои Озодӣ: Умед дорем, рухсатии бемузд нест?

Абдунабӣ Сатторзода: На, ин рухсатии меҳнатии бамузд аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG