Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ: Ҳадафи мо кумак ба Тоҷикистон аст


Беморхонаи рақами яки Душанбе. 27 апрели соли 2020
Беморхонаи рақами яки Душанбе. 27 апрели соли 2020

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ мегӯяд, ки вазифаи аслии коршиносони ин созмон “кӯмак ба мақомоти тоҷик дар омода шудан ба пайдоиш ва паҳншавии COVID-19 мебошад”. Дар ин бора дар як посухи расмӣ ба муроҷиати имейлии Радиои Озодӣ Люба Негру, масъули дафтари матбуоти бахши аврупоии СҶТ дар Копенҳаген посух дод. Дар имейле, ки шоми 27 апрел ба унвонии Радиои Озодӣ расид, ин созмон мегӯяд, ки тими мутахассисони СҶТ барои сафар ба Тоҷикистон омода аст, вале бо сабаби мушкили парвоз дар замони пандемияи коронавирус, омодагӣ “фурсати нисбатан бештарро тақозо мекунад”. Ин дар ҳолест, ки раиси намояндагии СҶТ дар Тоҷикистон Галина Перфилева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ изҳори умедворӣ кард, ки ҳавопаймое, ки рӯзи 1 май ба Франкфурт парвоз мекунад, мутахассисони аврупоиро дар бозгашт бо худ ба Тоҷикистон меорад. Феълан мушаххасоти ин парвоз маълум нест.

Сафари мутахассисони СҶТ ба Тоҷикистон дар паи мувофиқа бо мақомоти тоҷик сурат мегирад, ки исрор меварзанд дар Тоҷикистон ҳодисаҳои олудагӣ ба COVID-19 вуҷуд надорад. Вале ин мавқеи мақомот бо сабаби хабарҳо аз гирифтории даҳҳо сокин ба пневмония ва даргузашти чандин нафар бар асари ин беморӣ мавриди шубҳаи як бахши мардум шудааст. “Мо санҷишҳои тестиро мустақим барпо намекунем, вале нақшаи мо ҳамкории даст ба даст бо мақомот ба хотири дилпурӣ ба омодагии кишвар дар заминаи пайдоиши COVID-19 ва паҳншавии он аст ва ин омодагӣ тавонмандиҳои лабораториро низ дар назар мегирад”, мегӯяд Люба Негру.

Ӯ гуфт, ки ҳайати коршиносон дар баробари дидор бо мақомоти тоҷик инчунин бо вазъи кишвар аз наздик шинос мешавад, “то механизми вокуниши зарурӣ барои муқобила бо хуруҷи COVID-19, дар ҳолати зарурӣ таҳия шавад”. Ба саволи Радиои Озодӣ дар бораи ин ки то куҷо ҳайати СҶТ бо вазъи воқеӣ ошно мешавад, гуфт, “аъзои ҳайат бо мақомоти тоҷик дар рӯҳияи ҳамкорӣ ва шаффофият кор хоҳанд кард”.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки дархости СҶТ барои дидори коршиносон аз кишвар рӯзи 21 апрел ба дасти онҳо расид. Ба эҳтимоли ғолиб ин ҳайат аз се мутахассиси дафтари аврупоии СҶТ иборат мешавад ва онҳо то 4-5 рӯз дар Тоҷикистон мемонанд. Баъди Тоҷикистон ба Туркманистон хоҳанд рафт, ки мақомоти он кишвар низ исрор меварзанд, ки ҳолатҳои олудагӣ ба коронавирус дар он ҷо вуҷуд надорад.

Сафири Тоҷикистон дар Швейсария Ҷамшед Ҳомидов рӯзи 27 апрел дар як сӯҳбати телефонӣ ба Радиои Озодӣ гуфт, ки қабл аз матраҳ шудани мавзӯи сафари мутахассисон, Тоҷикистон аз СҶТ дархост карда буд, ки ба ин кишвар кӯмаки фаннии тиббӣ расонида шавад. Ба гуфтаи сафир, Тоҷикистон дар бораи эҳтиёҷ ба “маводи дезинфексионӣ, ниқобу сарулибоси муҳофизатии тиббӣ ба хотири пешгирӣ аз паҳншавии эҳтимолии сироят” хабар дода буд. Галина Перфилева мегӯяд, ки сафари коршиносон ҷудо аз интиқоли кӯмакҳои ин созмон сурат мегирад ва ҳавопаймо ба Тоҷикистон дар охири ҳафта танҳо худи гурӯҳи мутахассисонро интиқол медиҳад.

Хабари сафари қарибулвуқӯи ҳайати СҶТ-ро бисёриҳо дар Тоҷикистон ба хотири нуқта гузоштан дар баҳсу овозаҳои атрофи масъалаи мавҷудият ваё набуди коронавирус дар ин кишвар муҳим арзёбӣ мекунанд.

XS
SM
MD
LG