Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ савганди президентӣ ёд карданд


Presidential Palace in Kabul, September 21, 2014
Presidential Palace in Kabul, September 21, 2014

Имрӯз президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ барои даври дуюм савганд ёд кард. Фиристодаи Амрико дар Афғонистон Залмай Халилзод ва фармондеҳи нерӯҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва НАТО дар Афғонистон, генерал Скотт Миллер ва инчунин бисёре аз мансабдорони хориҷӣ дар маросими савгандёдкунии Ғанӣ ширкат варзиданд, ки аз ҷониби раиси адлияи Афғонистон роҳбарӣ шуд.

Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар маросими рақибонаи савганди раёсатҷумҳурӣ худро президенти Афғонистон эълон кард. Дар маросими савганди Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки таҳти сарварии рӯҳонӣ баргузор шуд, ягон дипломати баландпоя ба мушоҳида нарасидааст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ раиси иҷроияи ҳукумати эътилофӣ буд, ки бо сарпарастии Иёлоти Муттаҳида пас аз интихоботи пешинаи президентии соли 2014 ташкил шуда буд.

Маросими савгандёдкунии Ашраф Ғанӣ дар Арк -- Кохи раёсати ҷумҳурӣ бо ҳузури бархе аз сафирони хориҷӣ ва намояндагони ниҳодҳои байналмилалӣ баргузор шуд ва вай дар ҳузури Юсуф Ҳалим, раиси Додгоҳи олии ин кишвар, ба унвони президенти нав савганд ёд кард. Тибқи Қонуни асосии Афғонистон, иҷрои маросими савганд тавассути раиси Додгоҳ олӣ анҷом мешавад.

Дар маросими адои савганди Абдуллоҳ Абдуллоҳ, ки дар Кохи Сапедор -- коргоҳи раиси иҷроия баргузор шуд, сафирон ё намояндагони хориҷӣ ҳузур надоштанд. Ашраф Ғанӣ дар суханрониаш таъкид кард, ки "рисолати мо таъмини сулҳ ва поёни ҷанг дар Афғонистон аст ва афзуд, кори ҳайати феълии ҳукумати ваҳдати миллӣ то ду ҳафтаи дигар идома меёбад.

Дар ҷараёни суханронии оқои Ғанӣ шунидани садое, ки зоҳиран ба таркиш монанд буд, маросимро барои чанд лаҳза дучори халал кард. Хабаргузориҳо гуфтанд, ки маншаи ин садо таркиши як мушак будааст. Абдуллоҳ Абдуллоҳ дар суханрониаш дар Кохи Сапедор бори дигар натиҷаҳои интихоботро "тақаллубӣ" хонд ва гуфт, ин натиҷаро намепазирад.

Комиссияи марказии интихоботи Афғонистон рӯзи 18-уми феврал Ашраф Ғаниро барандаи интихоботи президентии моҳи сентябри соли 2019 эълон кард, аммо Абдуллоҳ Абдуллоҳ онро пуртақаллуб хонда, натиҷаро напазируфт ва эълон кард, ки "ҳукумати ҳамашумул" ташкил медиҳад.

Давоми чанд рӯзи ахир талошҳои сиёсӣ барои хатми ихтилофҳо миёни ин ду номзади пештози интихоботи президентии моҳи сентябри соли 2019 бенатиҷа буд. Аз шомгоҳи якшанбе хабарҳои мухталифе дар бораи миёнҷигарии Залмай Халилзод, намояндаи вижаи Амрико дар умури Афғонистон, байни Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ нашр шуд.

Фаридун Хузун, сухангӯи дастаи "Субот ва ҳамгироӣ" бо раҳбарии Абдуллоҳ Абдулоҳ шаби гузашта ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бо миёнҷигарии мақомоти амрикоӣ маросими савгандёдкунии Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ ба таъхир афтодааст.

Қаблан эълон шуда буд, ки ин маросимҳо соати 9-и субҳ баргузор мешаванд. Аммо баъдан масъулони ҳар ду тими интихоботӣ эълон карданд, ки маросими савгандёдкунӣ баъд аз зӯҳр баргузор мешавад.

Дар остонаи баргузории ин маросимҳо, дар шаҳри Кобул тадобири шадиди амниятӣ рӯи даст гирифта шуда буд ва ҷодаҳои асосӣ баста шуда буданд. Дар шаҳри Кобул рӯзи шанбе таътил эълон шудааст.

Натиҷаҳои ниҳоии интихоботи президентии Афғонистон 18-уми феврал пас аз ҳудуди панҷ моҳ эълон шуд ва Комиссияи мустақили интихобот Ашраф Ғаниро бо касби 50,64 дарсад баранда эълон кард. Комиссия орои Абдуллоҳ Абдуллоҳро 39,5 дарсад гуфт. Гулбиддин Ҳикматёр дар мақоми савум қарор гирифт.

Интихоботи президентии Афғонистон бо иштироки бемонанди хеле ками овоздиҳандагон ва ҷанҷолҳо миёни Ғанӣ ва Абдуллоҳ дар давоми маъракаи пешазинтихоботӣ гузаронида шуд. Аз 9 миллион овоздиҳанда 1.8 миллион нафар дар интихобот овоз доданд.

Гумонҳои қонуншиканиҳои зиёд дар интихоботи президентии соли 2014, боиси кашмакаши ҷиддӣ байни номзадҳои пештоз Абдуллоҳ Абдуллоҳ ва Ашраф Ғанӣ шуда буд. Дар ниҳоят ин бӯҳрон бо миёнҷигарии Амрико ва ташкили ҳукумати ваҳдати миллӣ ҳал шуд. Тибқи он тавофуқ, Ашраф Ғанӣ ба мақоми раиси ҷумҳур расид ва мақоми наве бо унвони раиси иҷроия барои Абдуллоҳ Абдуллоҳ таъсис дода шуд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG