Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия вуруди хориҷиҳоро ба қаламраваш то 1 май маҳдуд кард


Михаил Мишустин, нахуствазири Русия
Михаил Мишустин, нахуствазири Русия

Ҳукумати Русия эълон кард, ки бо ҳадафи пешгирӣ аз паҳншавии коронавирус аз 18-уми март то 1-уми майи имсол вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрвандро ба қаламраваш манъ мекунад. Ба ин қатор ҳазорҳо шаҳрванди Тоҷикистон, ки ҳар сол дар айёми баҳор барои кор ба Русия мерафтанд, низ шомиланд. Аммо қарор ба дипломатҳо, ронандагони мошинҳои боркаши байналмилалӣ, сарнишинони ҳавопаймову киштиҳо, ҳайатҳои расмӣ, соҳибони санади иқомати доимӣ дар Русия ва ҳамчунин мусофироне, ки Русияро ба ҳайси масири транзитӣ интихоб кардаанд, дахл надорад.

То имрӯз дар Русия беш аз 90 мавриди гирифтор шудани сокинон ба вируси нав тасдиқ шудааст.

Дафтари матбуоти ҳукумати Русия 16-уми март гуфт, сарвазир Михаил Мишустин пеш аз эълони тасмим бо ҳамтоёнаш аз чанд кишвари пасошӯравӣ, аз ҷумла нахуствазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода, суҳбати телефонӣ дошт. Мишустин ба ҳамтоёни худ гуфта, ки чораҳои андешидаи Русия муваққатӣ ва дар заминаи тавсияҳои Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ аст.

"Дар ҷараёни суҳбатҳо вазъияти вобаста ба вируси нав баррасӣ шуд. Мишустин раҳбарони ҳукуматҳоро хабардор кард, ки ҳукумати Русия барои таъмини амнияти давлат, ҳизфи сиҳҳатии мардум ва пешгирӣ аз сирояти коронавирус чунин тасмим гирифт", - омадааст дар хабари расмӣ.

Дар банди аввали қарори ҳукумати Русия гуфта шудааст, ки "ФСБ рӯзи 18-уми март муваққатан вуруди шаҳрвандони хориҷӣ ва афроди бешаҳрванд, аз ҷумла сокинони Беларусро маҳдуд мекунад."

Ин тасмим дар ҳоле гирифта шудааст, ки моҳҳои апрелу май мавсими баҳории рафтани муҳоҷирони кории тоҷик ба Русия аст. Аксари онҳо ҳаққи шаҳрвандӣ ё санади иқомати доимии Русияро надоранд ва ин қарор роҳи онҳоро ба қаламрави ин кишвар муваққатан баст.

Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, соли гузашта тақрибан ним миллион аҳолии кишвар ба хориҷа, аз ҷумла Русия рафтаанд. Муҳоҷирони кории тоҷик соли гузашта ба воситаи бонкҳо ба кишвар 2,7 миллиард доллар фиристоданд.

То ҳол ҷониби Тоҷикистон ҷузъиёти суҳбати сарвазир Қоҳир Расулзодаро бо раиси ҳукумати Русия дар бораи чораҳои пешгирӣ аз коронавирус ва масъалаи беш аз чиҳил рӯз баста шудани роҳи муҳоҷиронро ба он кишвар эълон накардааст.

Аммо Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 16-уми март бо нашри иттилоия аз сокинон хост, ки муваққатан аз сафар ба Узбекистону Қазоқистон худдорӣ варзанд ваё ин кишварҳоро ба ҳайси кишвари транзитӣ истифода накунанд. Дар Қазоқистон 9 ва дар Узбекистон 8 мавриди гирифтор шудани сокинон ба коронавирус тасдиқ шудааст.

Узбекистон рӯзи 16-уми март эълон кард, ки сарҳадҳоро муваққатан бо кишварҳои дигар, аз ҷумла Тоҷикистон баста, иртиботи ҳавоӣ ва заминиро қатъ намудааст. Ба ин далел шаби гузашта даҳҳо муҳоҷири тоҷик ҳангоми бозгашт аз Русия дар марзи Қазоқистону Узбекистон дармонданд ва танҳо баъд аз ҳабдаҳ соат иҷозаи гузаштанро гирифтанд.

Коронавирус, ки охири соли гузашта дар Чин кашф шуд, то кунун дар даҳҳо кишвари ҷаҳон ба беш аз 160 ҳазор нафар сироят карда, боис ба марги беш аз шаш ҳазор нафар шудааст. Мақомоти кишварҳо мегӯянд, коронавирус натанҳо боис ба талафоти ҷонӣ шудааст, балки ба иқтисоди кишварҳо низ зарбаи сахте задааст.

XS
SM
MD
LG