Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳайати коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон расид


Коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ шаби 2-юми май ба Тоҷикистон расиданд. Онҳо гуфтанд, дар муқобила бо КОВИД-19 ба мақомот ёрӣ хоҳанд дод. Ҳайати СҶТ дар ҳоле ба Тоҷикистон расид, ки вақтҳои ахир интиқодҳо аз кори созмон дар кишвар зиёд шудааст.

Патрик О’Коннор, роҳбари ҳайати СҶТ, гуфтааст, сафари онҳо бо даъвати ҳукумати Тоҷикистон ва кумаки сохторҳои Созмони Миллати Муттаҳид сурат гирифт.

Ба гуфтаи О’Коннор, ҳайати онҳо бо мақомоти баландпоя, кормандони бахши тандурустӣ ва пизишкон вохӯрда, дар таҳияи механизмҳои вокуниш ва арзёбии хатар иштирок мекунанд.

“Ҷумҳурии Тоҷикистон чанде қабл дар бораи аввалин ҳолати гирифторшавӣ ба бемории КОВИД-19 хабар дод. Акнун мақсади мо кумак ба мақомот дар идора кардани паҳншавии вирус ва ҳамкорӣ бо намояндагии СҶТ дар кишвар аст,” - гуфтааст Патрик О’Коннор.

Бо ин вазъ, барномаи сафари ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ ба Тоҷикистон то ҳол пурра маълум нест. Намояндагии созмон дар Тоҷикистон ва ҳам Вазорати тандурустӣ то ҳол нагуфтаанд, ки ҳайат ба кадом минтақаҳои кишвар сафар карда, аз кадом макону бемористонҳо дидан мекунад.

Бархе аз корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ изҳори нигаронӣ мекунанд, ки ҳайат ба бемористонҳои асосӣ бурда нахоҳад шуд ва вазъи воқеиро нахоҳад донист. Ин дар ҳолест, ки дар бархе аз бемористонҳо карантиншудаҳоро гуруҳ-гуруҳ ба хона рухсат додаанд.

Ҳайати Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар шароите ба Тоҷикистон омадааст, ки интиқодҳо аз кори намояндагии ин созмон дар Душанбе зиёд аст.

Як рӯз пеш намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз амалкарди Галина Перфилева, намояндаи Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ дар кишвар нигаронӣ карданд, ки то ин вақт аз набудани коронавирус дар кишвар мегуфт ва танҳо як ҳафта қабл мавқеашро дигар кард.

Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҳайати СҶТ хостанд, аснои сафар ба Тоҷикистон аз вазъи беҳдошти зиндонҳо ва беморхонаҳое, ки гирифторони эҳтимолии коронавирус дар онҷо бистарианд, дидан намоянд.

Коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ тавассути ҳавопаймои ширкати “Сомон Эйр” аз Олмон ба Тоҷикистон омаданд. Дар ин ҳавопаймо 3,6 тонна маҳлули беҳдоштӣ, дору ба гирифторони ВИЧ ва бархе аз шаҳрвандони бандмондаи Тоҷикистон дар Олмон оварда шуданд.

XS
SM
MD
LG