Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саудӣ ба далели COVID-19 шумораи зоирони ҳаҷро ба "20 дарсад" маҳдуд мекунад


Масҷиди Ал-Ҳаром. Макка, Арабистони Саудӣ.
Масҷиди Ал-Ҳаром. Макка, Арабистони Саудӣ.

Манбаъҳои огоҳ рӯзи душанбеи 8-уми июн гуфтанд, ки Арабистони Сауд дар назар дорад шумораи зоирон дар маросими ҳаҷро барои пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус, маҳдуд кунад. Дар ҳоли ҳозир дар Арабистони Саудӣ беш аз 100 ҳазор ба ин беморӣ гирифтор шудаанд.

Шумораи афроде, ки дар маросими солонаи ҳаҷ ширкат мекунанд дар солҳои ахир ба ҳудуди 2,5 миллион расидааст. Оморҳои давлатӣ нишон медиҳад, ки даромади Арабистони Саудӣ аз ин маросим ва низ ҳаҷи умра, ки давоми сол анҷом мешавад, ҳудуди 12 миллиард доллар дар сол аст.

Арабистони Саудӣ дар моҳи марти имсол гуфт, то маълумоти баъдӣ, маросими ҳаҷро ба таъхир меандозад.

Ду манбаи огоҳ ба хабаргузории "Рейтерз" гуфтаанд, ки ҳукумати Саудӣ акнун дар ҳоли баррасии "иштироки шумораи кам ва рамзӣ" дар маросими ҳаҷ ва бо дарназар гирифтани чораҳои эҳтиётӣ, мисли анҷом додани озмоишҳои тиббии бештар ва мамнуияти сафари зоирони солхӯрда аст.

Як манбаи дигар гуфтааст, ҳукумати Арабистони Саудӣ ба ин бовар аст, ки бо риояи муқаррарот метавонад то ҳудуди 20 дарсад аз саҳмияҳои муайяншуда барои ҳар кишварро бипазирад.

Ин се манбаи огоҳ афзудаанд, ки бархе масъулин дар ҳукумати Арабистони Саудӣ ҳанӯз ҳам тарафдори лағви маросими ҳаҷи имсол ҳастанд. Маросими ҳаҷи имсола дар аввалҳои моҳи август баргузор мешавад.

Ҳукумати Арабистони Саудӣ ва Вазорати ҳаҷи ин кишвар ҳозир нашуданд дар ин маврид изҳори назар кунанд.

Лағв ё маҳдуд кардани сафари зоирони ҳаҷ ба иқтисоди Арабистони Саудӣ, ки аз коҳиши қимати нафт ва бӯҳрони коронавирус латма хӯрдааст, фишори бештар хоҳад овард.

Арабистони Саудӣ рӯзи якшанбе пас аз афзоиши ҳолатҳои гирифторӣ ба коронавирус дар шаҳри Ҷидда, парвозҳои байналмилалӣ ба фурудгоҳҳои ин шаҳрро, ки ҷои вуруди зоирон аст, қатъ кард ва муқаррароти манъи рафту омадро ҷорӣ намуд.

Тибқи оморҳои расмӣ, дар соли 2019 ҳудуди 2,6 миллион нафар дар маросими солонаи ҳаҷ иштирок карда, ҳудуди 19 миллион нафар низ барои ҳаҷи умра ба Арабистони Саудӣ сафар намуданд.

Тибқи ислоҳоти иқтисодии Муҳаммад бин Салмон, валиаҳди Арабистони Саудӣ, қарор аст, ки то соли 2030 шумораи ширкаткунандагон дар маросими ҳаҷи солона ва ҳаҷи умра ба ҳудуди 30 миллион нафар дар сол афзоиш ёбад, ки даромади ба дастомада аз он ҳудуди 13,5 миллиард доллар хоҳад буд.

XS
SM
MD
LG