Қисме аз хона-музейи Садриддин Айнӣ, қаҳрамони Тоҷикистон ва поягузори адабиёти муосири тоҷикро дар Душанбе вайрон мекунанд. Ин хона-музей дар наздикии Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ҷойгир аст ва дар он маҳалла силсилаи биноҳои нави истиқомативу меҳмонхона месозанд.
Масъулони ширкатҳои сохтмонӣ гуфтаанд, тахриби як гӯшаи осорхона барои бунёди роҳ ва бар асоси Генплан ё нақшаи куллии пойтахт сурат мегирад. Дар шаҳрдорӣ мегӯянд, масъаларо бояд омӯзанд.
Набераи Садриддин Айнӣ аз он нигарон аст, ки мақомот ҳар сол барои хурд кардани ҳудуди хона-музей иқдом мекунанд. Ду сол қабл низ ҳангоми сохтмони роҳи бузурги мошингузар як қисми хона-музей ба ин мақсад гирифта шудааст.
Эраҷ Айнӣ, набераи Садриддин Айнӣ, 7-уми май ба Радиои Озодӣ гуфт, чанд рӯз пеш ширкати сохтмоние, ки машғули бунёди меҳмонхона ва биноҳои нави истиқоматӣ аст, қисме аз осорхонаро барои кӯчондан омода кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, "мақомот дар 142-умин зодрӯзи қаҳрамони кишвар тасмим гирифтаанд, масоҳати осорхонаи ӯро боз ҳам маҳдудтар созанд".
Эраҷ Айнӣ афзуд, дар ин бора бо намояндагони ширкати сохтмонӣ ҳам вориди баҳс шуд: "Сохтмончиҳо мегӯянд, тибқи нақшаи Генплан аз қисмати поёнии хона-музей то меҳмонхонаи нав бояд роҳи мошингузар шавад. Тақозо кардам, ки нақшаро нишон диҳанд, вале то ҳол ин корро накарданд."
Вай мегӯяд, дар қисмати болоии хона-музей, ки ҳамдевори ҳавлии Бобоҷон Бобохонов, собиқ додситони кулли Тоҷикистон аст, ҳуҷраҳои кормандони осорхонаи Айнӣ воқеъ аст ва дар сурати тахриби онҳо, кормандон бе утоқи кор мемонанд.
Дар шаҳрдории Душанбе ба Радиои Озодӣ гуфтанд, тибқи барномаи Генплан биноҳои маскунии кӯчаҳои атрофи Донишгоҳи омӯзгорӣ тахриб карда мешавад ва танҳо як бинои осорхонаи Садриддин Айнӣ мемонад.
Аммо дар шаҳрдорӣ сабаби тахриби қисме аз биноҳои ин хона-музейро натавонистанд шарҳ диҳанд ва гуфтанд, "ин мавзӯъ бояд дақиқ карда шавад".
Барномаи Генплан аз сӯйи ҳукумат тасдиқ шуда, бар асоси он то ин дам чандин биноҳои қадимӣ, аз ҷумла театри русии ба номи Маяковский, Кохи Ҷомӣ ва бинои вазорати кишоварзӣ вайрон карда шудаанд. Иддае аз тасмими мақомот барои ба гуфтаи онҳо зебо кардани симои шаҳр тавсиф менамоянд, бархеи дигар барои аз байн бурдани биноҳои куҳнаву таърихӣ танқид мекунанд.
Низом Қосим, раиси Иттиҳоди адибон ва узви Маҷлиси Миллӣ, палатаи болоии порлумони Тоҷикистон дар шарҳи ин хабар ба Радиои Озодӣ гуфт, то ҳол дар ин бора иттилоъ нагирифтааст.
"Чанде пеш дар хона-музейи устод Айнӣ чорабиние баргузор карда будем. Аммо, Эраҷ, набераи домулло Айнӣ бароям дар ин бора чизе нагуфт. Фикр мекунам ин тахрибкорӣ дар пайи иҷрои барномаи “Генплан” аст ва тағйири ин тасмим душвор мебошад. Аммо бо ин вуҷуд, ман аз шаҳрдории Душанбе дархост мекунам, ки зарурати ин тахрибкуниро бароям шарҳ диҳанд", - афзуд ӯ.
Мақомоти Тоҷикистон дар вокуниш ба хабари Радиои Озодӣ дар робита ба тахриби қисмате аз хона музейи Садриддин Айнӣ, поягузори адабиёти навини Тоҷикистон ва Қаҳрамони Тоҷикистон гуфтанд, ки ҳатто як хиште аз бинои ин ҳавлӣ беҷо карда намешавад.
Абдуҷаббор Раҳмонзода, мушовири раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар робита бо ҷомеа ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “мушкил дар он буд, ки дар маҳаллаи наздики “Пендинститут” ҳама ҳавлиҳо тахриб шуда, ба ҷойи онҳо биноҳои баландошёна сохта мешаванд. Мо ба ширкатҳои сохтмонӣ дастур додем, ки дар зудтарин фурсат атрофи хона музей панҷарабандӣ шуда, дурбинҳои назоратӣ насб карда шаванд. Барои кормандони илмии хона музей як бинои сетабақа сохта мешавад, то онҳо тавонанд фаъолияти илмии худро идома диҳанд”.
Самӣ Шариф, раиси ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе дар шарҳи ин мавзӯъ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки “ин мушкил дар пайи як нофаҳмӣ миёни сохтмончиён сурат гирифтааст”.
Хона-музейи Садриддин Айниро баъд аз вафоташ дар соли 1954 ба истифода додаанд.
Садриддин Айнӣ 27-уми апрели соли 1878 дар ноҳияи Ғиждувони вилояти ҳозираи Бухоро таваллуд шудааст. Вай нахустин президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон ва сардафтари адабиёти муосири тоҷик аст.
Моҳи сентябри соли 1998 бо фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба Садриддин Айнӣ унвони қаҳрамони Тоҷикистон дода шуд ва акси ӯ дар пули панҷсомонӣ ҷой гирифт.