Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

“Мо хато кардем”. Эътирофи нодири баъди кушторҳои Андиҷон дар Узбекистон


Андиҷон, моҳи маи соли 2005. Маросими дафни қурбониён
Андиҷон, моҳи маи соли 2005. Маросими дафни қурбониён

Субҳи 13 маи соли 2005 гурӯҳе аз мардони мусаллаҳ, ки чанд нафарашон ахиран аз як зиндон фирор намуданд, ба шаҳри шарқии Андиҷони Узбекистон ҳуҷум карданд. Онҳо бархе мақомоти давлатиро кушта бархе дигарро гаравгон гирифтанд. Ин дар ҳоле буд, ки чанд рӯз пеш аз ин дар Андиҷон садҳо сокини маҳаллӣ як намоиши эътирозии сулҳомез барпо мекарданд. Базудӣ беназмӣ рух дод ва гурӯҳи мусаллаҳ, эътирозгарон ва сокинони ҳайрони дигари мулкӣ бо ҳам омехта шуданд.

Чанд ҳафта пеш аз ин раҳбарони Осиёи Марказӣ бо нигаронии амиқ аз таҳаввулоти ахири Қирғизистон ва саҳнаи дар паи як инқилоби мардумии моҳи март аз қудрат барканор шудани президенти ин кишвар Аскар Оқоев мушоҳида мекарданд.

Мақомоти Узбекистон бо раҳбарии президенти вақт Ислом Каримов, ки ҳеҷ намехостанд чунин ҳодисаҳо дар ин кишвар ҳам такрор шаванд, аз низомиён хостанд, ки тартибу интизомро дар кишвар таъмин кунанд. Ҳама чиз ба хун оғушта шуд.

Мақомоти Узбекистон гуфтанд, ки дар он ҳодисаҳо 187 нафар, асосан сарбозону эътирозгарон кушта шуданд. Додситонии кулл гуфт, ки кушташудаҳо дар миёни афроди мулкӣ, ки ҳамон эътирозгарон буданд, 60 нафарро ташкил доданд.

Вале ба ҳисоби шоҳидони айнӣ дар ин ҳодисаҳо шумори ба маротиб бештари мардум кушта шуданд. Бархе дар бораи то 1000 нафари кушташуда гузориш доданд. Бархе гузоришгарҳо бо ишора ба пайдо шудани гӯрҳои дастаҷамъӣ ва ҳам ҷасадҳое, ки барои хоксупорӣ ба Русия фиристода шуданд, гуфтанд, ки шумори қурбониҳо хеле зиёдтар аз омори расмӣ буд. Ҳама гуна даъватҳо барои баргузории таҳқиқоти байналмилалӣ рад шуд.

Ногуфтаҳо

Мақомоти Узбекистон саҳифаҳои китоби рӯйдодҳои Андиҷонро солҳо пеш пӯшиданду ҳеҷ гоҳ дигар дар бораи ин хушунатҳо лаб накушоданд. Вале ахиран як шахсе, ки аз ӯ ҳеҷ интизор надоштанд, мавзӯи Андиҷонро ёдовар шуда, эътироф кард, ки "иштибоҳҳо" вуҷуд дошт. Ин шахс муовини додситони кулли Узбекистон Светлана Ортиқова аст, ки рӯзи 7 феврал мусоҳибааш бо оҷонсии Qalampir нашр шуд.


Ортиқова, ки дар таҳқиқи хушунатҳои Андиҷон иштирок кардааст, гуфт, рӯзи 13 маи соли 2005 дар ин шаҳр одамони “бегуноҳ” кушта шуданд. Ин аввалин чунин баёнияи як мақоми давлатии Узбекистон аст. Ӯ гуфтааст:

“Муошират хеле бад буд, афсари фармондиҳанда он лаҳзаҳо ё амрҳоро дуруст намешунид ё онҳоро нодуруст мефаҳмид; ҳеҷ омодагии дурусте набуд... мо ба хатоҳо роҳ додем”.

Ортиқова бидуни бурдани номи касе гуфт, ки бархе ходимони низомии масъул дар кушторҳои ҷамъӣ зиндонӣ шуданд ва “баъди хатми мӯҳлати зиндонашон ба зиндагии маъмулӣ идома доданд”.

Сенатор Светлана Ортиқова
Сенатор Светлана Ортиқова


Ба саволи ин ки чаро ӯ ин хабарро ҳамин ҳоло ошкор мекунад, Артиқова гуфт, ки Узбекистон баъди даргузашти Ислом Каримов дар се соли пеш тағйир ёфт ва Шавкат Мирзиёев президент шуд.

“Он давраҳо Узбекистон як кишвари баста буд”, гуфт Ортиқова. “Ҳоло ин як Узбекистони нав аст. Ҳоло шеваи сиёсат нав шудааст. Ҳоло иродаи сиёсӣ ҳам нав аст”.

Вале Ортиқова дар ин мусоҳибааш дар бораи ҳодисаҳои Андиҷон иттилои аз ин беш надод. Худи ҳамин ҳам муҳим аст, ки баъди ин қадар сол маҳз ӯ ин мавзӯъро матраҳ кард.

Ортиқова аз замони шӯравӣ дар сохторҳои прокуратураи Узбекистон кор мекунад. Корро аз додситонии шаҳри Намангон сар кардааст, ки дар ҳамсоягӣ бо Андиҷон ҷойгир аст. Узви парлумони Узбекистон буд ва пеш аз таъин шуданаш ба мақоми муовини додситони кулл, ба ҳайси муовини раиси Сенат – палатаи болоии парлумони Узбекистон ифои вазифа кардааст.

Моҳи маи соли 2005 Ортиқова дар мақоми сухангӯи додситонии кулли Узбекистон кор мекард. Дар ин мақом ӯ чандин бор дар бораи он чи ки дар Андиҷон гузашт ва шахсоне, ки дар ин ҳодиса масъул дониста мешаванд, изҳороти мухталиф додааст. Аз ҳамин хотир ҳам намешавад ҳарфҳои ӯро ба унвони як изҳороти беэҳтиёти як бюрократ арзёбӣ шавад.

Иродаи нав?

Изҳороти ахири Ортиқова дар бораи он ки дар ҳукумати Узбекистон дар заминаи шарҳи ҳаводиси Андиҷон бархӯрди тозае ба миён омадааст, дар ҳайрат гузошт. Дар робита бо ҳаводиси Андиҷон ҳанӯз ҳам пурсишҳо зиёд аст.

Созмонҳои ҳомии ҳуқуқи башар, ки давоми солҳои зиёд ба баргузории таҳқиқоти мустақили наве дар бораи ҳодисаҳои хунини Андиҷон даъват мекарданд, мегӯянд, ки бисёр сокинон ҳамоно аз натиҷаҳои таҳқиқоти ҳодисаҳои Андиҷон изҳори ноқаноатмандӣ мекунанд.

Ортиқова гуфт, ки ин мусоҳибааш бахше аз таҳқиқот мебошад.

Бо ин ки Каримов соли 2016 даргузашт, ҳамоно бисёр мақомдорони он солҳо дар қайди ҳаёт ҳастанд.

Зокир Олматов. Акс аз соли 2004
Зокир Олматов. Акс аз соли 2004


Зокир Олматов моҳи майи соли 2005 вазири умури дохилии Узбекистон буд. Бисёриҳо барои амалкарди нирӯҳо дар Андиҷон ӯро гунаҳгор медонанд. Олматов баъди чанд моҳи он ҳодисаҳо бо сабабҳои сиҳҳатӣ аз кор канор рафт, вале соли 2018 дубора дар мақоми мушовири вазири дохилӣ аз худ дарак дод. Рустам Иноятов он замон раҳбари Хадамоти амнияти давлатӣ буд. Ӯ январи соли 2018 аз вазифа барканор шуд ва ҳоло, дар синни 75-солагӣ, дар ҳолати ниманафақа ба сар мебарад. Дар мақоми нахуствазирӣ он замон Шавкат Мирзиёев ифои вазифа мекард ва ҳоло ӯ президенти кишвар аст.

Ҳоло ба назар мерасад, ки Ортиқова дари баҳсу баррасиҳои ҳаводиси Андиҷонро боз мекунад. Вале гумон аст, ки мақомдорони дигар ҳам барои арзи ҳақиқати ҳодисаҳои 15 соли пеш омода бошанд.

Корбарони азиз!

Ҳангоми навиштани шарҳ аз истифодаи таҳқиру тӯҳмат нисбат ба якдигар, намояндагони қавму миллатҳо ва динҳои гуногун худдорӣ кунед. Шарҳҳое, ки дорои туҳмату таҳқир, дашном ва иттилооти дурӯғанд ё гурӯҳеро таблиғ мекунанд, нашр карда намешаванд!
XS
SM
MD
LG