Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Шикояте нест". Интихоботро шаффофу одилона, вале шубҳаовар номиданд


Интихоботи порлумонии Тоҷикистон. 1 март, 2020.
Интихоботи порлумонии Тоҷикистон. 1 март, 2020.

Эълони натиҷаҳои ибтидоии интихоботи порлумонии Тоҷикистон аз сӯи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии кишвар, вокунишҳои мухталиферо миёни аҳзоби сиёсӣ ва маҳофили коршиносӣ дар пай дошт.

Гурӯҳе мегӯяд, интихобот тавре аз қабл интизор доштанд, тақаллубкорона ва мухолиф бо меъёрҳои демократӣ сурат гирифт. Бархе аз доираҳо интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагонро шаффоф арзёбӣ мекунанд.

"Тақаллуби зиёд буд, ҷое шикоят намебарем"

Шокирҷон Ҳакимов, муовини аввали раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон гуфт, дар интихоботи рӯзи 1-уми март тақаллубкории зиёд сурат гирифт, вале дар баробари он ба ниҳоде шикоят бурданӣ нестанд. Ӯ дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ шарҳ дод, ки таҷрибаи интихоботҳои гузашта нишон медиҳад, ки шикоят бурдан фоидае надорад: "Зеро шикоятҳо ҷиддӣ гирифта намешаванд, мавриди баррасии одилона қарор намегиранд".

Ҳакимов таъкид намуд, ки мушоҳидони онҳо дар қитъаҳои раъйдиҳӣ аз таваҷҷӯҳи зиёди мардум ба номзадҳои ҲСДТ гузоришҳои дақиқ медоданд ва агар интихобот шаффоф мегузашт, ин ҳизб на камтар аз 20 дарсади раъйи мардумро соҳиб мешуд. "Барои он, ки болои намояндагони мо фишор наоранд, мо исми онҳоро расман пешниҳод накардем ва онҳо ғайрирасмӣ назорат мекарданд, мушоҳида мекарданд, ки дар қитъаҳои раъйдиҳӣ чӣ мегузарад".

Муовини аввали раиси ҲСДТ афзуд, ки изҳороти Раҳматулло Зоиров дар мавриди натиҷаҳои интихоботи рӯзи 1-уми март, ки "дар давоми дувоздаҳ соат се бор иваз шудааст", бар асоси гузоришҳои намояндагони ин ҳизб дар қитъаҳои раъйдиҳӣ ва оморҳои дақиқе сурат гирифтааст, ки дастрас намуданд.

Паём чист?

Зоҳиран, ғайр аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон 6 ҳизби дигар, ки намояндагонашон ба порлумон роҳ ёфтанд, ба натиҷаҳои интихобот эътирозӣ ҷиддӣ надоранд. Аммо дар доираи коршиносони мустақил нигарониҳо аз натиҷаҳои пешакии интихобот зиёд садо медиҳад.

Абдумалик Қодиров, коршиноси тоҷик мегӯяд, пайёми интихоботи рӯзи 1-уми март ба ҷомеа ин буд, ки ҳукумат ҳар касеро мехоҳад ба парлумон роҳ медиҳад ва ҳар номзаде, ки мухолифи ақидаи он аст, роҳ намеёбад.

Ҷаноби Қодиров рӯзи 3-юми март дар сӯҳбат ба Радиои Озодӣ гуфт, раъйи як қисми ҷомеа, ки воқеан ҳам ҷонибдорӣ ин ё он ҳизби мухолиф ҳастанд, ба ҳисоб гирифта нашуд. "Агар амиқтар таҳлил кунем, дар ояндаи наздик ҳеҷ як тағйироти куллиро барои пешрафти Тоҷикистон дида наметавонем".

Ин коршинос афзуд, тақрибан 15 дақиқа пеш аз анҷоми интихобот барои овоздиҳӣ рафт ва шоҳиди он шуд, ки дар рӯйхати интихобкунандагон зери номи 20-25 дарсад имзо ҳасту боқимонда холӣ аст. "Вале натиҷаҳое, ки КМИР эълон кард, гӯё мардум зиёд ширкат кардаанд, аз он шаҳодат медиҳад, ки натиҷаҳои интихобот на дар ҳавзаҳои интихоботӣ, балки дар дигар утоқҳо хулосабарорӣ карда шудаанд".

Абдумалик Қодиров гуфт, тахминҳое, ки аз қабл оид ба натиҷаҳои интихобот доштанд, дуруст баромад.

Бар асоси натиҷаҳои аввал, аз 63 курсии Маҷлиси Намояндагон 47 курсиро Ҳизби ҳокими халқии демократӣ соҳиб шудааст. Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ гуфт, онҳо аз як сол пеш барои интихоботи парлумонӣ омодагии ҷиддӣ доштанд ва бо гузаронидани чорабиниҳои ҳизбӣ ва барномаҳои дурусти пеш аз интихоботӣ, вориди рақобат шуданд.

Дар интихоботи рӯзи 1-уми март курсиҳои боқимондаи палатаи поёнии парлумонро намояндагони панҷ ҳизби дигар-Аграрӣ, Ислоҳоти иқтисодӣ, Комунистӣ, Сотсиалистӣ ва ҳизби Демократӣ, ки аз онҳо гоҳе ба унвони "ҳамкори ҳизби ҳоким" ном бурда мешавад, ба худ ихтисос доданд. Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон, ки ягона нерӯи мухолиф дар ин интихобот гуфта мешавад, садди 5-дарсадиро нагузашт ва натавонист вориди порлумон шавад.

"ҲСДТ бояд талошҳои бештар кунад"

Сиёсатшинос Рашид Ғанӣ Абдулло мегӯяд, ба эълони натиҷаҳои интихоботи пардумонӣ то андозае мувофиқ аст. Зеро ба қавли ӯ, имрӯз дар ҷомеа кадом нерӯе нест, ки бо Ҳизби ҳокими ҳалқии демократӣ рақобат карда тавонад ва чунин воқеият хоси дигар кишварҳои пасошӯравӣ низ аст.

Ҳамсӯҳбатамон дар посух ба ин пурсиш, ки ба кадом қисмати эълони натиҷаҳои интихобот розӣ шуда наметавонад, гуфт, "ба ин савол ба таври дигар мехоҳам посух диҳам, ки хуб мешуд Ҳизби сотсилат-демократи Тоҷикистон дар парлумон соҳиби ягон курсӣ мешуд, чун онҳо аксаран одамони донишманд, соҳибихтисос ва аз обрӯи кофӣ дар дохилу хориҷи кишвар бархӯрдоранд. Агар соҳиб мешуданд ба имиҷи Тоҷикистон як холи иловагӣ ҳамроҳ мешуд".

Рашид Ғанӣ Абдулло бар ин назар аст, ки ҷонибдорони ҲСДТ чандон зиёд нестанд ва ин ҳизб барои роҳ ёфтан ба парлумон бояд талошҳои бештар намояд. Дар ҳамин ҳол, коршиноси дигар Абдумалик Қодиров мегӯяд, ба назари ӯ, агар интихобот воқеан шаффоф мегузашт, ҲСДТ ба парлумон роҳ меёфт.

Гуфтугӯҳо аз тақаллубу қонуншиканӣ дар интихоботи парлумонӣ аз забони бархе коршиносони хориҷӣ низ садо медиҳад. Ин дар ҳолест, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон чунин иддаои коршиносонро дар мавриди қонуншиканиҳо дар рӯзи интихоботи якуми март беасос дониста, натиҷаҳои интихботро шаффоф арзёбӣ мекунад.

Фазои камранги интихобот

Фазои камранги интихоботи парлумонӣ низ мавриди гуфтугӯи огоҳони умур сурат гирифт. Иршод Сулаймонӣ, таҳлилгари тоҷик фазои интихоботии рӯзи якуми мартро камранг арзёбӣ карда афзуд, набуди рақобат миёни ҳизбҳо, заиф будани корзорҳои интихоботӣ аз сабабҳои бо чунин шакл сурат гирифтани интихобот мебошад.

Рӯзи 1-уми март қонуншиканиҳо, аз ҷумла раъй додани як нафар ба ҷойи чанд нафар дар наворҳое аз баъзе қитъаҳои овоздиҳӣ мунташир шуданд, аммо на Комиссияи марказии интихобот ва на Додситонии кулли Тоҷикистон ба онҳо вокуниш нишон надодааст.

Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд, намояндагони КМИР пойбанди ҳизби ҳоким буда, ҳузур надоштани намояндагони аҳзоби сиёсӣ замони шумориши раъйи мардум, шаффофияти натиҷаҳои интихоботро бештар зери савол мегузорад.

Абдураҳмон Хонов, раиси дастгоҳи Кумитаи иҷроияи марказии ҲХДТ ба Радиои Озодӣ гуфт, ба назари онҳо натиҷаи интихобот шаффоф мебошад. Ӯ таъкид намуд, ки беш аз 50 дарсади раъй мардумро ба даст оварданд, ҳарчанд интизор доштанд беш аз 80 дарсади раъйро соҳиб мешаванд.

Нозирони кишварҳои пасошӯравӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи дувуми март гуфтанд, интихоботи порлумонии рӯзи якшанбе "демократӣ буд". Аммо то кунун кишварҳои ғарбӣ ба интихоботҳои Тоҷикистон баҳои мусбат надода, онро пайваста олуда ба тақаллуб хондаанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!

XS
SM
MD
LG