Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Маркази миллии тестии Тоҷикистон мегӯяд, имтиҳонҳо дар вақташ доир мешаванд


Маркази миллии тестӣ гуфт, дар барномаи имсолаи имтиҳонҳои дохилшавӣ ба донишгоҳҳо ҳеҷ тағйироте ворид нашудааст ва аз довталабон хост ба имтиҳонҳои қабул омода шаванд.

Ин дар ҳолест, ки эълони таътил то замони номуайян ва лағви имтиҳон дар донишгоҳҳо, аксар довталабонро нигарон кардааст. Довталабон ва волидони онҳо пайваста дар шабакаҳои иҷтимоӣ суол мекунанд, ки оё хуруҷи бемории КОВИД-19 дар Тоҷикистон ба ҷараёни имтиҳонҳои қабул дар донишгоҳҳо таъсир намегузорад?

Маркази миллии тестӣ ҳафт соли пеш дар Тоҷикистон ба кор шурӯъ кард ва ҳадаф аз таъсиси ин марказ, роҳандозии низоми муосири қабули довталабон ба донишгоҳҳо ба таври шаффоф, одилона баҳогузорӣ шудани дониши довталабон ва аз байн бурдани ришваву фасод гуфта мешавад.

Шодиниё Абдулвосит, ёвари мудири Маркази миллии тестии Тоҷикистон рузи 27-уми май дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, феълан дар ҷадвали имтиҳонҳои қабул ҳеҷ тағйироте ворид нашудааст. Ӯ афзуд, довталабон метавонанд барои супоридани имтиҳонҳои дохилшавӣ омода шаванд ва аз 1 то 7 июл метавонанд дар имтиҳонҳо ширкат кунанд.

Шодиниё Абдулвосит гуфт, ҳоло тамоми корҳо тибқи нақша пеш меравад ва дар суръати пеш омадани зарурат ва тағйирот, ҳатман довталабон аз тариқи сомонаи маркази тестӣ ва ВАО огоҳ карда мешаванд. Ҳоло хоҳишмандон метавонанд аз 10 то 30-юми июн дар сабтиноми такрорӣ ширкат кунанд".

Давраи сабти номи довталабон ва омодагии онҳо ба имтиҳонҳои дохилшавии Маркази миллии тестӣ ба замоне рост омадааст, ки сокинон бо далели ҷилавгирӣ аз сирояти коронавирус талош мекунанд аз гаштугузор дар ҷойҳои серодам худдорӣ кунанд.

Манижаи Рустам довталаб аст ва ин шабурӯз ба имтиҳонҳои дохилшавӣ омодагӣ мегирад. Ӯ кластери панҷумро интихоб кардааст ва мехоҳад табиб шавад. Манижа дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, дар фикри он аст, ки дар шароити хуруҷи бемории коронавирус чигуна метавонад имтиҳонҳои дохилшавиро супорад.

Вай гуфт, "вақте одам аз хурдӣ орзуи донишҷӯ шуданро мекунад ва то расидан ба он як қадам мондааст, дар як ҳолати ногувор мемонед. Фикр мекунед, ки мабодо дар рафти имтиҳонҳо тағйирот ворид мешавад, ҳаргуна фикр ба саратон меояд, аз ҷумла, дар ҳамин шабурӯз. Барои ҳамин як каме нигарон ҳастам".

Мисли Манижа то рӯзи 26-уми май бештар аз 110 ҳазор нафар дар Маркази миллии тестӣ ба сифати довталаб сабти ном шудаанд ва барои супоридани санҷишу имтиҳон омодагӣ мегиранд. Шодиниё Абдулвосит гуфт, ин омори ниҳоӣ нест, чун марҳилаи иловагии сабти номи довталабон пас аз даҳ руз шурӯъ мешавад. Соли ҷорӣ нақшаи қабули довталабон ба мактабҳои оливу миёнаи касбии Тоҷикистон як каме бештар аз 80 ҳазор нафар муқаррар шудааст.

Бино ба иттилои Маркази миллии тестӣ, марҳилаи асосии бақайдгирии довталабон 2-юми март оғоз шуда, 30 апарел ба охир расидааст. Масъулини ин ниҳод гуфтанд аз 10 то 30 июн даври такрории бақайдгирӣ сурат мегирад.

Маъмулан довталабон қабл аз имтиҳонҳои дохилшавӣ дар марказҳои омӯзишӣ ё назди омӯзгорони кироя таълими иловагӣ мегирифтанд ва ба имтиҳонҳои дохилшавӣ омода мешуданд.

Аммо ба фарқ аз солҳои гузашта, имсол чунин таҷриба мушоҳида намешавад, чун дар шароити феълӣ агар аз як тараф дари тамоми марказҳо баста бошад, аз сӯи дигар гаштугузорӣ безарурат тавсия дода намешавад. Аз ин хотир довталбон танҳо аз тариқи барномаҳои онлайнӣ омода мешаванд.

Ахиран як ширкати хусусӣ дар Тоҷикистон аз ташкили платформа ва ё пойгоҳи интернетӣ хабар дод, ки ба довталабон имкон медиҳад тариқи онлайн ба имтиҳонҳои дохилшавии худ ба донишгоҳҳо, омодагӣ гиранд.

Хуршед Ғаниев, раҳбари Ширкати технологияҳои иттилоотии омӯзишӣ гуфт, дар шароити хатари сирояти коронавирус онҳо онлайн-платформаи “Repetittor.mobi”-ро фаъол намудаанд, ки ҷавонон дар хона истода, тариқи онлайн ба имтиҳонҳо тайёрӣ мебинанд. Ба гуфтаи ӯ, истифода аз ин пойгоҳ комилан ройгон аст ва ӯ роҳандозии чунин тарҳро ҳамчун "масъулияти иҷтимоии худ ва кӯмак ба ҷавонон" унвон кард.

Давлати Тоҷикистон мавҷудияти коронавирусро дар кишвар танҳо 30-юми апрел тасдиқ намуд. Аммо Вазорати маориф ва илм таътили донишҷӯёни курсҳои 1,2,3-ро аз 4-уми май ва ҷамъбасти имтиҳони хатмкунандагони донишгоҳҳоро 15-уми май пешбинӣ кард. Ҳарчанд мунтақидон гуфтанд, ин кор бояд хеле барвақтар сурат мегирифт.

Зимнан, дар ин шабурӯз волидон аз идома ёфтани имтиҳонҳои хатм дар мактабҳои миёна нигаронӣ мекунанд ва мегӯяд, фарзандонашон маҷбуранд дар чунин шароит ба мактаб бираванд. Дар вазорати маориф ва илм ба Радиои Озодӣ гуфтанд, имтиҳонҳои хатм барои синфҳои 9 ва 11 аз 15 то 24 июн муайян шудааст ва онҳо бидуни имтиҳонҳои хатм наметавонанд шомили донишгоҳҳо шаванд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG