Чинора Жантошева, пизишки қирғизистонӣ, ки дар Амороти Муттаҳидаи Арабӣ (АМА) кор мекунад, аз сӯи амири Дубай Мактум ибни Рашид ал-Мактум барои саҳмгузориаш дар мубориза зидди коронавирус бо "визаи тилоӣ" қадрдонӣ шуд. Ин навъи виза имкон медиҳад, ки 10 сол дар АМА кор кард.
Чинара Жантошева 11 соли охир дар бемористони Rashid Hospital фаъолият мекунад. Вай мегӯяд, ҳеч гоҳ чунин шумори зиёди беморон ба беморхона муроҷиат накардаанд, ки ин охирҳо муроҷиат мекунанд.
"Дар тамоми тӯли фаъолиятам ман бо чунин шумори зиёди маргу мир рӯ ба рӯ набудам. Албатта, ҳолатҳои густариши бемориҳои гузаранда мавҷуд буд, аммо чунин паҳншавии босуръати уфунатро бори аввал мебинам", - гуфт вай.
Сар аз соли 2019 дар АМА ба сармоягузорони хориҷӣ ва мутахассисони ботаҷрибаи хориҷӣ "визаи тилоӣ" тақдим мекунанд. Дар гузашта АМА ба чанде аз сармоягузорони хориҷӣ чунин виза додааст.
Чинара Жантошева мегӯяд, тасаввур намекард, ки рӯзе соҳиби ин гуна виза мешавад.
Дар маҷмуъ дар АМА ба 212 пизишки хориҷӣ чунин виза тақдим кардаанд. Бино ба оморҳои мухталиф, аз 3 то 5 ҳазор қирғизистонӣ дар АМА зиндагӣ дорад.