Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаҳрамонии футзали ҷаҳон ба соли 2021 мавқуф гузошта шуд


Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон
Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон

Бюрои Шӯрои Федератсияи байналмилалии футбол (FIFA) тасмим гирифт, ки қаҳрамонии футзали ҷаҳонро дар соли 2020 ба далели пандемияи коронавирус ба таъхир андозад. Дар ин бора Ассотсиатсияи мини-футболи Русия дар Twitter хабар додааст.

Мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон бояд аз 12-уми сентябр то 4-уми октябри соли 2020 дар Литва баргузор мешуд. Ҳамакнун Ҷоми ҷаҳонии футзал аз 12-уми сентябр то 3-юми октябри соли 2021 баргузор мешавад. Мизбони қаҳрамонии футзали ҷаҳон Литва мебошад.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон 24 даста ширкат хоҳад кард. Намояндагони Осиё муайян нашудаанд, зеро қаҳрамонии қитъавӣ, ки марҳилаи интихобии қаҳрамонии ҷаҳон мебошад, низ мавқуф гузошта шуд.

Ёдовар мешавем, мусобиқаи қаҳрамонии футзали Осиё-2020, ки мебоист аз 26-уми феврал то 8-уми март дар Ишқободи Туркманистон баргузор мешуд, ба иллати хуруҷи коронавирус дар ҷаҳон ба рӯзҳои 5-16-уми август гузаронида шуд. Мусобиқаи қаҳрамонии бошгоҳии футзали Осиё-2020 бошад, рӯзҳои 2-13-уми декабр дар Имороти Муттаҳидаи Араб барпо мегардад.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё-2020 дар гурӯҳи “А” бо дастаҳои Туркманистон, Ветнам ва Умон рақобат хоҳад кард.

Бояд гуфт, ки аз рӯи натиҷагирии қаҳрамонии футзали Осиё дар Ишқобод панҷ дастаи беҳтарин ба ҳаққи ширкат дар қаҳрамонии ҷаҳон-2021 мушарраф мешаванд.

Охирин мусобиқаи қаҳрамонии футзали ҷаҳон соли 2016 дар Колумбия баргузор шудааст. Тими миллии Аргентина, ки дар финал мунтахаби Русияро мағлуб кард, ба унвони қаҳрамони ҷаҳон мушарраф шуд.

Ҳамчунин аз 20-уми январ то 6-уми феврали соли 2021 қаҳрамонии футзали ҷаҳон миёни занон (U-20) баргузор мешавад. Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон миёни духтарон (U-17) низ мавқуф гузошта шуд. Мусобиқа аз 17-уми феврал то 7-уми марти соли 2021 доир мегардад.

Дастаи мунтахаби миллии футзали Тоҷикистон феълан дар рейтинг ё раддабандии ҷаҳонӣ дар байни 115 кишвар бо 918 имтиёз дар ҷойгоҳи 63-юм қарор гирифтааст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG