Президенти Русия Владимир Путин қонун дар бораи тағйирот ба конститутсияро имзо кард. Акнун онро бояд додгоҳи конститусионӣ баррасӣ кунад ва барои овоздиҳӣ ба рефернедум ё ҳамапурсии мардумӣ гузорад. Матни қонун, ба ҷуз тағйироти дигар, инчунин тавозуни қудрат дар кишвар, имкони аз мақом барканор кардани додрасҳои Додгоҳи конститутсионӣ ва Додгоҳи олӣ, ба ҳеҷ ё сифр баробар кардани мӯҳлатҳои гузаштаи президентии Владимир Путин ва Дмитрий Медведевро дар назар мегирад. Ин тағйирот ба ҳардуи онҳо ҳақ медиҳад, ки ба ду мӯҳлати дигар ҷӯёи курсии президентӣ шаванд.
Тарҳи қонун бидуни мухолифати ҳатто як вакил дар Думаи давлатӣ қабул шуд. Дар Шӯрои федератсия танҳо як нафар мухолиф овоз дод. Баъди ин ҳама маҷлисҳои минтақаҳои Русия ҳам бо тарҳи қонун мувофиқат карданд.
Радио “Свобода” муҳимтарин тағйироти конститутсионии Русияро номбар кардааст:
- Президент ҳақи доштани шаҳрвандии кишвари хориҷиро надорад
- Президент ин мақомро беш аз ду мӯҳлат ишғол карда наметавонад (вожаи “паиҳам” ҳазв шудааст)
- Мақомдорон ҳақ надоранд шаҳрвандии кишварҳои хориҷиро дошта бошанд
- Конститутсия дар муқобили қонунҳои байналмилалӣ бартарият дорад
- Думаи давлатӣ номзадии нахуствазир ва вазирони сохторҳои ғайринизомиро тасдиқ мекунад. Айни чунин ҳақро дар нисбати сохторҳои қудратӣ Шӯрои федератсия дорад. Президент онҳоро баъди машварат таъин мекунад
- Президент ҳақ дорад дар ҳолати се дафъа рад шудани беш аз сеяки номзадҳо ба мақоми вазирӣ Думаи давлатиро пароканда кунад
- Президент метавонад раиси кабинаи вазиронро бидуни тағйири ҳукумат дигар кунад
- Ҳақи иловагии президент барои ветои қонунҳо. Қонун ҳамоно баъди аз ҷониби парлумон қабул шуданаш бояд аз ҷониби президент имзо шавад. Вале иловаи нав баррасии қонун аз ҷониби Додгоҳи конститутсиониро ҳам тақозо мекунад. Агар додгоҳи мазкур қонунро қабул кард, президент дар давоми се рӯз онро имзо мекунад ва ё ба Дума бармегардонад.
- Додрасҳои додгоҳҳои оливу конститутсионӣ бо пешниҳоди президент аз ҷониби Шӯрои федератсия таъин мешаванд. Шумори додрасҳо аз 19 ба 11 нафар коҳиш меёбад.
- Президенти собиқ масуният дорад ва танҳо дар натиҷаи импичмент ё радди салоҳият аз масуният маҳрум мешавад. Президенти собиқ метавонад сенатори якумрӣ шавад.
- Забони давлатӣ русӣ аст, чун ин забони “мардумест, ки давлат бар асоси он эҷод шудааст”. “Кӯдакон – дар авлавияти сиёсати давлатии Русия қарор доранд”
Дар паи қабули тағйироти нав дар бархе манотиқи Русия намоишҳои эътирозӣ барпо шуд. Беш аз 120 фаъоли ҳуқуқ, сиёсатмадорону ҳуқуқшиносон ва мутахассисони соҳаи қонуни конститутсионӣ дар номае ба Шӯрои Аврупо хостанд, ки ин ниҳод хулосаҳои худро дар бораи қонуни нав бигӯяд ва ин қонунро хилоф бо меъёрҳои ҳуқуқӣ номиданд. Бархе фаъолони мухолифин аз мардуми Русия даъват карданд, ки дар раъйгирии рӯзи 22 апрел тағйирот ба конститутсияро рад кунанд.
Коршиносон мегӯянд, ҳадафи асосии Путин тамдиди қудрати худ то соли 2036 аст.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!