Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин интихобот бе ҳузури мухолифони умдаи давлат


Раъйдиҳӣ дар шаҳри Бохтар.
Раъйдиҳӣ дар шаҳри Бохтар.

Дар интихоботи порлумонии Тоҷикистон, ки соати 6 бомдод шуруъ шуд, ба гуфтаи Комиссияи марказии интихобот то соати 12 бештар аз 47 дар сади мардум ширкат кардаанд.

Хабаргузории давлатии “Ховар” аз қавли намояндагони комиссия, навишт, ки то ин соат бештар аз 2 миллиону 300 ҳазор нафар ба раъйдиҳӣ омадаанд. Интихоботи вакилони Маҷлиси намояндагон дар соли 2020 нахустин интихоботе аст, ки баъди ғайриқонунӣ эълон шудани Ҳизби наҳзати исломӣ дар соли 2015 ва бе ҳузури ин ҳизби умдаи мухолифи давлат баргузор мешавад.

Аксарият интизор доранд, ки Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон ҳизби ҳоким ба раҳбарии раиси ҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон аксарияти 63 курсии Маҷлиси намояндагонро соҳиб мешавад. Эмомалӣ Раҳмон, ки аз соли 1992 ҳукумат дар Тоҷикистонро дар даст дорад, дар шаҳри Душанбе раъй дод.

Дар интихобот шаш ҳизби хурди дигар аз ҷумла ҳизби мухолифи Сотсиал-демократии Тоҷикистон ширкат мекунанд. Ин ҳизб ба сабаби надоштани пули кофӣ, маҷбур шуд, аз феҳрасти ҳизбӣ на 8, балки 6 нафарро ба мақоми номзад ба вакилӣ дар Маҷлиси намояндагон пешниҳод кунад. Гаравпулии интихоботӣ тақрибан 600 долларро ташкил медиҳад.

Ҳизби сотсиал-демократ ба раҳбарии Раҳматулло Зойиров, сиёсатмадори шинохта дар интихоботҳои гузашта натавонистааст, садди 5 дар саддиро убур карда, ба порлумон роҳ ёбад. Ҳизб мегӯяд, ки интихоботҳо шаффофу одилона сурат нагирифтаанд ва вакилонашро ба порлумон роҳ надодаанд.

Нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо гуфтаанд, ки ҳеҷ яке аз интихоботҳои Тоҷикистон шаффофу одилона ва мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ сурат нагирифтаанд. Таққалубкорӣ, аз ҷумла раъйдиҳии оилавӣ, пур кардани қуттиҳои раъй ва шумориши нодурусти раъйи мардум дар тамоми интихоботҳои гузашта вуҷуд доштааст.

Танқид барои саркӯби мухолифон

Ҳукумати Тоҷикистонро чанд соли ахир барои саркӯби мухолифон ва мунтақидону дигарандешон пайваста танқид мекунанд. Ҳукумат соли 2014 Гуруҳи 24, як созмони мухолифро ифротгаро эълон кард ва фаъолияташро манъ намуд. Як сол баъд дар соли 2015 Ҳизби наҳзати исломиро ҳам созмони террористӣ эълон карданд. Ҳизб баъд аз он созмони террористӣ эълон шуд, ки дар интихоботи порлумонии ҳамон сол ду курсиеро, ки дар Маҷлиси намояндагон дошт, аз даст дод. Ҳарду гуруҳ мегӯянд, ки ин иддаоҳо беасосанд.

Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ва дигар гуруҳҳои мухолифи давлат, ки дар хориҷ аз Тоҷикистон ҳастанд, аз тарафдоронашон хостаанд, ки ба Ҳизби сотсиал-демократ раъй бидиҳанд. Ӯ рӯзи 27-уми феврал дар мусоҳиба бо Радиои Озодӣ гуфт: “ Агарчӣ ҳама медонем, ҳам мо, ҳам Ҳизби сотсиал-демократ, ки ин интихобот шаффоф намегузарад, мо як равзанаи кӯчакро хостем истифода кунем, барои онки мардумро боз баргардонем ба ин фикр, ки ягона роҳи мусолиҳатомези тағйири вазъият ин бояд аз тариқи интихоботҳо бошад. Агарчӣ интихоботҳо ғайридемократӣ мегузаранд, мо бояд камтарин имкониятро ҳам истифода барем. “

Порлумони Тоҷикистонро, ки бар асоси қонун шохаи мустақили ҳокимият бояд бошад, як ниҳоди фармонбардори ҳукумати иҷроия медонанд. Ба гуфтаи Коммиссияи марказии Интихобот 241 номзад ба вакилӣ дар интихобот ширкат мекунанд. Чиҳилу як вакил аз ҳавзаи якмандатӣ ва 22 курсии дигар бар асоси феҳрасти ҳизбӣ ба Маҷлиси намояндагон шомил мешаванд.

Дар ҳавзаҳои якмандатӣ номзад ба вакилӣ набояд камтар аз 50 дар сади раъйи мардумро ба даст орад, дар акси ҳол интихобот ба даври дуввум кашида мешавад. Дар Тоҷикистон ба гуфтаи Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ бештар аз 4 миллиону 700 ҳазор мардум бархурдор аз ҳаққи раъй сабти ном шудаанд ва муҳоҷирони корӣ ҳам дар ин феҳраст ҳастанд.

Бекории зиёд сабаб шудааст, ки мардуми зиёде барои кор ба Русия бираванд. Ба гуфтаи хабарнигори Радиои Озодӣ дар Маскав, рӯзи интихобот 11 автобус муҳоҷирони тоҷикро ба назди сафорати Тоҷикистон дар пойтахти Руси овард. Навбати дарозе муҳоҷирон дар назди сафорат мушоҳида мешуд, гуфтугуи хабарнигори Радиои Озодӣ бо чанде аз онҳо нишон дод, ки зоҳиран иттиллое дар бораи интихобот ва ё номзадҳо надоранд.

Сафорати Тоҷикистон дар Маскав гуфт, ки дар Русия барои муҳоҷирон 5 маркази раъйдиҳӣ боз кардаанд. Натиҷаҳои интихобот дар сурате қонунӣ ба ҳисоб мераванд, ки 50 дар сади мардум дар раъйдиҳӣ ширкат кунанд. Дар сурати камтар ҳузури аз ин камтар, интихоботи дигарбора сурат мегирад, вале дар интихоботҳои гузашта мақомот ҳамеша аз ҳузури васеи раъйдиҳандагон дар ин корзори сиёсӣ эълон додаанд.

XS
SM
MD
LG