Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ гуфтааст, аъзои Ҳизби наҳзат ғайриқонунӣ дастгир шудаанд


Як гуруҳи ҳуқуқшиносони Созмони Милал баъди таҳқиқи парвандаҳои 11 узви Ҳизби мамнуи наҳзати исломӣ ба ин натиҷа расидаанд, ки ҳукумати Тоҷикистон бар хилофи уҳдадориҳои байналмилалиаш дар бораи ҳуқуқи инсон онҳоро дастгир кардааст. Дар хулосаи Гуруҳи кории таҳқиқи боздоштҳои худсарона, ки рӯзи 11-уми феврал дастраси матбуот шуд, омадааст, “Возеҳ аст, ки ангезаҳо барои боздошт ва зиндонӣ кардани 11 узви Ҳизби наҳзати исломӣ дар воқеъ истифодаи онҳо аз ҳаққашон барои озодии баён ва озодии гирдиҳамоӣ будааст.” СММ аз ҳукумат хостааст, ҳамаи 11 зиндониро озод кунад.

Саидумар Ҳусайнӣ, Муҳаммадалӣ Файзмуҳаммад, Раҳматуллои Раҷаб, Зубайдуллои Розиқ, Воҳидхон Қосиддинов, Қиёмиддин Авазов, Абдуқаҳҳор Давлатов, Ҳикматулло Сайфуллозода, Саъдиддин Рустамов, Муҳаммадшариф Набиев, Абдусамад Ғайратов, ки аксаран узви раёсати ҳизб ҳастанд, соли 2015 дастгир шуданд.

Онҳоро ба даст доштан дар ошӯби мусаллаҳонаи нофарҷом ба раҳбарии Абдуҳалим Назарзода муттаҳам мекунанд, ки моҳи сентябри он сол сурат гирифт ва даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Ҳамаи ин афрод соли 2016 бо гуноҳи терроризм ва дигар ҷиноятҳои сангин ба солҳои тулонии зиндон маҳкум шуданд.

Додситонӣ гуфт, ки ошӯбро Ҳизби наҳзат тарҳрезӣ ва ҳидоят кардааст. Баъди ин Додгоҳи олӣ ҳизбро, ки яке аз ташаккулҳои мухолифи давлат ба ҳисоб мерафт, созмони террористӣ эълон кард ва фаъолияташро манъ кард. Раҳбарони ҳизб иддаоҳоро рад карда ва гуфтаанд, ки ошӯб баҳонае барои аз байн бурдани ҳизби мухолиф аз саҳнаи сиёсӣ буд. Ҳукумат пайваста гуфтааст, ки аъзои ҳизби наҳзат барои ҷиноятҳои мушаххас ҷазо гирифтаанд.

Хулосаро гуруҳи Созмони Милал моҳи ноябри соли 2019 содир карда ва барои ошноӣ ва посух ба ҳукумати Тоҷикистон фиристодааст.

XS
SM
MD
LG