Раёсати ҷумҳури Афғонистон мегӯяд, фармони раҳоӣ ва афви зиндониёни Толибон ба хотири музокирот байни афғонҳо, аз сӯи Ашраф Ғанӣ шаби гузашта имзо шуд. Ашраф Ғанӣ рӯзи душанбеи 9-уми март ҳангоми адои савганди президентӣ гуфта буд, дар бораи озодии Толибон фармон содир мекунад. Оқои Ғанӣ қаблан гуфта буд, ки озод кардани Толибон пеш аз шурӯи музокираҳо имкон надорад.
Сиддиқ Сиддиқӣ, сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон шаби гузашта дар "Твиттер" навишт, ки ҷузъиёти фармон имрӯз (чаҳоршанбеи 11-уми март) дар ихтиёри расонаҳо қарор дода мешавад.
Сиддиқ Сиддиқӣ дар идомаи паёми твиттерии худ навиштааст, ки раванди раҳоии 1500 зиндонии Толибон аз маҳбаси Парвон воқеъ дар шимоли Кобул, аз рӯзи шанбеи 14-уми март оғоз мешавад.
Ба гуфтаи сухангӯи раёсати ҷумҳури Афғонистон, аз ин сана ба баъд ҳар рӯз 100 зиндонӣ бо дарназардошти умр, вазъи саломатӣ ва мӯҳлати боқимондаи адои ҷазо, раҳо мешаванд.
Аз сӯи дигар, Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Иёлати Муттаҳидаи Амрико барои сулҳи Афғонистон дар ҳисоби "Твиттер"-и худ навиштааст, ки Ашраф Ғанӣ фармони раҳоии 5 ҳазор зиндонии Толибонро имзо кардааст.
"Раиси ҷумҳур Ғанӣ имшаб фармон содир намуд, то 5000 зиндонии Толибон бар асоси феҳристе, ки Толибон ироа кардаанд, сар аз шанбе аз маҳбас озод шаванд. Толибон аз қабл тавофуқ намудаанд, ки то 1000 зиндонии ҷониби давлати Афғонистонро раҳо мекунанд",-омадааст дар паёми Залмай Халилзод.
Толибон тибқи созишномаи сулҳ барои оғози гуфтугӯҳои байнулафғонӣ, хостори раҳоии 5 ҳазор зиндонии ин гурӯҳ шудааст. Гурӯҳи Толибон гуфтааст, ки ҳазор зиндонии шомили нерӯҳои амниятӣ ва ғайринизомиёни афғонро низ раҳо мекунад.
Дар зиндонҳои Афғонистон шумори Толибони зиндонӣ 10 ҳазор нафарро ташкил медиҳад. Вале ҷангҷӯён гуфтанд, ки бархе боздоштшудаҳо дар асл ҷангҷӯи воқеии Толибон набуда, афроди ҳавохоҳ ҳастанд ваё онҳое мебошанд, ки барои гуноҳҳои дигарашон ҷазо гирифтаанд.
Баъди вуруди нерӯҳои ИМА ба Афғонистон дар охири соли 2001, чандин ҳодисаи табодул ваё озод шудани ҷангҷӯёни баландпояи зиндонӣ рух дод. Моҳи ноябри соли 2019 ба ивази се узви баландпояи Толибон ду гаравгони ғарбӣ аз зиндони ҷангҷӯён озод карда шуданд. Дар миёни онҳо, аз ҷумла, Анас Ҳаққонӣ, бародари хурдии Сироҷиддин Ҳаққонӣ, раҳбари шабакаи қудратманди Ҳаққонии вобаста ба Толибон низ буд.
Баъд аз он ки моҳи сентябри соли 2019 президент Доналд Трамп дар пайи афзоиши ҳамлаҳои Толибон ногаҳон музокираҳо бо ин гурӯҳро қатъ кард, табодули зиндониҳо ҳамчун талоши шурӯи билофосилаи музокираҳои сулҳи Амрико ва Толибон арзёбӣ шуд.
Соли 2014 панҷ узви аршади Толибон бар ивази сарбози амрикоӣ Воу Бергдал аз зиндони ҳарбии ИМА дар ҷазираи Гуантанамои Куба озод шуданд.
Соли 2013 собиқ президенти Афғонистон Ҳомид Карзай дар як изҳороти баҳсбарангезаш шумори Толибони зиндониро дар як маҳбаси собиқи амрикоиҳо дар Кобул фош кард ва ин амали ӯро ҳамчун талош барои шурӯи музокираҳои мустақими Кобул бо ҷангҷӯён арзёбӣ карданд.
Вале ин талош натиҷа надод ва Толибон барои нишастан сари мизи гуфтугӯ мутақоид нашуданд. Таҳлилгарон мегӯянд, бархе озодшудаҳо ба назди Толибон баргаштанд, мартабаву саҳми онҳо дар афзоиши низоъҳои харобиовари бештар боло рафт.
Корбарони азиз!
Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!