Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон оташбаси моҳи Рамазонро рад карданд


9 апрел ҳукумат гурӯҳи саднафарии Толибонро аз зиндон озод карданд
9 апрел ҳукумат гурӯҳи саднафарии Толибонро аз зиндон озод карданд

Толибон пешниҳоди ҳукумати Афғонистон барои ҷорӣ кардани оташбас дар моҳи Рамазонро дар пасманзари ихтилофҳо дар ҷараёни сулҳ ҳамчун тасмими “ғайримантиқӣ” рад карданд. Даъват ба оташбас дар Рамазон рӯзи 23 апрел дар остонаи фарорасии моҳи мубораки мусалмонҳо аз забони президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ садо дод. Суҳайл Шоҳин, сухангӯи Толибон ин даъватро рад кард ва гуфт, ки ҷангиён бо сабаби ихтилофҳои идомаёбанда бо ҳукумат бар сари созиши воқеии сулҳ ва ҳам таъхир дар табодули зиндониҳо ҳамлаҳои мусаллаҳонаро бас намекунад. Шоҳин дар Твиттераш навишт, ки “дархости оташбас мантиқӣ ва боварибахш нест” ва ҳукумати Афғонистонро барои ба хатар андохтани ҷони маҳбусон дар шароити пандемия гунаҳгор кард. Созиши таърихии сулҳи ИМА ва Толибон, ки 29 феврал имзо шуд, хатми ҷанги 18-сола дар Афғонистонро ҳадаф қарор додааст ва озодкунии 5 ҳазор Толибон ва 1 ҳазор узви нирӯҳои ҳукуматӣ аз зиндонҳо як шарти ин созиш аст.

XS
SM
MD
LG