Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Корона дар ҷаҳон. Карантин дар Макка, 4 моҳ таътили мактабҳо дар Италия ва иҷозаи берун рафтани кӯдакон дар Испания


Марказҳо ва вебсайтҳое, ки омори коронавирусро пайгирӣ мекунанд, шоми якшанбеи 26-уми апрел гузориш доданд, ки шумораи гирифторон ба КОВИД-19 дар ҷаҳон ба ҳудуди 3 миллион нафар расида, беш аз 205 ҳазор тан аз онҳо ҷон бохтаанд.

Бо ин вуҷуд, талафоти рӯзона дар кишварҳое, ки аз ҳама бештар аз ин беморӣ осеб дида буданд, рӯ ба коҳиш аст. Аз ин сабаб, бархе аз кишварҳо қадам ба қадам маҳдудияҳои ҷоришударо бекор мекунанд.

Дар Испания барои бори аввал пас аз шаш ҳафта кӯдакон аз хона берун рафтанд. Дар Бритониё эълон шуд, ки нахуствазир ба сари кор бозгашта ва дар Фаронса низ қарор аст ҷузъиёяти бекор кардани карантин ба зудӣ эълом шавад. Дар ҳафтаҳои ахир беш аз ниме аз аҳолии ҷаҳон дар карантин буданд.

Дар Амрико шумораи гирифторон ба 950 ҳазор тан ва шумораи ҷонбохтагон ба беш аз 54 ҳазор нафар расидааст. Ин ба он маъно аст, ки аз се як ҳиссаи гирифторон ва аз чаҳор як ҳиссаи қурбониёни ин беморӣ дар ҷаҳон, дар Амрико мебошанд.

Бо ин ҳол, кашмакашҳо байни Кохи Сафед ва бархе иёлатҳо бар сари замони бекор кардани маҳдудиятҳо идома дорад. Дар ин миён, аз ҷумла бархе иёлатҳо аз рӯзи якшанбе ва бо вуҷуди тавсияҳои коршиносон, бекор кардани маҳдудиятҳоро оғоз карда, ба ҳазорон тан иҷоза доданд ба сари кор баргарданд.

Аммо дар Аврупо ҳар рӯз кишварҳои бештаре маҳдудиятҳои ҷоришударо бекор мекунанд. Аз ҷумла, дар Испания кӯдакон пас аз шаш ҳафта иҷозат ёфтанд аз хона берун раванд.

Дар Испания бар асари ин беморӣ беш аз 23 ҳазор ҷон бохтанд. Ин кишвар рӯзи 14-уми март карантин эълон карда буд. Бинобар муқаррароти нав, кӯдакони зери 14-сола метавонанд як бор дар давоми рӯз ҳамроҳи як калонсол берун аз хона бозӣ кунанд.

Мақомҳои тандурустии Испания рӯзи якшанбе аз марги 288 нафар дар шабонарӯзи ахир бар асари КОВИД-19 хабар доданд, ки камтарин талафот дар чаҳор ҳафтаи ахир ба шумор меравад.

Дар Италия низ, ки бештарин талафот дар Аврупоро дорад ва ҳудуди 26 ҳазор нафар бар асари коронавирус ҷон бохтаанд, маҳдудиятҳо дар ҳоли бекор шудан аст. Бахши зиёде аз корхонаҳо ва дигар бахшҳои иқтисодии Италия ин ҳафта ба кор шуруъ мекунад ва масъулини ин кишвар рӯзи якшанбе эълом карданд, ки мактабҳо дар моҳи сентябр боз хоҳанд шуд.

Дар Бритониё низ эълом шудааст, ки вазъияти саломии Борис Ҷонсон, нахуствазири ин кишвар комилан хуб шуда, ӯ шоми якшанбе ба дафтари кораш рафтааст.

Дар Фаронса низ қарор аст рӯзи сешанбе ҷузъиёти "лағви карантин"-ро эълом кунанд.

Дар Олмон ҳам бархе мағозаҳо ва фурӯшгоҳҳо аз чанд рӯз пеш боз шудаанд ва дар бархе кишварҳои дигар, аз ҷумла, Ҷумҳурии Чех ва Белгия то андозае маҳдудиятҳоро бекор кардаанд.

Дар кишварҳо исломӣ, ки аксарияти онҳо рӯзи ҷумъа моҳи Рамазонро оғоз карданд, низ маҳдудиятҳои ҷоришуда идома дорад. Дар Арабистони Саудӣ, ки чанд ҳафта пеш карантин эълон шуда буд, ба бархе фурӯшгоҳҳо иҷоза доданд, ки баъд аз ифтор ба таври маҳдуд фаъолият кунанд.

Аммо бо ин ҳол, маҳдудиятҳо дар шаҳрҳои Макка ва Мадина идома меёбанд ва Масҷид Ал-Ҳаром баста аст.

Созмони ҷаҳонии тандурустӣ ҳушдор додааст, ҳеҷ замонате вуҷуд надорад, афроде, ки аз коронавирус шифо ёфтанд, бори дигар ба ин беморӣ гирифтор намешаванд.

XS
SM
MD
LG