Рӯзи 31-уми май дар марзи вилояти Бодканди Қирғиистон ҳамсарҳад бо минтақаи Сӯхи Узбекистон миёни сокинони ин минтақаи марзӣ муноқиша бархост. Онҳо ба сӯи ҳамдигар сангандозӣ карданд. Ба иттилои хабарнигори "Озодлик" -- бахши узбекии Радиои Озодӣ, дар ҷараёни ин даргириҳо аз ҷониби Узбекистон ду хонаи сокинони ва аз ҷониби Қирғизистон як хона ба оташ кашида шудааст. Нерӯҳои марзбонии Хадамоти давлатии амнияти Узбекистон хабар доданд, ки дар ҳоли ҳозир вазъ зери назорат аст.
Дар ҳоли ҳозир, мақомоти узбек ва қирғиз дар якҷоягӣ вазъро назорат мекунанд. Ин тасмим дар пайи гуфтугӯи мақомоти маҳаллӣ, ки рӯзи 31-уми май баргузор шуд, ба даст омадааст.
Дар ин гуфтугӯҳо аз ҷониби Узбекистон ҳокими вилояти Фарғона Шуҳрат Ғаниев ва раиси ноҳияи Сӯх ширкат кардаанд. Ҷониби Қирғизистонро дар ин музокирот муовини аввали Намояндаи мақомот дар вилояти Бодканд Жаркинбек Максутов ва ҳокими ноҳияи Қадамҷо Алгинбай Имаров намояндагӣ кардаанд.
Раиси ноҳияи Қадамҷой Алгинбай Имаров ба "Азаттик" -- бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки дар ҷараёни гуфтугӯ ду тараф ба мувофиқа расиданд, ки вазъро дар марз назорат кунанд ва ба беназмиҳо иҷозат надиҳанд.
Вазъи ду қирғизистонӣ вахим аст
Шаби 1-уми июн Вазорати тандурустии Қирғизистон хабар дод, ки 15 захмии муноқишаи марзӣ, ба яке аз дармонгоҳҳо дар шаҳри Айдаркен интиқол ёфтанд. Ба иттилои Вазорати тандурустии Қирғизистон, дар ҳоли ҳозир чаҳор тани ин афрод дар бемористон зери муолиҷа ҳастанд, ки вазъи ду нафари онҳо вахим мебошад. Ваъи афроди боқимонда хуб арзёбӣ шудааст.
Ин захмиён сокинони деҳаи Чашмаи ноҳияи Қадамҷойи Қирғизистон мебошанд, ки рӯзи 31-уми май дар натиҷаи таниши марзӣ бо сокинони ҷазирақаламрави Сӯхи Узбекистон захмӣ шуданд.
Қаблан як сокини ноҳияи Сӯх ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфта буд, ки 16 узбекистонӣ дар ҷараёни ин муноқиша захм бардошта ва дар бемористон бистарӣ шуданд.
Як сокини ноҳияи Сӯх ба бахши узбекии Радиои Озодӣ гуфтааст, ки муноқишаи рӯзи 31-уми май наздикиҳои зӯҳр дар наздикии чашмае бо номи "Чашма" рух додааст. Ба фарзияи манбаи "Азаттик", ҳар сол мардуми ду тараф аз роҳи ҳашар чашмаро покиза мекунанд ва ҳангоми ҳашар ҷанҷол бархостааст. Пас аз он ҷонибҳо ба сӯи якдигар сангандозӣ кардаанд.
"Муноқиша замоне рух дод, ки сокинони ноҳияи Сӯх ба наздики чашма омаданд. Сокинони деҳаи қирғизҳо исрор карданд, ки онҳо аввал об мегиранд. Дар натиҷа байни онҳо муноқиша сар зад ва ҷонибҳо ба сӯи якдигар сангандозӣ карданд. Гуфта мешавад, ки 16 нафар дар бемористон бистарӣ шуданд. Ин бор даргирӣ бисёр зиёд буд",-гуфт ин манбаъ ба шарти ифшо нашудани номаш.
Сокинони ноҳияи Сӯх ба бахши узбекии Радиои Озодӣ наворҳоеро фиристодаанд, ки дар он дида мешавад даҳҳо марди узбекистонӣ ба тарафи муқобил сангандозӣ мекунанд.
Хабарнигор: Се хона оташ гирифт
Тавре хабарнигори минтақавии бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз ҷойи ҳодиса хабар медиҳад, ҷонибҳо дар соати 19:30 ҳам ба сангандозӣ ба сӯи якдигар давом доданд.
То кунун ҳеҷ яке аз тарафҳо роҷеъ ба шумораи дақиқи осебдидагон бар асари ин муноқишаи марзӣ иттилоъ надодаанд.
Раёсати марзбонии Хадамоти давлатии амнияти давлатии Узбекистон дар "Телеграм"-и худ хабар додааст, ки барои ҳалли мушкил дар марз, раҳбарони масъули мақомоти маҳаллии ду кишвар мулоқот карданд.
"Дар ҳоли ҳозир вазъ зери назорат аст. Талошҳои муносиб барои аз байн бурдани паёмадҳои даргирӣ анҷом мешавад",-омадааст дар ин хабар.
Муовини сарвазири Қирғизистон Акрам Мадумаров ҳамзамон гуфтааст, ки ин як минтақаи баҳсӣ ба шумор меравад. Вай ба бахши қирғизии Радиои Озодӣ гуфт, ки аз теъдоди қурбониёни ду ҷониб то ба ҳол маълумоти дақиқ дар даст нест.
Узбекистону Қирғизистон 1379 километр марзи муштарак доранд ва тақрибан 5 дар сади он тақсиму аломатгузорӣ нашудааст. Сарҳади Сӯх аз ҳамин қабил порчаи марз аст ва дар инҷо байни мардуми ду тараф барои обу замину чарогоҳ ҷанҷол мехезад.
Рӯзи 1-уми май ҳам дар ин минтақа барои чарогоҳ муноқиша бархостааст ва марзбонони қирғиз гуфтаанд, ки барои ором кардани вазъ маҷбур шуданд, ба ҳаво тир андозанд. Айни муноқишаҳо дар марзи Қирғизистону Тоҷикистон ҳам сар мезананд ва дар гузашта ба ҷангу хунрезӣ кашидааст.