Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати дигари СҶТ ва 16 пизишк аз Лаҳистон ба Тоҷикистон омаданд


Пизишкони лаҳистонӣ дар Душанбе. Шоми 6-уми июн. Акс аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон
Пизишкони лаҳистонӣ дар Душанбе. Шоми 6-уми июн. Акс аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон

Як ҳайати сенафарии мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ шоми 6-уми июн вориди Тоҷикистон шуданд. Мақомот мегӯянд, ҳамроҳ бо онҳо 16 пизишк аз Лаҳистон ё Полша низ омаданд.

Ба иттилои расмӣ, сафари гурӯҳ бар асоси тавсияҳои мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ сурат мегирад, ки аз якум то 11-уми май дар Тоҷикистон буданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон гуфт, яке аз ин тавсияҳо "даъвати гурӯҳҳои сайёри фавқулода бо ҳадафи кори якҷоя бо мутахассисони тоҷик буд".

Қарор аст, гурӯҳи пизишкон аз Лаҳистон ба минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон рафта, "тайи як моҳ дар шифохонаҳо бо табибони тоҷик табодули таҷриба кунанд".

Ба иттилои расмӣ, то 6-уми июн дар Тоҷикистон 4453 нафар ба коронавируси нав мубтало шуда, 2583 кас шифо ёфтаанд ва 48 кас ҷон бохтаанд. Дар феҳрасти ғайрирасмӣ ё алтернативии қурбониёни COVID-19 ва илтиҳоби шуш номи тақрибан 420 нафарро гирд овардаанд.

XS
SM
MD
LG