Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба мардуми зарардидаи Узбекистон кумак фиристод


Баъд аз мавҷи танқиду пешниҳодҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ, Тоҷикистон ба як гуруҳ аз сокинони Узбекистон, ки аз рахна шудани обанбори Сардоба зарар диданд, кумаки башардӯстона фиристод. Мақомот гуфтанд, кумакҳо аз масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумла сементу бомпӯш (шифер), рангу мех, иборат аст.

Сарбанди обанбори Сардоба, воқеъ дар вилояти Сирдарёи Узбекистон, рӯзи 1-уми майи имсол канда шуд. Ба иттилои мақомоти Узбекистон, дар маҷмуъ беш аз 11 ҳазор нафар ба ҷойи амн кӯчонида шудаанд.

Дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд хабар дод, ки ёриҳои Тоҷикистон барои зарардидагон рӯзи 20-уми май ба мақомоти Узбекистон супурда шуд. Анвар Яъқубӣ, муовини раиси вилояти Суғд, ин иқдомро дӯстона ва "нишони шарикии стратегӣ" арзёбӣ намудааст.

Қаблан корбарон дар шабакаҳои иҷтимоӣ пешниҳод карда буданд, ки Тоҷикистон дар ивази кумакҳои Узбекистон барои муқобила бо COVID-19 ба мардуми зарардидаи ин кишвари ҳамсоя масолеҳи сохтмонӣ фиристад. Онҳо навиштанд, Тоҷикистон чандин корхонаи истеҳсоли семент дорад ва барои анҷоми ин кор имкон дорад.

Кумаки Тоҷикистон ба Узбекистон дар ҳолест, ки пас оғози пандемияи коронавирус дар ҷаҳон, Тошканд ду дафъа ба Тоҷикистон ёрии башардӯстона фиристод. Кумакҳои Узбекистон аз маводи ғизоӣ, василаҳои муҳофизатӣ ва бемористонҳои сайёр иборат буд.

XS
SM
MD
LG