Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

HRW гуфт, Далер Шарифов бо иттиҳоми бепоя боздошт шудааст. ВИДЕО


Далер Шарифов
Далер Шарифов

Созмони дидбони ҳуқуқи башар ё Human Rights Watch бо нашри изҳороте рӯзи 21 феврал гуфт, ки мақомоти Тоҷикистон журналисти маъруфро, “зоҳиран, барои навиштаҳояш боздошт карданд”. Далер Шарифов, ки рӯзи 28 январ дастгир шуд, аз ҷониби мақомот дар "барангехтани кинаву адовати динӣ" гумонбар шуда бо қарори додгоҳ ба мӯҳлати ду моҳ ба ҳабс гирифта шудааст. Наздикони Далер Шарифов мегӯянд, ки ӯ ҳеҷ гуноҳе накардааст ва зоҳиран китоби навиштааш дар бораи масоили ислом ва терроризм баҳонаи аслии боздошти ӯ шудааст.

“Мақомоти тоҷик дар амри озод кардани Шарифов бояд билофосила иқдом кунанд ва нагузоранд, ки ӯ дар боздоштгоҳ мавриди бадрафторӣ қарор бигирад”, навиштааст Human Rights Watch. Ню Виллиамсон, раҳбари барномаҳои Аврупо ва Осиёи Марказии ин созмон мегӯяд, “Далер Шарифов дар миёни шумори хеле ками журналистони мустақили Тоҷикистон аст, ки озодона назари худро баён мекард”. Ӯ афзуд, “Мақомоти тоҷик бояд билофосила иттиҳомоти сохта нисбати ӯро бекор ва худи ӯро озод кунанд”.

Ин созмон мегӯяд, ки баъди соли 2015 дар Тоҷикистон саркӯби озодиҳои башарӣ мушоҳида шуд ва мақомот, ба навиштаи Human Rights Watch, “150 нафарро бо иттиҳоме, ки дорои ангезаҳои сиёсӣ мебошанд, зиндонӣ карданд”.

Дар гузашта мақомот ба ингуна интиқодҳои созмонҳои ҳомии ҳуқуқ посух дода гуфтаанд, ки “дар Тоҷикистон ҳеҷ нафаре барои ақидаҳои сиёсӣ зиндонӣ нашудааст” ва онҳое, ки пушти панҷара ҳастанд, “барои нақзи кодекси ҷиноӣ” ҳукм гирифтаанд.

Қаблан дигар созмонҳои ҳомии ҳуқуқ - Афви Байналмилал, Ҳамкории Байналмилалӣ Барои Ҳуқуқи Инсон, Кумитаи Норвегии Ҳелсинки, Кумитаи дифоъ аз хабарнигорон ҳам хостори озодии Далер Шарифов шуданд.

Вале дар изҳороти рӯзи 1 феврали додситонии кулли Тоҷикистон, ки баъдан Додгоҳҳои ноҳияи Исмоили Сомонӣ ва шаҳри Душанбе бо такя ба он ҳукм карданд, гуфта шуд, Шарифов ба нашри "200 матлабу мақола"-и ба қавли мақомот "дорои мазмуну муҳтавои экстремистӣ", ки "ба барангехтани кинаву адовати динӣ-мазҳабӣ ва тарғиби бартарии як қисми шаҳрвандон нисбат ба қисмати дигар аз нигоҳи мансубияти динӣ равона шудаанд", муттаҳам мешавад. Ба гуфтаи додситонӣ, ин мақолаҳо аз соли 2013 то 2019 нашр шудаанд. Кумитаи дини Тоҷикистон ҳам рӯзи 5 феврал гуфт, ки навиштаҳои Шарифов “дар истеҳсоли кумита” қарор доранд ва баъд аз ташхис натиҷаи он гуфта мешавад.

Кумитаи дин парвандаи хабарнигор ва "Ихвон-ул-муслимин"-ро шарҳ дод
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:31 0:00


Бахтиёр Шарифов: Волидон дирӯз бо Далер дидор карданд

Бахтиёр Шарифов бародари Далер Шарифови 32-сола аст. Дар як тамоси телефонӣ Бахтиёр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар давоми камтар аз як моҳе, ки Далер дар боздошт аст, волидону ҳамсараш тавонистанд дар маҷмӯъ бо ӯ чор дафъа дидор кунанд. Бори охир, ба гуфтаи Бахтиёр Шарифов, мулоқоти волидон ва ҳамсару фарзанди дусолааш бо Далер рӯзи 21 феврал дар боздоштгоҳи КДАМ сурат гирифт. Бахтиёр Шарифов гуфт, ки Далер аз чизе шикоят накард, гуфт, ки тафтиш идома дорад. Ба гуфтаи ӯ, суолҳое, ки муфаттишон медиҳанд, бештар марбут ба китоби навиштаи ӯ мебошад.

Бахтиёр Шарифов гуфт, Далер аз шароити нигаҳдошт ё эҳтимоли бадрафторӣ шикоят накардааст. “Ғизову либосаршро сари вақт мебарем, вале ӯ гуфтааст, ки хеле зиёд наоред, ҳамааш хуб аст”.

Бахтиёр гуфт, ки овозаҳо дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар бораи якбора бад шудани саломатии Далер Шарифов ва гӯё дарди дил шуданаш ҳақиқат надорад.

Далер Шарифов як сокини шаҳри Ваҳдат, воқеъ дар шарқи шаҳри Душанбе буда, то чанд соли пеш дар як фурӯшгоҳи марказии китобфурӯшӣ дар Душанбе кор мекард. Вале исми ӯ қабл аз ин ба унвони журналисти ҳафтаномаи “Озодагон” шинохта шуд, ки ба ин ҷо баъди таҷрибаи корӣ дар телевизиони "Сафина" омад. Ӯро инчунин ҳамчун як блогнавис ва журналисти мустақиле бо назару андешаҳои интиқодӣ мешинохтанд. Оиладор, падари ду фарзанди дусолаву даҳмоҳа аст.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
  • Акси 16x9

    Радиои Озодӣ

    Радиои Озодӣ ахбореро нашр ва масъалаҳоеро инъикос мекунад, ки дар расонаҳои давлатии Тоҷикистон намебинед ва ё расонаҳои дигар аз инъикоси онҳо худдорӣ меварзанд. Мо ба мардум хабарҳои саривақтӣ ва санҷидашударо мерасонем ва гузоришҳои таҳлилӣ, мусоҳибаҳои ҷолибро бо сиёсатмадорон ва афроди хабарсоз пешкаш мекунем.

XS
SM
MD
LG