Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров рӯзи 28-уми май гуфтааст, Русия омода аст, дар гуфтугӯҳои марзии Тоҷикистону Қирғизистон миёнаравӣ кунад.
"Дар робита ба вазъи марз байни Тоҷикистону Қирғизистон... Ин бори аввал нест, ки мутаассифона, чунин таниш сурат мегирад. Мо аз ҳампаймонони худ даъват мекунем, ки вориди гуфтугӯ шаванд ва то ҳадди аксар аз истифодаи силоҳ худдорӣ варзанд. Омодаем хидмати миёнаравии худро пешниҳод кунем. Ва бовар дорем, ки ҳар чи зудтар вазъ ором шавад, ҳамон андоза беҳтар аст. Мо дар ин бора ба дӯстонамон хабар додем", - гуфт Лавров.
Вазоратҳои хориҷии Тоҷикистону Қирғизистон то кунун ба изҳороти вазири корҳои хориҷии Русия вокуниш накардаанд.
Рӯзи 27 май шаҳрванди Қирғизистон сӯи сокини Исфараи Тоҷикистон тир кушод, ки айни ҳол таҳқиқи ҳодиса шуруъ шудааст. Рӯзи 24 май бо баҳонаи чарогоҳ низоъ бархост, ки марзбонон силоҳ истифода карданд.
Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.
Муноқишаи имсол дар замоне сурат мегирад, ки ду кишвар барои муқобила бо густариши бемории СОVID-19 даступо мезананд. Дар Қирғизистон беш аз 1400 нафар ва дар Тоҷикистон 3424 нафар ба бемории нав гирифторанд.