Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

ВКХ изҳороти Навҷувоновро дар бораи марз "назари шахсии ӯ" хонд


Абдулло Навҷувонов, сардори раёсати ВКД дар Суғд.
Абдулло Навҷувонов, сардори раёсати ВКД дар Суғд.

Вазири умури хориҷии Тоҷикистон гуфт, изҳороти генерал Абдулло Навҷувонов роҷеъ ба масоили марзӣ бо Қирғизистон, танҳо "фикри шахсии ӯст" ва назари расмӣ ба шумор намеравад.

Абдулло Навҷувонов, сардори Раёсати умури дохилӣ дар Суғд дар нишасти хабарии рӯзи 12-уми феврал дар Хуҷанд ба масъалаи муноқишаҳо дар марз бо Қирғизистон дахл кард ва гуфт, "агар таърихро варақгардон кунем, дар гузашта Бодканд ҳеч гоҳ замини қирғизҳо набуд. Гузаштагони тоҷикон қирғизҳоро ба Бодканд оварданду замин доданд ва имрӯз ин барои ҷониби Тоҷикистон мушкилофар шуд".

Ин изҳороти генерали тоҷик вокунишҳои ҷониби Қирғизистонро дар пай дошт.

Сироҷиддин Мӯҳриддин, вазири умури хориҷии Тоҷикистон рӯзи 18-уми феврал зимни нишасти хабарӣ дар Душанбе дар посух ба суоли Радиои Озодӣ гуфт, ин суханони генерал Навҷувонов дар нишастҳои расмӣ садо надодааст ва бинобар ҳамин, назари расмӣ ба шумор намеравад. Ӯ айни замон таъкид кард, ки "ибрози назари генерали тоҷик бояд аз сӯи таърихнигорон ва бостоншиносон дақиқ карда шавад".

Дар пайи изҳори назари Абдулло Навҷувонов, Вазорати умури хориҷии Қирғизистон бо норизоиятӣ аз суханони генерали тоҷик рӯзи 14-уми феврал сафири Тоҷикистон дар Бишкек Назирмад Ализодаро ба ин ниҳод даъват кард. Мақомоти Қирғизистон гуфтаанд, умедворанд Душанбе ба ин масъала вокуниши муносиб мекунад ва дигар ин иттифоқ такрор намешавад.

Абдукарим Олимбоев, сардори ситод ва муовини аввали раиси Хадамоти марзбонии Қирғизистон ҳам рӯзи 15-уми феврал ба расонаҳои кишвараш гуфт, "Бодканд ҳеч гоҳ аз тоҷикон набуд ва нахоҳад шуд. Бодканд аз аввал замини қирғизҳо буд ва аз қадим боз мардуми қирғиз дар онҷо зиндагӣ мекунанд".

Марзи Тоҷикистону Қирғизистон 976 километрро ташкил медиҳад, ки аз он танҳо 60 дарсадаш муайян ва аломатгузорӣ шудааст. Миёни ду кишвар тақрибан ҳафтод минтақаи баҳсӣ ва муайяннашудаи марзӣ мондааст.

Муайян набудани хатти марз борҳо боиси сар задани муноқиша миёни шаҳрвандони ду кишвар ва бахусус байни Исфараи Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон шудааст.

XS
SM
MD
LG