Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳматилло Зоиров гуфт, ба коронавирус сироят шудааст


Раҳматилло Зоиров
Раҳматилло Зоиров

Раҳматилло Зоиров, раҳбари Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, дар паёми кӯтоҳе дар саҳифаи расмиаш дар Фейсбук навишт, ки ба коронавирус сироят шудааст ва ҳашт рӯз боз муолиҷа мегирад. Вай 5-уми май аз дӯстонаш талаби дуо карда, айни замон хостааст, барои эҳтиёт ба хонааш нараванд.

Маълум нест, хулосаи Зоиров бар асоси нишонаҳои беморӣ эълон шудааст ва ё натиҷаи ташхис онро нишон дода.

Маҳмурод Одинаев, муовини Раҳматилло Зоиров дар Ҳизби сотсиал-демократ, ба Радиои Озодӣ гуфт, раҳбари ҳизб мариз аст, вале вазъаш муътадил мебошад.

Вай афзуд, "мо бояд барои таҳқиқи як ҳодиса ба Панҷакент мерафтем. Он кас воқеан ба сабаби беморӣ рафта натавонистанд. Ман ба онҷо рафта омадам. Субҳи сешанбе тамос доштем, гуфтанд, ки дар хона муолиҷа мегиранд".

Ҳоли ҳозир Саъидҷаъфар Усмонзода, роҳбари Ҳизби демократи Тоҷикистон ва вакили Маҷлиси намояндагон низ дар яке аз бемористонҳои Душанбе бо шубҳаи мубтало ба бемории COVID-19 бистарӣ шудааст.

Хайрнинисо Юсуфӣ, муовини раиси Ҳизби ҳокими халқии демократии Тоҷикистон бо чанд узви оилааш бистарист.

Раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон дар изҳороти қаблиаш навишта буд, ки аз моҳи январ то феврали имсол ба зукоме гирифтор шуд, ки ҳеч гоҳ аз сар нагузаронда буд. Вай гуфт, дар ин муддат ҳамсар ва писараш ҳам ба чунин зуком гирифтор шудаанд.

Зоиров пеш аз он изҳор дошта буд, ки коронавирус кайҳост, ба Тоҷикистон омадааст ва ҳоло кишвар марҳалаи савуми сироятёбии худро паси сар мекунад.

Ин замоне буд, ки мақомоти Тоҷикистон мавҷудияти коронавирусро рад карда, афзоиши беморон дар шифохонаҳои кишвар ва марги пайиҳами чанд нафар дар Душанбеву Суғду Хатлонро ба бемории илтиҳоби шуш рабт медоданд.

Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 30-юми апрел мавҷудияти коронавирусро тасдиқ кард. Ба иттилои расмӣ, то имрӯз дар кишвар 293 нафар ба COVID-19 сироят шуда, панҷ нафар аз ин беморӣ фавтидаанд.

XS
SM
MD
LG