18 созмону шахсияти алоҳида ба намояндагӣ аз ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ тақозо кардаанд, ки ба суолҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар робита ба коронавирус посух диҳад.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ аз ҷумла аз Вазорати тандурустӣ пурсидаанд, ки ба тестҳое, ки Тоҷикистон аз Русия ва Чин овардааст то куҷо метавон бовар кард? Масъулини Вазорати тандурустӣ мегӯянд, то имрӯз дар кишвар сироятёбӣ ба бемории КОВИД 19 ба қайд гирифта нашудааст, ҳарчанд чанд марги шубҳаноки шаҳрвандон дар рӯзҳои ахир нигарониҳоро бештар кардааст.
Мактуби ҷомеаи шаҳрвандӣ аз номи 18 созмону шахсияти алоҳида, аз ҷумла, "Асотсиатсияи ҳуқуқшиносони Помир", "Машваратчиёни халқии Ҷумҳурии Тоҷикистон", "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ", "Дунёи ҳуқуқ", "Центр по правам человека", "Нотабене" ва ғайра рӯзи 20-уми апрел ба Вазорати тандурустӣ ирсол шудааст.
Дар мактуби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ омадааст, "эътимоднокии тестҳои санҷишӣ дар Русия зери шубҳа гузошта шуданд ва маҷмӯи тестҳое, ки дар Чин истеҳсол мешаванд, нуқсон доранд, мехостем дақиқ намоем, ки Вазорати тандурустӣ барои азнавсанҷии натиҷаҳои тестӣ ва таҳлил чӣ кор мекунад? Оё ин тестҳо аз аккредитатсияи байналмилалӣ гузаштаанд? Оё онҳоро ТУТ (ВОЗ) тасдиқ кардааст?"
Ин бори аввал нест, ки натиҷаҳои тестҳои тавлидшуда дар Русия ва Чин, ки ба Тоҷикистон дода шудааст, зери шубҳа қарор мегирад. Мақомоти бархе кишварҳо, аз ҷумла Белорусия гуфтанд, тестҳое, ки дар Русия бахусус дар маркази илмии "Вектор" тавлид шудаанд, танҳо 30 дарсад посухи дуруст медиҳанд. Аммо мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон ин интиқодро рад карда, мегӯянд, натиҷаи тестҳои онҳо ба ҷуз аз Тоҷикистон, дар озмоишгоҳҳои хориҷ, аз ҷумла Лондон санҷида мешавад.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон аз Вазорати тандурустӣ пурсидаанд, ки дар шароите, ки парвозҳо қатъ шудаанд, "санҷишҳо ва натиҷаҳои лабораторӣ чӣ тавр дубора санҷида мешаванд?"
Дилрабо Самадова, роҳбари ташкилоти ҷамъиятии "Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ" ва яке аз муаллифони нома ба Вазорати тандурустӣ мегӯяд, "аз он нигаронанд, ки ҳуқуқҳои инсон дар вақти пандемия риоя шавад". Хонум Самадова афзуд, дар сурати карантин ва баста шудани марзҳо, ҳуқуқҳои инсон метавонад зери хатар монад.
Масъулoни Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯянд, мактуби намояндагони ҷомеаи шаҳрвандиро дарёфт карда, онро баррасӣ доранд.
Тоҷикистон аз камтарин кишварҳои ҷаҳон аст, ки ба гуфтаи мақомот то ҳол сироят ба вируси нави корона ба қайд гирифта нашудааст. Аммо дар ҳафтаҳои ахир марги ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, як табиб дар шаҳри Бохтар ва ахиран марги як додситон дар шаҳри Душанбе баҳсҳоеро доғ кардааст, ки оё дар ҳақиқат коронавирус дар Тоҷикистон нест?
Мақомот марги баҳсбарангези чанд шаҳрвандро, ки бархеҳо онро ба сироят аз коронавирус рабт медоданд, рад карда, вафоти онҳоро аз дигар бемориҳо гуфтаанд. Аз ҷумла, Вазорат гуфт, ду сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов аз пневмония, як духтур дар шаҳри Бохтар аз бемории сил ва додситоне дар Душанбе аз "бемории зукоми А (H1N1) илтиҳоби дутарафаи шуш" фавтидааст.
Намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ дар пайи ин изҳороти Вазорати тандурустӣ аз ин ниҳод талаб кардаанд, ки омори гирифторшавии шаҳрвандон ба илтиҳоби шуш (пневмoния), сил (туберкулез), домана (брюшной тиф)-ро дар cемоҳи аввали соли 2019 ва соли 2020-ро эълон кунад.
Шодихон Ҷамшед, муовини вазири тандурустӣ, шоми 17-уми апрел гуфт, коронавирус дар Тоҷикистон нест, аммо бо тағйири ҳарорат ва сардии ногаҳонии чанд рӯзи пеш гирифторӣ ба илтиҳоби шуш авҷ гирифтааст.
Баъзе корбарон ин гуфтаҳои Шодихон Ҷамшедро зери суол бурда, мепурсанд, ки чаро дар фасли зимистон пневмония зиёд нашуд, вале ҳоло шумораи гирифторони ин беморӣ афзоиш ёфтааст.
Бархе аз коршиносони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бемориро яке шаклҳои зуҳури КОВИД-19 мешуморанд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, аз аввали моҳи феврал то 20-уми апрел 8212 нафар карантин шуда ва 7129 нафарро ҷавоб доданд. Бақия дар карантин будаанд.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!