Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аз хонасозиҳои баҳсбарангез дар Кӯлобу Душанбе то паланги барфӣ. Озодӣ Онлайн. ВИДЕО


Дар барномаи имрӯзи "Озодӣ Онлайн" аввал дар бораи хонасозиҳои баҳсбарангез дар Кӯлобу Душанбе суҳбат мекунем ва сипас видеои паланги барфиро мебинем, ки сокинони як деҳаи Ванҷ онро доштаанд. Дар барнома бубинед, ки бо ин ҷонвар чӣ кардаанд.

Раиси шаҳри Кӯлоб ҳафтаи гузашта дар нишасти хабарӣ асабонӣ дар бораи молиёти напардохтаи ширкати “Комил-2010” суҳбат кард, ки бино ба гузоришҳо ба писари Бег Сабур, раиси Хадамоти алоқа тааллуқ дорад. Баҳром Иноятзода гуфт: “Бег Сабур зиёда аз чаҳор миллион сомонӣ аз андоз қарздор аст ва ягон зарра пулро намедиҳад. Бас аст. Як Хоҷа Аҳрори Валӣ пайдо шудааст."

Гузориши Радиои Озодӣ дар ин бора баҳси зиёдеро дар Фейсбук ва саҳифаи мо барангехт. Корбаре бо номи Анӯшер бо танқиди Кумитаи андоз гуфтааст, “50 сомонӣ қарздор мешавем, нерӯи барқи моро хомӯш мекунед. Дар маршировка як рӯз рақс намекунем, аз донишгоҳ хориҷ мекунед. Ин мард ин қадар қарздор аст, аз хоб хезед Кумитаи андоз.”

Корбари дигаре бо номи “Муҳоҷир” гуфтааст: “То ин вақт куҷо будед? Як деҳқони бечораро, ки 2000 сомонӣ қарздор аст, ба ҷону ҳолаш намондед, бечора як гӯсолаи худро фурӯхт, ки молиёт пардозад. Зӯри Шумо танҳо ба ҷамоат мерасад.”

"Ҳамааш фиреби мардум аст... коре карда наметавонед"
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:49 0:00

Шараф Аҳмедов дар Фейсбук гуфтааст, шаҳрдори Кӯлоб вонамуд мекунад, ки аз ширкати “Комил-2010” молиёт талаб дорад. Ӯ навиштааст: “Ҳамааш фиреби мардум аст, як тин намедиҳад ва ягон кор карда наметавонед. Супорид мегӯед, аммо дар асл намесупорад.”

Шумо ҳам назару андешае доред, метавонед, бинависед дар вебсайти Радиои Озодӣ ва ё саҳифаи Радиои Озодӣ дар Фейсбук.

Дар барнома видеоро мебинед, ки рӯзи 10-уми феврал дар як деҳаи Водхуди ноҳияи Ванҷ бардоштаанд ва баёнгари тангтар шудани муҳити зисти паланги барфӣ, як ҷонвари нодирест, ки дар Тоҷикистон кам мондааст. Видеоро Наврӯзбек Аҳёров, сокини деҳа бардоштааст ва мегӯяд, палангро чанд рӯз пеш дар як чарогоҳ дастгир кардаанд.

Баръакси ҳодисаҳои пешина ин паланг ба ҳайвоноти хонагии мардум зиён нарасонидааст. Шикори зиёди оҳу ва дигар ҷонварон, ки тӯъмаи паланги барфӣ аст, сабаби ба деҳаву ҳайвоноти мардум рӯ овардани ин ҷонварон шудааст. Дар Тоҷикистон тақрибан 300 паланги барфӣ мондааст ва барои шикору куштани он ҷазо медиҳанд.

Барномаро дар Ютюб бинед:

Шумо ҳам видеои ҷолибе агар доред бифристед. Вайберу Вотсапу Имо ва Телеграм дорем. То дидор дар барномаи дигар.

XS
SM
MD
LG