Бо гузашти ду рӯз аз манъи парвози ҳавопаймоҳо ба Тоҷикистон муроҷиат ба мақомоти расмӣ барои бозгардонидани шаҳрвандони дармонда дар фурудгоҳҳо афзудааст.
Муҳоҷирон дар Русия ва онҳое, ки парвозҳояшон аз рӯзи 20-уми март боздошта шуд, ҳам аз тариқи шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳам бо муроҷиат ба намояндагиҳои дипломатии Тоҷикистон мехоҳанд, илоҷе карда, мардумро ба ватан бирасонанд.
Рӯзи якшанбе гурӯҳе аз мусофирон, ки билетҳои ширкати “Туркиш Эйрлайн”-ро доштаанд, бо ирсоли муроҷиати видеоӣ ба Радиои Озодӣ гуфтанд, теъдодашон ба 100 нафар мерасад ва агар онҳоро ба зудӣ ба Тоҷикистон наёранд, мумкин аст, моҳҳо дар Туркия дармонанд.
Шоира Олимова, яке аз онҳоест, ки дар фурудгоҳи Истанбул дармондааст. Ӯ бо нашри муроҷиатномае ба номи раҳбарони Тоҷикистон гуфтааст, агар мушкили онҳо ҳал нашавад ва мардумро ба Душанбе барнагардонанд, мумкин аст, то чанд рӯзи дигар ин афрод пули рӯзгузарониашон тамом шавад. Муроҷиатномае, ки ӯ дар Фейсбук нашр кардааст ва ба Радиои Озодӣ ҳам фиристод ба қавли Шоира Олимова аз номи 150 мусофир аст. Шоира Олимова дар ин видео вазъи ба амаломадаро чунин нақл кард.
Шоҳрӯз Шарипов, сокини ноҳияи Панҷ ва донишҷӯ, ки барои таҳсил аз Маскав ба Душанбе баргаштанист, ба Радиои Озодӣ гуфт, ки бояд рӯзи 20-уми март ба Душанбе мерафт, аммо парвози ҳавопаймоҳояшонро лағв карданд ва ҳоло намедонад, ки кай парвозҳо сурат мегиранд. Ӯ гуфт, дар миёни онҳо афроде ҳастанд, ки мӯҳлати эътибори санадҳояшон ба поён расидааст ва ё бемороне ҳастанд, ки баъд аз муолиҷа бояд ба Тоҷикистон баргарданд. Мусоҳиби Радиои Озодӣ шикоят кард, ки ба доди мусофирон касе аз мақомоти расмии Тоҷикистон намерасад.
Видеоеро корбаре аз фурудгоҳи Внуково ба Радиои Озодӣ фиристод, ки вазъи бадтареро нишон медиҳад. Дар ин видео мардуми зиёде дар фурудгоҳ хобидаанд ва ба қавли муаллиф се рӯз боз мунтазир хабаре ҳастанд, ки онҳоро иҷозаи парвоз медиҳанд, ё не. Худи муаллифи видео вазъро чунин тасвир мекунад.
Видеои дигаре, ки аз фурудгоҳи Жуковский ба дасти Радиои Озодӣ расид, айни ҳол ва мусофирону муҳоҷирони зиёдеро нишон медиҳад, ки ҳарҷо хобидаанд.
Давлати Тоҷикистон аз бими сирояти коронавирус парвози ҳавопаймоҳо ба қаламравашро аз рӯзи 20-уми март бе эълони пешакӣ ва ба таври ногаҳонӣ қатъ кард. Ҳадафи дастур ба гуфтаи Агентии авиатсияи граждании Тоҷикистон ”пешгирии паҳншавии бемории коронавирус ва таъмини амнияти шаҳрвандони Тоҷикистон аст.”
Барои чунин эълони ногаҳонӣ, мақомоти Тоҷикистонро танқид карданд, ки мусофирони зиёдеро ба ҳоли худ ва дар вазъи ногуворе гузоштаанд, ҳарчанд метавонистанд, бо истисно онҳоеро, ки дар рӯзҳои наздик билет доштанд, имкони сафар бидиҳанд. Баъди манъи парвозҳо ширкатҳои дохилӣ аз ҷумла “Сомон Эйр” ва “Тоҷик эйр” ду-се дафъаи парвозҳои истисноӣ анҷом доданд ва теъдодеро баргардонданд, аммо садҳо нафар бахусус дар Русия дар фурудгоҳҳо мунтазиранд ва ё ночор ба хонаҳояшон баргаштаанд. Мақомоти расмӣ дар ин рӯзҳои идонаи Наврӯз, ки рӯзҳои таътил низ ҳаст, доир ба мушкилоти муҳоҷирон ва ё имкони бозгардонидани онҳо чизе нагуфтаанд.
Танҳо вазорати вазорати корҳои хориҷӣ рӯзи 21-уми март бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ гуфт, "бинобар муваққатан қатъ шудани ҳамаи парвозҳо байни Тоҷикистон ва кишварҳои хориҷӣ аз 20 марти 2020 ба манзури пешгирӣ аз интишори коронавируси нав (COVID-19) дар кишвар вазорат, намояндагиҳои дипломатӣ ва консулӣ дар хориҷа ба шаҳрвандони кишвар дар ҳалли мушкилоти пешомада мусоидати зарурӣ мерасонанд."
Вазорат аз шаҳрвандон даъват кардааст, ки "бо дарки масъулият тадбирҳои ҷиҳати пешгирӣ аз шуюи коронавирус андешидашударо қабул намуда, оромиро нигоҳ доранд ва ба қадри имкон ҷойи зисти доимӣ ё муваққатии худро тарк накунанд, инчунин чораҳои маҳдудкунанда ҷиҳати пешгирии бемории ҳамагирро риоя кунанд."
Вазорат нишониву телефонҳои намояндагиҳои дипломатӣ дар хориҷаро нашр карда ва аз шаҳрвандон хостааст, дар сурати зарурат ба онҳо муроҷиат кунанд.