Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи марзиро дар алоҳидагӣ таҳқиқ мекунанд


Баъди низоъи рӯзи Иди Рамазон дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон, намояндагони марзбонии ду кишвар гуфтугӯ ва таҳқиқи ҷудогонаи ҳодисаро шуруъ карданд. Дар ҳамин ҳол, ҳар ду кишвар фарзияи худро оид ба сар задани низоъ пешниҳод кардаанд.

Дар низоъи рӯзи 24-уми май аз силоҳ истифода шуд.

"Мулоқот 24-уми май баргузор шуд. Танҳо марзбонон гуфтугӯ карданд. Сабаби низоъ убури ҳайвонҳои хонагии Тоҷикистон ба ҳудуди Қирғизистон будааст. Марзбонони қирғиз рӯзи 23-юми май сокинони Тоҷикистонро огоҳ карданд, ки 200 сар гов марзи Қирғизистонро гузаштааст. Сарфи назар аз ин, онҳо рӯзи 24-уми май боз 60 сари дигарро ба ҳудуди Қирғизистон даровардаанд. Ба ҳамин хотир марзбонони қирғиз аз силоҳ истифода кардаанд ва баъди ин аз ду тараф тирпарронӣ шудааст", - гуфт Каланбой Маркаев, ҳокими ноҳияи Бодканди Қирғизистон.

Маркази матбуоти нирӯҳои марзбонии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон дар изҳороти расмӣ гуфт, муноқиша баъди он сар зад, ки "чӯпонҳои қирғиз соати 10:30-и 24-уми май дар ҳудуди деҳаи Пули Офтобрӯяи ҷамоати Ворух вориди қаламрави Тоҷикистон гардида, ба муноқишаи навбатӣ бо сокинони наздимарзӣ даст заданд."

Ба иттилои манбаъ, сокинони деҳаи Пули Офтобрӯя аз чӯпонҳо хостаанд, то ҳудуди деҳаро тарк кунанд. "Ҷониби қирғиз ба ҷойи риояи иҷрои созишномаҳои дуҷониба, ки аломатгузориро дар минтақаҳои баҳсӣ мушаххас мекунад, ба маҳалли ҳодиса нирӯҳои иловагии сарҳадбононро сафарбар карда, ба сӯи сокинони бесилоҳи деҳаи Пули Офтобрӯя аз яроқи оташфишон тирпаронӣ намуд", - гуфта шудааст дар изҳороти Маркази матбуоти нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон.

Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон ба расонаҳои он кишвар гуфтааст, аввал афроди номаълум аз ҳудуди Тоҷикистон ба сӯи марзбонҳои Қирғизистон тир кушодаанд: "Дертар, соати 11:40 байни сарҳадбонҳои Қирғизистону Тоҷикистон тирпаронӣ сурат гирифт. Аз тарафи Қирғизистон касе осеб надид."

Ҷониби Тоҷикистон мегӯяд, дар муноқиша сарбози қаторӣ Давлатёр Зоирови 19-сола аз пояш захм бардоштааст. Нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон инро "амали иғвоангезона" номида, "нишонаи кӯшишҳои ба таври сунъӣ ноором кардани вазъият дар хатти сарҳади давлатӣ" арзёбӣ намудааст.

Мақомот гуфтанд, чунин бархӯрд метавонад "вокуниши ҷавобиро аз ҷониби сокинони наздисарҳадии Тоҷикистон дар ин минтақаи ҳассос барангезад".

Ҳарду тараф эълон карданд, ки намояндагони идораҳои марзбонии Тоҷикистону Қирғизистон мулоқот карда, сабабҳои сар задани ҳодисаро таҳқиқ доранд.

Дар тақрибан ду ҳафтаи охир бори дувум аст, ки дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон муноқишаи мусаллаҳона сурат мегирад.

Тоҷикистону Қирғизистон 976 километр марз доранд, ки то кунун 504 километри он муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Ду тараф бо вуҷуди гузашти солҳо натавонистанд, сари минтақаҳои баҳсбарангез ба мувофиқа бирасанд ва хатти марзро бикашанд. Ҷанҷолу тирандозӣ маҳз дар ҳамин минтақаҳо ва барои обу замин ва чарогоҳ сурат мегирад ва гоҳо ба хунрезӣ меанҷомад.

Муноқишаи имсол дар замоне сурат мегирад, ки ду кишвар барои муқобила бо густариши бемории СОVID-19 даступо мезананд. Дар Қирғизистон беш аз 1400 нафар ва дар Тоҷикистон беш аз 2700 нафар ба бемории нав гирифторанд.​

XS
SM
MD
LG