Мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон хабари Радиои Озодиро дар бораи фавти як марди 60-сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов тасдиқ карда ва гуфтанд, ки ӯ аз бемории пневмония ё илтиҳоби шуш фавтидааст.
Ин изҳорот дар ҳоле садо дод, ки Радиои Озодӣ аз таҳти карантин гирифта шудани 11 корманди беморхонаи ин ноҳия пас аз фавти марди 60-сола хабар дод. Мақомоти тандурустии вилояти Суғд дар як нишасти хабарӣ бо коронавирус рабт доштани ин рӯйдодҳоро рад карданд, вале гуфтанд, 13 нафар -- кормандони тиб ва хешу наздикони бархе аз афрод дар беморхонаи сироятии шаҳри Хуҷанд таҳти карантин гирифта шудаанд.
Онҳо гуфтанд, санҷиши луоби ин афрод мaвҷудияти коронавирусро рад кардааст. Аммо ин мақомот нашри варақаи натиҷаҳои озмоишро салоҳияти Вазорати тандурустии Тоҷикистон номиданд. Вазорат иттилоъ дод, ки марги сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов ба коронавирус рабт надорад, аммо таъйид намуд, ки табибони ин беморхонаро бо таби баланд ба карантин фиристоданд ва вазъи онҳо хуб аст.
Бибихонум Дарвешзода, сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон рӯзи 6-уми апрел дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки сокини 60-солаи ноҳияи Ҷаббор Расулов қабл аз марг аз ташхиси коронавирус гузашта буд ва нишонҳои ин вирус дар ӯ тасдиқ нашуд. Бо ин ки вазорати тандурустӣ марги ин сокини ноҳияи Ҷаббор Расуловро аз коронавирус рад мекунад, аммо ҳамзамон тасдиқ мекунад, ки табибони беморхонаи ноҳияро, ки ин мард зери муоинаи онҳо қарор дошт, ба карантин фиристонад.
Сухангӯи вазорат аз ҷумла тасдиқ кард, ки Алишер Абдукаримов, муовини сардухтур таби баланд дошт ва бинобар ҳамин ба карантин фаро гирифта шуд. Дарвешзода вазъи саломатии муовини сардухтурро "на ба он сатҳ бад", гуфт. Ҳамроҳи ӯ гурӯҳи табибони беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов низ ба карантин фиристода шудаанд.
Маъруфон Ҳоҷибоев, муовини сардори раёсати тандурустии вилояти Суғд дар як нишасти хабарӣ дар шаҳри Хуҷанд гуфт: "Дар онҳо илтиҳоби болои роҳи шуш ошкор гардида, 2 нафар ҳарорат доштанд, ки ҳоло паст шудааст. Дар ҳоли ҳозир дар вилояти Суғд ягон нафар гирифтори коронавирус ба қайд гирифта нашудааст."
Хабари даргузашти як мард дар ноҳияи Ҷаббор Расулов ва карантин кардани табибони беморхона сару садоҳоеро дар шабакаҳои иҷтимоӣ ва миёни сокинон ба миён овард. Бархе мақомотро ба пинҳонкорӣ муттаҳам карданд. Аз ҷумла ин, ки то куҷо дар минтақаҳои Тоҷикистон тести коронавирус дастрас шудааст, ки мақомот марди фавтида дар Ҷаббор Расуловро аз ташхис гузарониданд.
Аммо сухангӯи Вазорати тандурустии Тоҷикистон мегӯяд, беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов мисли дигар беморхонаҳои кишвар дар карантин буд. Ӯ дар шарҳи нобовариҳо ба гуфтаи мақомот дар бораи набуди коронавирус дар кишвар гуфт, ки ташхиси 22 нафари шубҳанокро ба Лондон фиристонданд ва мавҷудияти коронавирус дар онҳо тасдиқ нашуд.
Дарвешзода ҳамчунин дар иртибот ба фиристодани табибон ба карантин гуфт, ки чунин таҷриба аст, ки пизишконе, ки ба муолиҷаи афроди дар карантинбуда машғуланд, барои ду ҳафта зери муоина қарор мегиранд. Ба гуфтаи Мирҳомуддин Камолзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии Тоҷикистон, ташхиси ин марди 60-сола дар озмоишгоҳи коронавирусӣ дар Душанбе анҷом ёфт. Ӯ гуфт, пас аз он сурат гирифт, ки ин мард бо доштани ҳарорати баланду сурфа ба беморхонаи ноҳияи Ҷаббор Расулов муроҷиат кард.
Оқои Камолзода санаи дақиқи анҷоми ин ташхисро нагуфт ва афзуд, ки он охирҳои моҳи март сурат гирифтааст ва метавонанд намунаи онро дар сомонаи расмии вазорат нашр кунанд. Ба гуфтаи муовини вазири тандурустии Тоҷикистон, айни ҳол ба ҷуз Душанбе, дар дигар минтақаҳои кишвар имкони анҷоми ташхиси коронавирус вуҷуд надорад ва намунаҳои озмоиш аз афроди гумонбар гирифта шуда, ба пойтахт ирсол мешавад.
"Дар ҳамаи минтақаҳои Тоҷикистон гурӯҳҳои мобилӣ ташкил намудем, вазифаи онҳо аз ин иборат аст, ки зимни дарёфти гумонбарон, аз онҳо намунаҳои озмоиширо гирифта, ба маркази ҷумҳурӣ ирсол кунанд. Дар марказ мо 8 вирусолог дорем, ки ба таври шабонарӯзӣ фаъолият мекунанд. Ҳамаи таҳлилҳоро танҳо онҳо мегузаронанд. Айни ҳол зарурурияти ташкили озмоишгоҳҳои вирусологиро дар минтақаҳо намебинем, дар сурати зарурат пайдо шудан ташкил мекунем" - афзуд вай.
Ба таъкиди Камолзода, тибқи дастурҳои Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, ташхиси коронавирус танҳо аз афроде, ки аз кишварҳои гирифтор ба ин вирус баргаштаанд, онҳое, ки бо беморони КОВИД-19 дар тамос будаанд ва низ аз афроде, ки дар озмоишгоҳҳои коронавирусологӣ кор мекунанд, гирифта мешавад.
Аммо ба қавли ӯ, онҳо бо мақсади муайян намудани гардиши вирус дар ҷумҳурӣ, афродеро, ки бо илтиҳоби шуш, илтиҳоби роҳи нафас низ муроҷиат мекунанад, аз ташхис мегузаронанд. Муовини вазири тандурустӣ таъкид намуд, ки то имрӯз наздики севуним ҳазор нафарро, ки дар карантин будаанд, аз ташхиси гузарониданд ва дар ҳеҷ кадоме аз онҳо аломатҳои коронавирус ошкор нашудааст. Ӯ мегӯяд, то ҳол 27 ҳазор тест ба Тоҷикистон ворид шудааст.
Ба иттилои Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ, то имрӯз 6 ҳазору 151 нафаре, ки ба Тоҷикистон аз хориҷ омадаанд, ба карантин фаро гирифта шудаанд. Мақомот мегӯянд, аз ин шумора 4 ҳазору 46 нафар ба хонаҳояшон рухсат дода шуда, айни ҳол 2 ҳазору 105 нафар дар карантин қарор доранд.