Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ИА ба Тоҷикистон: ӯҳдадориҳои байналмилалии худро дар таъмини ҳуқуқи башар иҷро кунед


Намояндагиҳои дипломатии кишварҳои аврупоӣ аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо карданд, ки ӯҳдадориҳои байналмилалиашро дар заминаи таъмини ҳуқуқи башар иҷро бикунад. Дар изҳороте, ки рӯзи 5 май аз ҷониби намояндагии Иттиҳоди Аврупо, сафоратҳои Олмон ва Фаронса дар Тоҷикистон нашр шуд, нақши муҳими васоити ахбори умум ва рӯзноманигорони касбии тоҷик ба вижа дар марҳилаи пандемияи COVID-19 таъкид шудааст. Изҳороте, ки ба муносибати Рӯзи озодии матбуот нашр шуд, ба аҳамияти риоия озодии баён таъкид карда мегӯяд, “дар замони номуайянӣ дастрасӣ ба иттилои боэътимод ва воқеӣ муҳим аст ва пандемияи ҷаҳонии COVID-19 бори дигар собит кард, ки иттилои саривақтӣ ва дақиқ метавонад ҷони инсонҳоро наҷот диҳад”.

Дар идома гуфта шудааст, ки “шукуфоии дарозмуддат, амният ва суботи Тоҷикистон, инчунин пойдории ҷомеаи он пойбанд будан ба ҳимояи озодии сухан, кори босуръат ва гуногунҷабҳаи матбуот ва ҳам ҳуқуқи журналистон ба кор бидуни сензура ва тарси фишорро тақозо мекунад”.

Иттиҳоди Аврупо аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо кардааст, ки “озодии комили баён ва озодии матбуот бидуни маҳдудият барои расонаҳои интернетиву дигарҳо таъмин шавад”. Журналистон набояд “эҳсоси таҳдид ваё зарурати муомила бо ҳақиқати касбӣ ва меъёрҳоро эҳсос бикунанд, ки ба кори онҳо, расона, парвонаи кор ё аккредитатсия ва амнияти хусусии онҳо таҳдид бикунад”, омадааст дар изҳорот.

“Дастрасӣ ба интернети босуръат ва истифодаи бемамонеаи захираҳои иттилоотӣ на танҳо барои кори озоди матбут дар Тоҷикистон, балки барои рушди иқтисодии кишвар муҳим аст”.

Изҳороти сафирони кишварҳои аврупоӣ дар ҳоле нашр шуд, ки кормандони расонаҳои хабарӣ дар Тоҷикистон мегӯянд, бӯҳрони коронавирус мушкилоти озодии баён дар Тоҷикистонро аз гузашта ҳам бештар доғ кард ва журналистони мустақил аз дастрасии нокофӣ ба иттилои воқеӣ ва расмӣ, набуди тамоси миёни матбуот ва ҷомеаи шаҳрвандӣ бо давлат ба ҳангоми қабули қарорҳои муҳим ва сензураи COVID-19 интиқод карданд.

Дар ҳоле, ки мақомоти давлатӣ ба ин интиқодҳо вокуниш намекунанд, расонаҳои рӯ ба давлат бо чунин интиқодҳо розӣ нестанд.

XS
SM
MD
LG