Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узви “Гурӯҳи 24” дар Туркия аз боздошт раҳо шуд


Насимҷон Шариповро дар Туркия ду дафъа аст, ки боздошт ва озод мекунанд
Насимҷон Шариповро дар Туркия ду дафъа аст, ки боздошт ва озод мекунанд

Рӯзи 14 март баъди ду рӯзи боздошт мақомоти интизомии Туркия як фаъоли созмони дар Тоҷикистон мамнӯи “Гурӯҳи 24”-ро озод карданд. Дар изҳороти интернетии ин созмон сабабу ҷузъиёти боздошти дурӯзаи Насимҷон Шарипов шарҳ дода нашудааст ва танҳо гуфта шудааст, ки худи ӯ базудӣ дар ин бора иттило медиҳад. “Гурӯҳи 24”, ки бо қарори соли 2014-и Додгоҳи Олии Тоҷикистон мамнӯъ ва ифротӣ эълон шудааст, дар рӯй додани “ин моҷаро” ҳукумати Тоҷикистонро гунаҳгор медонад. Мақомоти Тоҷикистон то ҳол дар бораи ин қазия изҳори назар надоданд.

Насимҷон Шарипов рӯзи 12-уми март дар ҷойи кораш дастгир шуд.

“Гурӯҳи 24” бо нашри як баёнияи расмӣ дар вебсайташ хабар дод, ки “Насимҷон Шарипов дар Туркия ҳаққи паноҳандагӣ гирифта ва қонунӣ иқомат мекард.” Насимҷон Шариповро мақомоти Тоҷикистон ба ифротгароӣ ва узвият дар созмони экстремистӣ муттаҳам мекунанд. Худаш ин иддаоро рад кардааст.

Бори аввал нест, ки ин шаҳрванди Тоҷикистон дар Туркия дастгир мешавад. Ӯро моҳи марти соли 2018 ҳамроҳ бо Сӯҳроб Зафар, раҳбари “Гурӯҳи 24” бо дархости мақомоти Тоҷикистон дастгир карданд. Аввалӣ баъди андаке бештар аз ду моҳ ва дувумӣ пас аз 9 моҳ аз боздошт раҳо шуданд.

Мақомоти расмии Тоҷикистон он замон гуфтанд, ки дар воқеъ аз мақомоти Туркия дархости ҳабси ҳардуро талаб кардаанд.

“Гурӯҳи 24”, ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шуданд.

XS
SM
MD
LG