Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аврупо: Парвозҳо қатъ, мактабҳо таътил, ресторанҳо баста, дуконҳо холӣ мешаванд


13 март. Як беморхонаи Итолиё
13 март. Як беморхонаи Итолиё

Дар саросари ҷаҳон аксар кишварҳо барои муқобила бо паҳншавии коронавирус сафарбар шудаанд, дар ҳоле, ки Чин, ки сарчашмаи пайдоиши эпидемияи фарогир мебошад, дар бораи коҳиши ҳодисаҳои нави гирифторӣ ба ин вирус хабар дод.

Дар Зеландияи Нав рӯзи 14 март мақомот гуфтанд, ки ҳама мусофирони ба кишвар воридшаванда бояд дар хона дар карантини 14-рӯза қарор гиранд.

Нахуствазири ин кишвар Ҷасинда Ардерн дар изҳороте гуфт, ки шурӯъ аз 16 март, ба гуфтааш, шадидтарин тадбирҳои маҳдудкунандаи марзиро ҷорӣ мекунад. Зеландияи Нав гуфт, ки дар ин кишвар шаш ҳодисаи гирифторӣ ба коронавирус ба қайд гирифта шудааст ва ҳамаи онҳо хориҷиҳо мебошанд.

Бо афзоиши суръати паҳншавии вирус, даҳҳо кишвар зидди он аз тадбирҳои сахт кор мегиранд. Дар миёни ин тадбирҳо басташавии марзҳо, мактабу донишгоҳҳо, тиҷоратҳо, тарабхонаву маконҳои дигари ҷамъиятӣ мебошад. Дар ИМА Доналд Трамп аз 13 март ҳолати изтирорӣ ҷорӣ кард.

Дар ҳамин ҳол дар Чин суръати паҳншавии вирус башиддат коҳиш ёфтааст. Комиссиюни миллии беҳдошт рӯзи 14 март эълон кард, ки 13 ҳодисаи марг ва танҳо 11 ҳолати нави гирифторӣ ба вирусро ба қайд гирифтаанд ва ин ҳолатҳо марбут ба нафароне мебошанд, ки аз кишварҳои дигари мисли Итолиё олуда шуда омадаанд. Чин мегӯяд, ки дар ин кишвар беш аз 65 ҳазор нафар аз чанголи беморӣ халос шуданд.

Ин дар ҳолест, ки рӯзи 13 март дабири кулли Созмони ҷаҳонии беҳдошт гуфт, ки Аврупо “маркази вируси фарогир” шудааст. Шумори тамоми гирифторони вирус дар ҷаҳон аз марзи 132 ҳазор нафар убур кард, вале маркази таҳқиқоти коронавирус ба номи Ҷон Ҳопкинс гуфт, ки шумори воқеии гирифторони вирус 137,445 нафарро ташкил медиҳад.

Дар Ҷумҳурии Чех шаби 13 ба 14 март мақомот амр доданд, ки тамоми муассисаҳои тиҷоратӣ, ба ҷуз фурӯшгоҳҳои ғизову маводи тиббӣ ва дорухонаҳо ва инчунин нуқтаҳоии сӯзишворӣ баста шаванд. Ошхонаву тарабхонаҳо ҳам барои даҳ рӯз дарҳои худро мебанданд. Рӯзи 14 март мақомоти Ҷумҳурии Чех гуфтанд, ки дар ин кишвар шумори гирифторони вирус ба 10 нафар расид ва ду рӯз пеш аз ин мақомот дар саросари кишвар ҳолати изтирорӣ ҷорӣ карданд. Тамоми мактабу муассисаҳо ва дигар маконҳои тафреҳии ҷамъиятӣ баста шудаанд.

Дар миёни кишварҳои аврупоӣ бештар аз ҳама Итолиё осеб дида, танҳо дар як рӯзи гузашта дар ин ҷо беш аз 2500 нафари нави олуда ба вирус ба қайд гирифта шуд ва ҳодисаҳои марги инсонҳо бар асари ин вирус дар як рӯз рекордӣ шуда то 250 ҳолат расид. Дар маҷмӯъ, аз замони ошкоршавии нахустин беморон дар ин кишвар се ҳафта пеш, шумори олудашудаҳо 17600 нафар ва ҳолатҳои марг 1266 нафарро ташкил дод. Ҳукумати Итолиё тадбирҳои шадиди маҳдудкунандаро дар тамоми бахшҳо ҷорӣ кард.

Дар Испания ҳам дар як рӯзи гузашта ҳолатҳои нави гирифторӣ ба вирус якбора боло рафт ва мақомот дар чор шаҳр ба 60 ҳазор сокини маҳаллӣ амр доданд, ки худро дар инзиво қарор диҳанд. Дар Мадрид 2000 ҳолати олудашавӣ ва аксарашон дар хонаи парасторон ба қайд гирифта шудаанд.

Дар тамоми Аврупо ҳодисаҳои гирифторӣ ба беморӣ афзоиш меёбад.

Дар Фаронса рӯзи 13 март 800 ҳодисаи нав ба қайд гирифта шуд ва шумори умумии гирифторон ба 3600 нафар расид. Дар Бритониё шумори гирифторон аз 590 ба 798 нафар расид.

Дар Украина мақомот гуфтанд, ки аз 17 март тамоми парвозҳои ҳавопаймоҳоро қатъ мекунанд. Шаби гузашта мақомот вуруди хориҷиҳоро ба хоки Украина ба хотири ҷилавгирӣ аз паҳншавии вирус манъ карданд. Дар Украина рӯзи 13 март нахустин ҳодисаи марг бар асари коронавирус ба қайд гирифта шуд.

Дар ИМА шумори фавтидаҳо бар асари вирус ба 50 нафар баробар шуд. Ҳодисаҳои олудагӣ дар ин кишвар ба 1700 нафар расид ва ҳазорҳо мактабу муассисаҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ баста шуд. Президет Доналд Трамп гуфт, ки дар кишвар ҳолати изтирорӣ ҷорӣ ва 50 миллиард доллар маблағ барои ҳукуматҳои сатҳи федероливу маҳаллӣ барои муқобила бо паҳншавии вирус ихтисос мешавад.

Дар миёни нафароне, ки ба вируси нав гирифтор шудаанд, ҳамсари нахуствазири Канада, мушовири аршади раҳбари олии Эрон, як мақоми бразилиягӣ, ки бо Трамп мулоқот карда буд, узви кабинаи вазирони Австралия ҳам мебошанд, ки бо додситони кулли ИМА ва духтари Трамп Иванка дидор карда буд. Зери фишори матбуот президенти ИМА гуфт, ки базудӣ рафта худи ӯ ҳам аз санҷиши тиббӣ мегузарад.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG